مسألة № 02117

Оё дар вақти таҳорат чизе мегўянд?

مسألة:

Ассалому алайкум. Оё дар вақти таҳорат чизе мегўянд?

Саволдиҳанда: Муҳаммад

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар аснои шустани аъзои вузў ин дуоҳо хонда мешаванд:

Дар вақти шустани ҳар ду даст мегўяд: Бисмиллоҳил-Алиййил-Азим вал-ҳамду лиллоҳи ало динил-Ислом. Чун об дар даҳон кунад, бигўяд: Аллоҳумма аъиннӣ ало зикрика ва шукрика ва ҳусни ибодатика ва тиловати китобика. Чун об дар бинӣ кунад, бигўяд: Аллоҳумма ариҳнӣ роиҳатал-ҷаннати варзуқнӣ мин наъимиҳо. Чун рўй бишўяд, дар оби аввал бигўяд: Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Дар оби дувум бигўяд: Аллоҳумма баййиз ваҷҳӣ бинури маърифатика явма табяззу вуҷуҳу авлиёика ва ло тусаввид ваҷҳӣ явма тасвадду вуҷуҳу аъдоика. Чун дасти рост бишўяд, бигўяд: Аллоҳумма аътинӣ китобӣ бияминӣ ва ҳосибнӣ ҳисобан ясиро. Чун дасти чап бишўяд, бигўяд: Аллоҳумма ло туътинӣ китобӣ бишимолӣ ва ло мин варои заҳрӣ ва ло туҳосибнӣ ҳисобан асиран ва ло туъаззибнӣ азобан нукро. Чун масҳи сар кашад, бигўяд: Аллоҳумма ғашшинӣ бираҳматика ва анзил алаййа мин баракотика ва азлилнӣ таҳта аршика явма ло зилла илло зиллу аршика. Чун масҳи гўш кашад, бигўяд: Аллоҳуммаҷъалнӣ миналлазина ястамиъўнал-қавла фаяттабиъўна аҳсанаҳу. Чун масҳи гардан кашад, бигўяд: Аллоҳумма аътиқ рақабатӣ ва рақабата обоӣ ва уммаҳотӣ ва аҳли байтӣ минан-нор. Чун пойи рост бишгўяд, бигўяд: Аллоҳумма саббит қадамаййа алас-сироти явма тазиллу фиҳил-ақдом. Чун пойи чап бишўяд, бигўяд: Аллоҳуммаҷъал саъйӣ машкуран ва занбӣ мағфуран ва амалӣ мақбулан ва тиҷоратӣ лан табуро. Пас аз фориғ шудан аз вузў ин дуоро мехонад: Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳуммаҷъалнӣ минат-таввобин ваҷъалнӣ минал-мутатаҳҳирин.

2019-05-21
3474
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25