الصفحة الرئيسية الأخبار Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
2020-04-21
7797

Имрӯз соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо  Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи љумъа 24-уми апрел фаро мерасад.

Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2020 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи љумъа 24-уми апрел муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 21000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян карда шавад.
  4. Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.
  5. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳат шавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

وقت الصلاة في طاجيكستان

28.03.2024

أكثر
الفجر04:44
الظهر12:40
العصر16:55
المغرب18:54
العشاء20:24
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر