مسألة № 00967

Наврӯзро ҷашн гирифтан ҷоиз аст? Агар рафту яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда таом диҳӣ, пас дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд?

مسألة:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Наврӯзро ҷашн гирифтан ҷоиз аст? Агар рафту яке аз рӯзҳои наврӯзӣ таоми хосси баҳорӣ пухта бо омадани Наврӯз мардумро ҷамъ карда таом диҳӣ, пас дар ин маврид шариат чӣ мегӯяд?

Саволдиҳанда: Исфандиёр

إجابة:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ҷашни Наврӯз ба ягон адёни осмонӣ рабт надорад, дар шароити феълӣ Наврӯз ба ҳайси иди баҳор ва оғози мавсими киштукор дар тамоми кураи хокӣ истиқбол гирифта мешавад. Агар шумо ҳиммати хайрхоҳӣ дошта бошед, дар чунин рӯзҳо таомҳои гуногун омода карда, ба ятимону маъюбон расонед, бисёр кори хайр мешавад. Чунки Шариати Ислом тарафдори корҳои хайр аст ва кори хайр исроф надорад. Масале ҳаст, ки “дар хайр исроф нест ва дар исроф хайр нест”.

2017-03-17
5185
طرح سؤال

فئة

وقت الصلاة في طاجيكستان

17.04.2024

أكثر
الفجر04:12
الظهر12:40
العصر17:16
المغرب19:14
العشاء20:45