الصفحة الرئيسية الأخبار Паёми табрикии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Паёми табрикии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

Паёми табрикии Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррами Абдуқодирзода ба муносибати фаро расидани Иди саиди Фитр ва 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ
2017-06-24
2242

  Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!

Ҳамдиёрони азиз!

Баъди чанде моҳи шарифи Рамазон – моҳи хушнудии Офаридгор, тоату ибодату риёзат, хайру савобу файзу баракат, тиловат ва хатми китоби муқаддас, айёми имтиҳони ҳар фарди мусалмон дар набард бо нафс ва билохира ба даст овардани сафои рӯҳу ботин ба итмом расида, Иди саиди Фитр бо шукӯҳу самимият ва хушҳоливу қаноатмандӣ аз ҷониби тамоми мусалмонони ҷаҳон, аз ҷумла муслимини Тоҷикистон истиқбол карда мешавад. Аз ин хотир, мо фарорасии ин ойини бузурги исломиро барои ҳар як сокини диёри азизамон муборакбод гуфта, барояшон хушнудии Парвардигорро аз риёзату ибодатҳои рамазонӣ, файзу баракати рӯзгор ва сиҳатмандиву  сарбаландиро таманно мекунем. Мутмаин ҳастем, ки ҳар нафаре, ки дар ин моҳи шариф рӯҳу ҷон ва тани хешро риёзат дод ва кулли муқаррароти исломиро дар мавриди рӯзадорӣ иҷро намуд, аз эҳсону шафқат ва баракату меҳрубониҳои Худованди азимушшаън бархурдор хоҳад гашт.

Ба дунболи Иди саиди Фитр ҷашни дигаре ҳамчунин бо муҳтаво ва маънои волои миллӣ – 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ дар кишвари азизамон бо шаҳомати ба худ хос таҷлил мегардад, ки он ҷиҳати аҳаммияте, ки барои рушди давлатдории миллӣ дорад, ҳамрадифи  истиқлол аст. Паиҳам омадани ин ду ҷашнвораи диниву миллӣ гувоҳи он аст, ки дину давлат дар Тоҷикистон канори ҳам қарор доранд ва аз баракоти ҳамдигар неру мегиранд.

Дар ҳадиси шариф омада, ки «ваҳдат раҳмат аст ва парокандагӣ машаққат». Худованди бузургу тавоно инсонро беҳтарин махлуқи хеш дониста, барои ӯ неъматҳои фаровоне офаридааст. Воқеан, ин неъматҳо ончунон зиёданд, ки дар доираи ҳисоб намеғунҷанд. Офаридгори ҳастӣ ин маъниро дар Қуръони азимушшаън (ояти 34-уми сураи «Иброҳим») чунин овардааст: «Агар неъматҳои Худоро ҳисоб кунед, онҳоро шуморида наметавонед». Ваҳдати миллӣ аз гуворотарини ин неъматҳост, зеро буданаш боиси саодати миллату кишвар ва набуданаш боиси нифоқу низоъ ва парокандагиву бадбахтист. Маҳз баракати ин неъмат аст, ки тӯли 20 сол ҷомеаи Тоҷикистон дар ҳоли осоишу субот ба сар мебарад, мардум бо хотири осудаву болида заҳмат мекашанд ва ризқу рӯзии хеш меёбанд. Таърих гувоҳ аст, ки ин сафои зиндагонӣ бо чӣ мушкилҳову азияту ҷоннисориҳо ба даст омад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони ширин ба каф ниҳода, дар саргаҳи ибтикороти ваҳдатсозӣ қарор доштанд ва имрӯз самараи сиёсати сулҳхоҳона ва ба нафъи саодати мардум равонашудаи ин бузургмарди хирад дар шоҳроҳи пешрафт қарор доштани Тоҷикистон аст.

Имсол моҳи шарифи Рамазон ба айёми гармои гоҳо муътадил ва гоҳе шадид рост омад ва барои мусалмонони кишвар имтиҳони ҷиддие буд дар мавриди санҷиши нерӯмандии ҷисму рӯҳи онҳо. Итминон дорем, ки ҳар мусалмоне, ки аз ин имтиҳон гузашт, дар кӯлбори имондории хеш барои фардо тӯшаи эътиқоду ихлос ва файзу баракати илоҳиро хоҳад бурд. Дар воқеъ, тибқи таълимоти исломӣ рӯза доштан риёзати ҷону тан аст ва ба ин васила одамон ҷисму рӯҳи худро аз хаёлу андешаҳои ботил ва кирдору рафтори ношоиста эмин нигоҳ медоранд. Ба ибораи дигар, риёзату ибодат одоби писандидаи исломӣ буда, моҳияти асосии исломи мубин низ талқини покиву озодагӣ, порсоиву парҳезкорӣ ва омӯхтани илму дониш аст.

