الصفحة الرئيسية الأخبار АЗ ГУЗАШТА ИБРАТ БИГИРЕМ...

АЗ ГУЗАШТА ИБРАТ БИГИРЕМ...

АЗ ГУЗАШТА ИБРАТ БИГИРЕМ...
2017-12-27
4003

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рузгор,
Низ н-омузад зи хеч омузгор.

Оре, гузашти рузгор барои инсон дарси  ибрат аст. Ҳар як шахси боимон набояд гузаштаи миллати хешро фаромӯш созад. Зеро бе панд гирифтан аз  гузашта имрӯзро обод карда  наметавонем.

Ҳар як кору амале, ки шуда гузашт барои инсон хотироте боқӣ мемонад, хотироти бад ё нек инсонро хурсанд ё андӯҳгин мекунад, таъсири хубе ё баде ба инсон мегузорад. Ба ҳар сурат инсон аз гузаштаи худ, хоҳ нек бошаду хоҳ бад дарси ибрат мегирад, ки он дарсро назди ягон омӯзгор ё дар ягон мадрасае омӯхта намешавад. Он дарс дарси панд ва  ибрат аст, ки новобаста аз гузашти айём, новобаста аз қобилияти фикрии инсон дар ёдҳо нақш мебандад. Гузашти рӯзгор махзанест, ки тарбиятгари ҳамагон аст. На ҳар кас метавонад соҳибакл бошад. На хар шахс қобилияти ташхиси ин маъноро дорад. Нафароне ҳастанд, ки мехоҳанд гузаштаро таҳриф созанд ва гуноҳи худро ба гардани дигаре бор кунанд. 
Оқил ва доно кист? Оқил ва доно касест, ки аз гузашта ҳамаҷониба панд гирад, дарси ибрат гирад ва барои пайсае хоини Ватан нашавад. Ва дар пайи ноором сохтани ҷамъияти тинҷу осуда нашавад.
Ин гуфтаҳои ман нисбати роҳбарони ҲНИТ мебошад, ки бо гузашти рӯзгор аз ин воқеаҳои шадиди охири асри гузашта панд нагирифтанд, натанҳо ба Ватан, балки ба мазҳаби худ хиёнат карданд. Мисоли он Қиёмиддини Ғозӣ, ки аввал пайрави мазҳаби ҳанафӣ буд, баъд пайрави ваҳобият шуд, сипас ба шиъагӣ гароид ва аз мазҳаби аҷдодии хеш даст кашид. Бинобар ин, барои мо зарур аст, ки “аз таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирем”, чунон ки шоир мефармояд:

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Чун аз фармудаҳои бузургони гузаштаи худ ёдовар мешавем, мебинем ки бузургону оқилони ҳар давру замон аз гузаштаи худ чизе омӯхтанд, ки аз хато ва саҳв  кардани онҳоро бозмедошт ва моро лозим аст, аз онҳо пайравӣ кунем. Ва мардум бояд аз гузашти рӯзгор панд гирад. 
Вале ин тоифа на танҳо панд нагирифтанд, балке боз аз пайи тавтиъа ва тафриқаандозӣ байни мардуми Тоҷикистон шуданд.
Мурод аз ин гуфтаҳо ин аст, ки мардум бояд хусусан ҷавонон аз воқеаҳои солҳои 90 асри гузашта панд бигиранд. Воқеаҳои нохуши солҳои 90 асри гузашта бо тавтиъа ва ибтикори ҳамин ҳизби ба ном исломӣ ба вуқӯъ омад, ки аз касе пӯшида нест.  
Ҳизб сохтан дар ислом ин худ кори хатост, хусусан дар Тоҷикистон, ки куллан мардумаш мусалмон мебошад, ин ҳизб сабаби тафриқаандозӣ миёни мусалмонон мешавад. Зеро ислом ниёзе ба чунин ҳизбҳо ва ҳаракатҳо надорад, зарари ин ҳизб ва ҳаракатҳо ба ислом ва мусалмонон ниҳёт зиёд расидааст. Сиёсати дурбинонаи Пешвои Миллат нисбати ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ саривақтӣ буд, зеро инҳо монанди каждуми зери бурё дар пайи фитнаандозӣ дар кишвари орому тинҷи Тоҷикистон буданд ва ба фазли Худованд ва чорандешии Ҳукумати Тоҷикистон тири ин ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва хоҷагонаш хок хӯрд ва ба мақсади нопоки худ нарасиданд. Худованд мефармояд:   


وَاعْتَصِمُوا بِحَبْلِ اللَّهِ جَمِيعًا وَلَا تَفَرَّقُوا


Яъне: ҳамагӣ ба банди Худо чанг занед ва тафриқа наандозед.
Бояд дар атрофи Пешвои миллат ҳамаамон ҷамъ шавем ва барои ободии кишварамон саъю талош намоем, ки обод сохтани Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шахси боимон мебошад.

Зайниддин Қарчиев,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии н. Қубодиён 

وقت الصلاة في طاجيكستان

29.03.2024

أكثر
الفجر04:43
الظهر12:40
العصر16:56
المغرب18:55
العشاء20:25
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر