مسألة № 02329

Ман дар шаҳри Маскав ба ҳайси коргари роҳҳо фаъолият мекунам. Аз ин кўча то ба кўчаи дигар аз 40 дақиқа то 1 ё 2 соат роҳ меравем. Дар вақти кор имкони хондани намоз нест, зеро барои манъ кардани мошин ва дар кўча хондан иҷозат намедиҳанд. Оё мумкин аст, ки таяммум карда намозро дар дохили мошин гузорам?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ домуллои азиз. Ман дар шаҳри Маскав ба ҳайси коргари роҳҳо фаъолият мекунам. Аз ин кўча то ба кўчаи дигар аз 40 дақиқа то 1 ё 2 соат роҳ меравем. Дар вақти кор имкони хондани намоз нест, зеро барои манъ кардани мошин ва дар кўча хондан иҷозат намедиҳанд. Оё мумкин аст, ки таяммум карда намозро дар дохили мошин гузорам?

Саволдиҳанда: Муҳаммадалӣ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, таяммум дар ҳолате равост, ки масофаи байни макони об ва намозгузор тақрибан 2 км бошад. Аз ин рў, шумо қаблан таҳорат карда барои гузоридани намоз омода шавед ва дар вақти истироҳати нисфирўзӣ намозро пурра гузоред. Агар бинед, ки намоз қазо мешавад, дар мошин бо ишора намоз гузоред.

2020-04-17
2061
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48