مسألة № 02395

Оё шахси танҳогузор намозҳои фарзу суннати панҷвақтаро бо овози баланд хонда метавонад? Дар ҳолати ҳозира, ки масҷидҳо баста шудаанд, пеш аз намозҳои панҷвақта ҳам азону иқомат бояд гуфта шавад ё ки фақат иқомат гуфтан кофист?

مسألة:

Ассалому алайкум. 1. Оё шахси танҳогузор намозҳои фарзу суннати панҷвақтаро бо овози баланд хонда метавонад? 2. Дар ҳолати ҳозира, ки масҷидҳо баста шудаанд, пеш аз намозҳои панҷвақта ҳам азону иқомат бояд гуфта шавад ё ки фақат иқомат гуфтан кофист? 3. Дар вақти намоз фарзандони 5-8-солаам дар барам истода амалҳои маро такрор мекунанд, оё ин ба намози ман ягон кароҳият надорад?

Саволдиҳанда: Пайрав

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, шумо метавонед намозҳои фарзи бомдод, шом ва хуфтанро бо овози баланд бихонед, аммо дигар намозҳоро бо овози паст гузоред. 2. Азону иқомат гуфтан дар ҳар вақти намозҳои панҷгона суннат аст. 3. Истодани фарзандон дар канори шумо ҳангоми намоз ҳеҷ кароҳате надорад, балки шумо ба ин васила ба онҳо дарси адабу ахлоқ меомўзед ва соҳиби аҷру савоб мешавед, инчунин савоби саҷдаҳои онҳо низ барои шумо навишта мешавад.

2020-05-19
2455
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25