مسألة № 02738

Ҷанобат чист ва чӣ маъно дорад?

مسألة:

Ҷанобат чист ва чӣ маъно дорад?

Саволдиҳанда:Худобахш

إجابة:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, калимаи ҷанобат дар луғат ба маънои дур будан аз покӣ ва таҳорат аст. Дар истилоҳи шариат ҳолати нопокиест, ки пас аз хуруҷи манӣ дар бадани инсон ба вуҷуд меояд, яъне дар ин ҳолат инсон аз таҳорату покӣ дур мемонад. Аз ин рў, ғусл кардан ва шустани тамоми бадан бар ў фарз мегардад. Дар ҳолати ҷанобат намоз гузоридану Қуръон хондан бар инсон ҳаром аст.

2022-06-15
1731
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

24.04.2024

أكثر
الفجر03:59
الظهر12:40
العصر17:22
المغرب19:21
العشاء20:52