مسألة № 02372

Лутфан сураҳое, ки дар намози таровеҳ хонда мешаванд, мегуфтед. 2. Дар ракъати сеюми намози витр ба ҷои дуои қунут ягон сураи дигарро хондан ҷоиз аст?

مسألة:

Ассалому алайкум. 1. Лутфан сураҳое, ки дар намози таровеҳ хонда мешаванд, мегуфтед. 2. Дар ракъати сеюми намози витр ба ҷои дуои  қунут ягон сураи дигарро хондан ҷоиз аст? 3. Ҷавоне, ки зан надорад ва қорӣ ҳам нест, аммо донандаи тарзи хондани намозҳои ҷамоат бошад, дар ҳолати зарурат оё пешдаро шуда метавонад? Худо аз Шумо розӣ бошад?

Саволдиҳанда: Сиёвуш

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар намози таровеҳ ҳар сураеро, ки аз Қуръон ҳифз медонад, хондани он дуруст аст. Равиши маъмул дар диёри мо ин аст, ки аз сураи “Фил” оғоз намуда, то сураи “Нос” ба тартиб дар ҳар ракъате бихонад. 2. Дар сурати донистани дуои қунут хондани сураи дигар ба ҷои он ҷоиз нест, агар касе дуои қунутро намедонад, то вақти аз бар кардан ба ҷои он як бор ояти “Раббано отино фид-дунё ҳасанатан ва фил-охирати ҳасанатан ва қино азобан-нор”-ро бихонад ё ки се бор “Аллоҳуммағфир лӣ” бигўяд. 3. Агар ин ҷавон ҳамаи шароит ва аркони намозро ба хубӣ медонад, метавонад, ки дар намоз пешдаро шавад.

2020-05-09
2381
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

26.04.2024

أكثر
الفجر03:55
الظهر12:40
العصر17:24
المغرب19:23
العشاء20:54