مسألة № 02431

Хоҳиш мекунам, ки тасбеҳоти моҳи Рамазонро бо хатти арабӣ ва тарҷумаи маънои он бо забони тоҷикӣ равон кунед. Қаблан сипосгузорам

مسألة:

Ассалому алайкум. Хоҳиш мекунам, ки тасбеҳоти моҳи Рамазонро бо хатти арабӣ ва тарҷумаи маънои он бо забони тоҷикӣ равон кунед. Қаблан сипосгузорам.

Саволдиҳанда: Манучеҳр

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, тасбеҳоти таровеҳ бо тарҷумаи он чунин аст:

سُبْحَانَ ذِي المُلْكِ وَالْمَلَكُوتِ، سُبْحَانَ ذِي العِزَّةِ وَالعَظَمَةِ وَالقُدْرَةِ وَالْكِبْرِيَاءِ وَالجَبَرُوتِ، سُبْحَانَ المَلِكِ الْحَيِّ الَّذِي لَا يَنَامُ وَلاَ يَمُوتُ، سُبُّوحٌ قُدُّوسٌ رَّبنا وَرَبُّ المَلائِكَةِ وَالرُّوحِ، لاَ إِلَهَ إِلَّا اللهُ نَسْتَغْفِرُ اللهَ، نَسْأَلُكَ الجَنَّةَ وَنَعُوذُ بِكَ مِنَ النَّارِ

Пок аст Худойе, ки соҳиби олами зоҳир ва олами ғайб аст, пок аст Худойе, ки соҳиби қуввату бузургӣ ва соҳиби тавоноӣ ва бузургию некӯӣ ва дурусткунандаи ҳоли шикастадилон ва ниёзмандон аст. Пок аст он Подшоҳи Зиндае, ки намехобад ва намемирад, пок аст аз ҳама сифоти нолоиқ ва бағоят муназзаҳ аст аз ҳама нишонаҳои нақсу айб, Парвардигори мо ва Парвардигори фариштагон ва Ҷабраил аст. Нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ ва аз Аллоҳ омурзиш мехоҳем. Худовандо, аз Ту ҷаннатро мехоҳем ва аз оташи дўзах ба Ту паноҳ мебарем.

2020-05-22
2395
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.04.2024

أكثر
الفجر04:01
الظهر12:40
العصر17:21
المغرب19:20
العشاء20:51