Табиист, ки назди Худованд ҳеҷ амале бе подош нахоҳад монд. Тӯли сӣ шабонарӯз рӯза доштану тиловати Қуръони каримро ба ҷо овардан низ бидуни назари хайри Парвардигори бузург нахоҳад монд. Ҳамин маънист, ки рӯзаро Пайғамбари ислом Ҳазрати Муҳаммад (с) ба сипари фарди мусалмон ташбеҳ кардааст. Ҳадиси машҳуре, ки дар бештари китобҳои ҳадис ворид шудааст, ба ин тариқ аст: «Аз Абӯҳурайра (р) омадааст, ки Расули Худо (с) гуфтааст: «Рӯза сипарест намешиканаду вайрон намешавад, агар марде бо ӯ биҷангаду хораш кунад, пас бояд ду бор бигӯяд: ман рӯзадорам. Қасам ба номи ҳамоне, ки ҷони ман дар дасти ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор назди Худои таъоло аз бӯйи мушк хуштар аст. Таому шаробу шаҳваташро барои ман тарк мекунад. Рӯза барои ман аст ва барои ҳар некӣ даҳ баробари он подоши онро худам медиҳам».

Саҳл (р) аз қавли Расули Акрам (с)  гуфтааст: «Дар биҳишт даре ҳаст, ки онро райён мегӯянд. Бо он дар дар қиёмат танҳо рӯзадорон медароянд. Он ҳангом гуфта мешавад: рӯзадорон куҷо ҳастанд? Онон, ки дар дунё рӯзаро адо мекарданд, бармехезанд ва ба ҷуз онҳо касе дигар аз он дар дохил намешавад. Вақте ки вориди биҳишт мешаванд, дар пӯшида мегардаду дигар касе бо он роҳ намеёбад».

Закот дар ислом низ яке аз аркони панҷгона аст. Рӯза дар поксозӣ ва парвариши бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбари гиромӣ фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рӯза аст».

Дар моҳи Рамазон мусалмонон бо фазилатҳои ҳамида, аз ҷумла сабру таҳаммул, меҳрубониву самимият, адолату баробарӣ, хайру саховат, омурзиши гуноҳҳо ботину зоҳири худро поку озода карданд. Рӯза  ибодатест, ки инсон бо нияти нек ва иродаи мустаҳкам худро озмоиш намуда, ба боргоҳи Худованди мутаъол наздикӣ меҷӯяд ва дар ниҳоят ҳақро шиносад. Ҳамин ҷиҳат аст, ки кулли донишмандон динро ақл гуфтаанд.

Бузургтарин амали савоб дастгирӣ кардани маъюбону ятимон, пиронсолону дармондагон ва оилаҳои камбизоат аст. Чунонки Худованди мутаъол дар сураи «Нисо» мефармояд: «Худойро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики Ӯ масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва мискинону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар некӣ ва ёрӣ кунед».

Аз ин рӯ, дар арафа ва рӯзи ид ба муҳтоҷон ба андозаи имкон расонидани кумаки молӣ беҳтарин фазилати иди саиди Фитр мебошад.  Ҳамин ҳикмат аст, ки намози иди Фитр аксар вақт ба таъхир андохта мешавад ва уламои дин ин таъхирро ҳамчун фурсати ғанимат барои анҷом додани корҳои хайру савоб, аз қабили эҳсону накукорӣ, хайру саховат, раҳму шафқат, дасти ёрӣ дароз кардан ба эҳтиёҷмандон ва садақаи фитр тафсир кардаанд.

            Бори дигар тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр табрик гуфта, ба ҳар сокини Тоҷикистон бахту иқболи нек ва рӯзгори осудаву пурсаодатро орзу менамоям.

وقت الصلاة في طاجيكستان

20.04.2024

أكثر
الفجر04:07
الظهر12:40
العصر17:19
المغرب19:17
العشاء20:48
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر