الصفحة الرئيسية الأخبار Номи Истаравшанро олуда макун!

Номи Истаравшанро олуда макун!

Номи Истаравшанро олуда макун!
2017-11-19
3132

                           Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

          Имрӯзҳо вақте ки дар бораи хиёнати касе ба Ватану миллату мазҳаб мешунавем, ногузир саволе ба миён меояд, ки ин нафар ба хотири чӣ ба ин роҳи пасту разолат қадам мондааст? Охир  ҳамагон медонанд, ки хиёнат бузургтарин разоил ва гуноҳи кабира  мебошад. Ин разилат чунон мазмум аст, ки ба ягон васила муртакиби он қобили тарафгирӣ ва дифоъ нест. Ин сифати зишттарини ахлоқӣ  дар таълимоти Қуръони карим ва аҳодиси мубораки Пайғамбар (с) васеъ ва таъкидан  наҳй карда шудааст. Худованди мутаъол дар Қуръони карим мефармояд: ”Ва аз онҳо, ки ба худ хиёнат кардаанд дифоъ макун, зеро Худованд афроди хиёнатпешаи гунаҳкорро дӯст надорад”. Дар ҳадиси муборак омадааст: “Аз мо нест касе, ки дар амонат хиёнат кунад”. Аз ин сарчашмаҳои  осмонӣ бармеояд, ки хиёнат фаќат ба молу дунё маҳдуд намегардад, балки хиёнат ба Худову расул, ба мардум, ифшои асрор ва ғайраҳоро низ дар бар мегирад. Албатта ҳар амале, ки  аз ҷониби парвардигор наҳй шудааст, натиҷаҳои бад   меорад ва сазовори азобу уқубати бузург дар ин дунё ва охират мебошад. Табиист, ки аз ин  таълимоти  шариати исломӣ аввалан аҳли дин бархӯрдор ҳастанд ва мебояд дар иртикоби он ҳазар намоянд. Аммо афсӯс  шахсоне пайдо мешаванд, ки бо вуҷуди аз илму маърифати динӣ огаҳ будан даст ба хиёнат мезананд  ва бо ин кори пасту разил  ошкор мегардад, ки онҳо чаро “ходими дин” гаштаанд. Онҳо  дини мубини Исломро  истифода бурда, худро  олими дин дониста мақсад доранд, ки  бо ин роҳ  сарват ҷамъ намоянд.  Онҳо танҳо барои молу мулки  дунё ва нафсонияти хеш динро васила кардаанд ва барои расидан ба ин мақсади ғаразноки худ аз ягон роҳ намегарданд. Барои онҳо арзишҳои дину мазҳаб, Ватану миллат ва ғайра вуҷуд надорад. Онҳо ходими дин не, балки динро ба худ ходим сохтаанд. Симои яке аз ин гуна гумроҳонро дар мақолаи Довуд Исматӣ бо номи (Юнуси Истаравшанӣ: ”Бобои ман босмачӣ буд”) дида метавонем. Дар мақола парда аз чеҳраи аслии ин шахс, бо далелҳои зиёди  таърихӣ ва ҳаётӣ, ки шояд аксари  мардум аз онҳо ноогоҳанд, бардошта шудааст. Нафаре, ки нону намаки ин диёрро хӯрдааст ва  имрӯз дар  Эрон қарор дорад,  ба сӯи Тоҷикистони азизи мо, ки Ватани ӯ мебошад, санги душманӣ мепартояд. Табиист, агар гузаштагонаш дузду босмачӣ бошанд, аз зурриёти онҳо боз чӣ интизор шудан мумкин аст?

         Аз ҳама нанговар он аст, ки ин шахс дар хориҷи кишвар номи мубораки Истаравшанро, ки бо нобиғаҳои ҷаҳоншинохта ва фарзандони фарзонаи хеш машҳур  гаштааст, ба худ насб карда, аз он ҳам бешармона сӯистифода менамояд. Аз тарафи дигар шахсе, ки дар назди олимони барҷаста ва хоссатан Мавлавӣ домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ мазҳаби ҳанафиро таълим гирифтааст, чи тавр ба чашми ин устодон хоки хиёнат мепошад ва ба Эрон сафар карда тарафдори мазҳаби шиа мегардад? Саволе ба миён меояд, ки ин шахс дар таълимоти Имоми Аъзам, агар онро таълим гирифта фаҳмида бошад, чӣ нуқсонеро пайдо кардааст? Маълум мегардад, ки Юнуси Истаравшанӣ  ба мазҳаби ҳанафӣ коре надорад ва ин рафтору кирдори-  беасос ба миён наомада, балки заминаи пешакӣ ва матраҳшуда доштааст.

         Ташкилоти экстремистӣ террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз аввал зархариди Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо маблағҳои беҳисоби хоҷагонаш, барои расидан ба мақсадҳои худ дар Тоҷикистон тарафдоронашро зиёд кардааст. Баъди воқеаҳои хунин ва хиёнати Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҳамагон маълум гашт, ки ТЭТ ҲНИТ дар Тоҷикистон барои чӣ таъсис ёфта будааст ва мақсади асосии онҳо чӣ будааст. Юнуси Истаравшавнӣ низ ҳамчун узви ин ҳизби экстремистӣ террористӣ аз аввал, дар пиёда кардани ҳадафҳои нопоки хоҷагони хориҷии худ камари ҳиммат баста, то имрӯз фармонҳои онҳоро иҷро карда  истодааст. Барои ин хоҷагон  чунин шахсоне лозиманд, ки гузаштагони худро тавҳин намуда ва аз миллату мазҳаби худ рӯй гардонидаанд ва ба хотири пулу моли дунё ба ҳама кор омода ҳастанд. Вагарна чаро Ватану хешу наздикони  худро тарк намуда ба хориҷ гурехтаанд? Ҳатто ба ҷуфти ҳалоли худ раҳм накарда  ба хотири молу мулки дунё онҳоро низ ба гумроҳӣ ва корҳои ғайриқонунӣ равона сохтааст. Аз касофати хиёнатҳои Юнуси Истаравшанӣ  ҳамсар ва модари фарзандонаш дар зиндон ҷон додааст. Ӯ ҳатто барои наҷоти оилааш кореро ҳам ба ҷо наовардааст. Ин аст хиёнат ба зану фарзанди хеш. Бадеҳист  шахсе, ки ба Ватан, миллату мазҳабаш хиёнат мекунад, магар ба қадри зану фарзандонаш мерасад?

        Бешубҳа робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии Тожикистону Эрон  дар  соҳаҳои гуногуни ҳаёт  ба манфиати халқҳои ин ду кишвар мебошанд. Аз тарафи дигар  паноҳ додани ашхосе, ки ба Ватани худ хиёнат кардаанд, даъвати роҳбарони ТЭТ ҳНИТ ба ҳамоиши байналмилалии Теҳрон дар замоне, ки онҳоро Интерпол ҷустуҷӯ дорад, саволҳои зиёдеро ба миён меорад. Мардуми тоҷик ҳама вақт қадршинос буд ва дӯстиву алоқаҳои худро бо тамоми мардуми чаҳон ва алалхусус бо Эрони ҳамзабон, дар асоси эҳтироми ҳамдигар густариш медиҳад. Зиёда аз ин,  чунин шахсон он қадар арзише надоранд, ки ба хотири онҳо муносибатҳои неку дӯстонаи ду кишвари бузург вайрон гардад.

Ибодулло Калонзода,
имомхатиби масчиди
”Нури Ислом”-и ш.Хуҷанд

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر