الصفحة الرئيسية الأخبار Комиссияи босалоҳият вақтҳои дақиқи субҳу ифтори моҳи Рамазонро муайян хоҳад кард

Комиссияи босалоҳият вақтҳои дақиқи субҳу ифтори моҳи Рамазонро муайян хоҳад кард

Комиссияи босалоҳият вақтҳои дақиқи субҳу ифтори моҳи Рамазонро муайян хоҳад кард
2015-06-01
3948

Комиссияи босалоҳият вақтҳои дақиқи субҳу ифтори моҳи Рамазонро муайян хоҳад кард

       Чанд  моҳе қабл  дар назди Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи босалоҳият ба фаъолият шурӯъ намуд, ки ҳадафи он дар асоси далелҳои шаръӣ ва нишондодҳои илми муосир муайян намудани  оғози моҳи мубораки Рамазон, фарорасии вақтҳои дамидани субҳ, ифтор ва рӯзи Иди Фитр, инчунин муқаррар кардани меъёри садақаи фитр ва нисоби закот аст.

        Роҳбарии комиссияи мазкурро муовини аввали Раиси Маркази исломӣ Саидов Абдулбасир бар дӯш дошта, ба ҳайъати он уламои маъруф,  мутахассисони варзида шомиланд. Комиссия дар муайянсозии вақтҳои дақиқ бо олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд.

         Аъзои комиссия баъди омӯзишу таҳқиқ чун солҳои қаблӣ ҳисоби дақиқи вақтҳои рӯза ва дигар маълумотҳои заруриро вобаста ба моҳи мубораки Рамазон барои мардум пешкаш хоҳанд кард.

         Умед аст, ки мусалмонони кишвар аз маълумотномаи пешниҳоднамудаи комиссияи мазкур самаранок истифода бурда, дар моҳи мубораки Рамазон, ки ба зудӣ фаро мерасад, ба ибодату корҳои хайр ва ваҳдату якдилӣ саъй хоҳанд намуд.

وقت الصلاة في طاجيكستان

30.07.2021

أكثر
الفجر03:40
الظهر12:40
العصر17:45
المغرب19:47
العشاء21:17
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

أكثر