الصفحة الرئيسية الأخبار Мавлуди босаодати Пайғамбари гиромии Ислом (с)

Мавлуди босаодати Пайғамбари гиромии Ислом (с)

Мавлуди босаодати  Пайғамбари гиромии Ислом (с)
2016-12-08
5100

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

Дуруду салом бар Пайғамбари гиромӣ (с).

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ тамоми мусулмонони кишварро ба муносибати фарорасии мавлуди босаодати Пайғамбари Ислом (с) табрику таҳният намуда, аз даргоҳи Худованди бузург комёбию саодатмандӣ, осудагии рӯзгору фаъолияти пурбарор ва беҳтарин накӯиҳои зиндагиро барои ҳамагон таманно менамояд.

Чаҳордаҳ қарн пеш дар ин моҳи муборак ситораи тобоне дар осмони дунё дурахшид ва олам ба нури вуҷуди беҳтарин фарзанди Одам (а) – Расули акрам (с) мунаввар шуд ва машоми ошиқон аз насими ин рўйдоди фархунда муаттар гардид. Ҳоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар ин маврид басо зебо фармуда:

Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,

Дили рамидаи моро анису мӯнис шуд.

Оре, бо шарофати ин рӯйдоди саодатофарин қалбҳои рамида башорати меҳру муҳаббат ёфтанд, нафаси тоза дар ҷонҳо дамида шуд ва боғу чамани зиндагӣ аз ин борони найсонӣ ҳусну таровати нав пайдо кард. Чунки саросари зиндагонии Пайғамбари гиромӣ (с) маънои ҳамдилию ҳамбастагӣ, дӯстию муҳаббат, одобу ахлоқи ҳамида, раҳму шафқат ба ятимону бепарасторон ва дигар амалҳои неки исломию инсониро дарбар мегирад.

Зиндагии Расули Худо (с) пур аз ҷоннисорию хайрхоҳӣ, эҳсону бахшандагӣ ва даъвати мардум ба сӯи саодати ҷовидонист, зеро Худованди меҳрубон ӯро раҳмате ба сӯи оламиён фиристодааст. Чунончи, дар ояти 128-уми сураи «Тавба» мефармояд: «Ҳамоно Пайғамбаре аз худи шумо ба шумо омадааст, ранҷи шумо бар вай душвор аст, бар (ҳидояти) шумо зиёд шавқманд аст, ба мўъминон бахшояндаи меҳрубон аст».

Раёсати Маркази исломӣ бори дигар кулли мусулмонони ҷумҳуриро ба муносибати ин рӯзи фархунда табрику муборакбод гуфта, барои онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад.

 

Раёсати Шўрои уламои

Маркази исломии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر