مسألة № 02219

Оё намози витри воҷибро қазоӣ мегузоранд ва нияти он чигуна аст?. Намозҳои қазоии рўзи гузаштаро “қазоии рўзи гузашта” мегўянд ё “қазоии гузашта”? Дар намоз сураҳоро аз рўи тартиб мехонанд ё нахуст ҳамонро, ки ояти бисёр дорад?

مسألة:

Ассалому алайкум. 1. Оё намози витри воҷибро қазоӣ мегузоранд ва нияти он чигуна аст? 2. Намозҳои қазоии рўзи гузаштаро “қазоии рўзи гузашта” мегўянд ё “қазоии гузашта”? 3. Дар намоз сураҳоро аз рўи тартиб мехонанд ё нахуст ҳамонро, ки ояти бисёр дорад?

Саволдиҳанда: Шуҳрат

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, намози витр воҷиб аст ва дар сурати фавт шудан қазо доштани он низ воҷиб аст. Дар нияти он “қазои намози витр” гуфта мешавад. 2. Дар вақти ба ҷо овардани намозҳои қазошудаи рўзи гузашта “намози қазоии рўзи гузашта” гуфтан беҳтар аст, агарчи “намози қазоии гузашта” гуфтан ҳам боке надорад. 3. Тартиби хондани сураҳо дар намозҳо аз рўи тартиби навишташон дар Қуръон аз боло ба поён бояд бошад.

2019-06-29
3434
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25