مسألة № 00552

Домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, касе ки барои ҳаҷҷи умра ба эҳром даромада ба Макка омада бошад, ба хотири бад шудани саломатиаш умраашро ба таъхир андохта метавонад ё не ?

مسألة:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам, илтимос мегуфтед, касе ки барои ҳаҷҷи умра ба эҳром даромада ба Макка омада бошад, ба хотири бад шудани саломатиаш умраашро ба таъхир андохта метавонад ё не ?

Саволдиҳанда:Ислом

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Шахсе, ки барои анҷом додани ҳаҷҷи умра ба эҳром даромадааст, вале барои анҷом додани умра худашро солим ҳис намекунад, то сиҳат шуданаш ҳамчун ба эҳром даромада интизор мешавад ва баъд аз сиҳат шуданаш тавоф ва саъйро анҷом дода мӯйҳояшро метарошад ва аз эҳром мебарояд. Ба хотири ба таъхир андохтани тавоф ва саъйаш барои ӯ ҷазо муқаррар намегардад. Аммо дар давоми муддати интизор буданаш бояд он чизҳои дар эҳром манъшударо риоят намояд.

2016-08-09
5178
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

25.04.2024

أكثر
الفجر03:57
الظهر12:40
العصر17:23
المغرب19:22
العشاء20:53