مسألة № 02694

Оё дар моҳи мубораки Рамазон хўрдани тухми мурғ, ҳасиб (колбаса) ва нўшидани баъзе нўшокиҳо мумкин аст?

مسألة:

Оё дар моҳи мубораки Рамазон хўрдани тухми мурғ, ҳасиб (колбаса) ва нўшидани баъзе нўшокиҳо мумкин аст?

Саволдиҳанда:Ганҷина

إجابة:

Дар моҳи Рамазон хўрдан ва нўшидани тамоми он чизҳое, ки Худованд ҳалол кардааст, дуруст ва ҷоиз аст. Аммо он чизҳое, ки Худованд ҳаром кардааст, истеъмоли он на танҳо дар моҳи Рамазон, балки дар тамоми моҳҳо мамнўъ аст. Абўҳомиди Ғазолӣ дар китоби «Арбаъин» меорад: «Рўза аз лиҳози асрор дорои се дараҷа аст ва камтарини онҳо ин аст, ки инсон фақат аз чизҳое худдорӣ менамояд, ки рўзаро ботил месозад, лекин аъзои баданро аз чизҳои макрўҳ ва нописандида нигоҳ намедорад ва ин рўзаи умум аст, ки фақат ба исми он иктифо мешавад. Дараҷаи дувум ин аст, ки инсон бо худдорӣ аз он чизҳое, ки рўзаро ботил месозад, аъзои баданро низ ҳифз кунад. Масалан, забонро аз ғайбат, чашмро аз нигоҳ ба сўйи ҳаром ва дигар аъзоро аз аъмоли нораво нигоҳ дорад. Дараҷаи сеюм ин аст, ки бо ҳифзи аъзо аз аъмоли нораво қалбро низ аз васваса ва афкори нописандида холӣ кунад ва фақат ба ёди Худо бошад. Барои расидан ба ин дараҷа лозим аст, ки рўзадор бо ғизои ҳалол ва бешубҳа ифтор кунад ва аз ғизои ҳалол ҳам чандон нахўрад, ки меъдаашро сангин ва шаҳваташро тақвият намояд. Дар ин сурат фоидаи рўза аз байн рафта дар инсон танбалӣ эҷод мешавад ва мумкин аст нафъи рўза бо ин зарарҳо баробар шавад». Аз ин суханон чунин бармеояд, ки ҳадафи рўза пок намудани қалб аз ҳама хислатҳои нораво буда барои расидан ба ин ҳадаф бояд инсон саъйу талош намояд ва то ҳадди имкон аз хўрданиҳо ва нўшиданиҳои шубҳанок парҳез кунад.

2022-04-21
1487
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48