مسألة № 02070

Ман як бандаи қарздор ҳастам, дар умум як миллион рубл қарз дорам. Бо падару бародарам дар Русия кор мекунем. Моҳи Рамазон омада истодааст, агар рўза дорам, кор карда наметавонам, агар кор кунам, рўза дошта наметавонам...

مسألة:

Ассалому алайкум. Ман як бандаи қарздор ҳастам, дар умум як миллион рубл қарз дорам. Бо падару бародарам дар Русия кор мекунем. Моҳи Рамазон омада истодааст, агар рўза дорам, кор карда наметавонам, агар кор кунам, рўза дошта наметавонам. Барои раҳоӣ аз қарз кор карда ва маблағ ба даст овардан лозим аст. Чӣ бояд кард? Оиладор ҳастем, фарзанд дорем, вале зиндагиамон як навъ аст. Рўзи ҷумъа дар ҳаққи мо дуо кунед, ки ба мо кушоиш диҳад.

Саволдиҳанда: Муҳоҷири қарздор

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо пеш аз ҳама ҳалли мушкилоти худро аз Худованди Раззоқ талаб кунед ва дар дили шаб холисона дуо кунед, иншоаллоҳ Худованд кафҳои дасти шуморо холӣ барнамегардонад. Рўза фаризаи илоҳӣ аст ва ба сабаби қарздорӣ аз зиммаи мусулмон соқит намешавад. Шумо ҳиммати баланд дошта бошед ва аз мушкилот наҳаросед, умед аст, ки комёб мешавед. Худованд ба шумо кушоишу ва раҳоӣ аз қарзро насиб гардонад ва ба хонаводаи шумо тавфиқу баракат ато фармояд. 

2019-04-09
3184
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25