مسألة № 02683

Хона ва оилаи ман дар масофаи зиёда аз 100 км дуртар аз шаҳри Душанбе қарор дорад, вале худам дар пойтахт кору фаъолият мекунам ва иҷоранишинам. Ман намози сафарамро дар куҷо ва чигуна гузорам?

مسألة:

Ассалому алайкум. Хона ва оилаи ман дар масофаи зиёда аз 100 км дуртар аз шаҳри Душанбе қарор дорад, вале худам дар пойтахт кору фаъолият мекунам ва иҷоранишинам. Реҷаи кори ман гуногун аст. Гоҳе панҷ рўз дар шаҳр мемонам ва ҳафтае беруни шаҳр ё ҳафтае дар шаҳр ва ҳафтае беруни шаҳр. Гоҳе то ду ҳафта низ дар шаҳр мемонам. Ман намози сафарамро дар куҷо ва чигуна гузорам?

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, масофаи қаср 120 км муқаррар шудааст, аз ин рў, агар масофаи байни хонаи шумо то шаҳр аз ин миқдор кам бошад, шумо мусофир ҳисоб намешавед, дар аснои сафар дар роҳ ва ҳам дар шаҳр намозро пурра мегузоред. Агар масофа 120 км ё зиёда аз он бошад, бояд намозро дар роҳ қаср хонед, аммо дар шаҳр намозро вақте қаср мехонед, ки нияти иқомати камтар аз ду ҳафтаро дошта бошед.

2022-04-18
1130
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25