الصفحة الرئيسية الأخبار Конститутсияи Тоҷикистон ва масоили озодиҳои эътиқодӣ

Конститутсияи Тоҷикистон ва масоили озодиҳои эътиқодӣ

Конститутсияи Тоҷикистон ва масоили озодиҳои эътиқодӣ
2018-11-15
4890

Баъди чанде дар мамлакат ҷашни Конститутсия – қонуни асосӣ ва муҳимтарин санади танзимкунандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мардум ва давлат таҷлил мешавад. Дар мантиқи одии ифода, Конститутсия зиндагии иҷтимоиро дар давлат мураттаб мекунад, яъне вазифаи асосиаш он аст, ки ҳаёт бо тартиби муайян ва дуруст ҷараён гирад. Дар ин ҳуҷҷати ҳаҷман хеле хурд муҳимтарин ва асоситарин соҳаҳои муносибат танзим шудаанд, ки яке аз онҳо масъалаи диндорӣ ва озодиҳои эътиқодист. 

Масоили дину диндорӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои эътиқодии мардум дар меҳвари қонунгузории миллии ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон бо назардошти моддаи 1-уми Конститутсияи ҷТ давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ эътироф шуда, заминаҳои ҳуқуқии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин ва танзими эътиқодоти динии шаҳрвандонро, қабл аз ҳама, дар Конститутсияи хеш ва баъдан дар асоси он дар қонуни ҷТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (аз соли 2009) матраҳ намудааст. Агар дар маҷмўъ гирем, дар Конститутсияи ҷТ дар ҳафт маврид ба масъалаи озодии виҷдон ва эътиқодоти динӣ сухан меравад, ки онҳо дар ҳамбастагӣ сиёсати давлатии Тоҷикистонро дар соҳаи дин ташаккул медиҳанд.

Дар моддаи 1-уми Конститутсия асосҳои сохтори давлатдории Тоҷикистон – соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқбунёдӣ, демократӣ, ягонагиву дунявӣ будани ҷумҳурии Тоҷикстон зикр мешавад, ки аз ин аслҳо дунявӣ будани ҷумҳурӣ нақши калидӣ дорад. Дахлнопазир будани ҳуқуқҳои фитрии инсон дар моддаи 5-ум ва ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат дар моддаи 8-ум зикр мешавад. Дар моддаи 26-уми Конститутсия таъкид мешавад, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад, ки муносибати худро мустақилона ба дин муайян намояд. Кафолати  давлат ба шаҳрванд дар масъалаи озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор дар моддаи 30-юми Конститутсия дарҷ шудааст. Ниҳоят, моддаи 100-уми Конститутсияи ҷТ муайян мекунад, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат таѓйирнопазиранд.

ҳамаи ин меъёрҳои конститутсионӣ дар маҷмўъ сиёсати давлати Тоҷикистонро нисбат ба дин ба расмият дароварда, ба амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ризоият дар ҷомеа, мусоидат ба эҳёи фарҳанг ва худшиносии миллӣ, таъмини ҳамкориҳои васеи давлат бо иттиҳодияҳои динӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пешгирии падидаҳои ифротгароӣ дар муҳити сиёсӣ ва динӣ равона шудаанд.

Дар ин миёна мафҳуми дунявият яке аз вожаҳои аслии муайянкунандаи муносибати давлат ба дин, иттиҳодияҳои динӣ ва асли озодии виҷдон ба шумор меояд. Асли дунявият маънои муқобил будан бо дин ва маҳдуд сохтани озодиҳои диниро надошта, моҳияти он дар муҳайё намудани шароити озод ва баробари татбиқи озодиҳои динию эътиқодии шаҳрвандон ифода мегардад.

Аз таҷрибаи сиёсӣ ва воқеияти муосири Тоҷикистон чунин андеша ҳосил мешавад, ки ҷудоии ташкилотҳои динӣ аз давлат, ки дар банди чоруми моддаи 8-уми Конститутсияи Тоҷикистон зикр  мешавад, ба маънои қатъан ҷудо будани ташкилотҳои динӣ  аз давлат нест. Зери мафҳуми ҷудоии дин аз давлат аз нигоҳи сохтору идора мудохила накардани ташкилотҳои динӣ ба корҳои давлатро фаҳмидан лозим аст. Ин ҷудоӣ ҳаргиз набояд ба ҳамкориҳои давлат бо ташкилотҳои динӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди ҷомеа ва таъмини манофеи миллӣ монеа шавад. Чунин  меъёри конститутсионӣ манфиати худи иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои диниро низ дорад. Дар ин ҳолат ташкилотҳои динӣ дар иҷрои масъулиятҳои ойинномавии худ озод буда, дар айни замон аз ҳамагуна масъулиятҳое озод мешаванд, ки ниҳодҳои давлатӣ дар пешорўи ҷомеа доранд.

қонуни дигар - «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ» ҷанбаи қавии динӣ дорад. Ин таҷриба низ дар минтақа назир надорад ва манфиати он кулли манофеи пешрафтҳои мафкуравӣ ва иқтисодии мардуми шарифи Тоҷикистонро дар бар мегирад. Татбиқи босубот ва муътадили ин санади муҳимми ҳуқуқиву сиёсӣ ба шуури динии мардум таъсири ҷиддӣ расонд. Ба ин маънӣ, ки фазои динӣ ва мафкуравии мардум аз бозмондаҳо ва хурофоти дерина тоза шуд ва як муҳити созгори пайванди равобити дину давлат дар шароити дунявият ба вуҷуд оварда шуд.

  Муҳимтарин хислати қонунҳои муосири Тоҷикистон ҳамин аст, ки ба арзишҳои миллии давлатдории дунявӣ бештар арҷ мегузорад. Аз ин нуқтаи назар, миёни арзишҳои динӣ ва арзишҳои давлати миллии дунявии Тоҷикистон айни замон дар қонунгузории миллӣ ихтилофот нест, ҳама фаъолиятҳо дар асоси он қонунгузорие ба роҳ монда мешаванд, ки манфиати умумии давлатро дар мадди назар доранд.

  Ин хулосаҳо ба он маънӣ нест, ки тамоман дар фазои динии кишвар ихтилофот набошад. ҷо-ҷо зуҳур кардани муноқишаҳо ва тазодҳо дар масоили ақидатӣ, инчунин эътирози баъзе рўҳониён ба равиши диндорӣ ба чашм мерасанд, ки хислати муваққатӣ доранд ва наметавонанд ба сатҳи диндорӣ ва тафаккури динии оммаи васеи мардум таъсир гузошта бошанд.

  ҳамин тавр, бо назардошти таҳлили қонунгузории Тоҷикистон дар мавриди мушаххас намудани ҷойгоҳи дин дар ҷомеа метавон гуфт, ки  ҳуқуқи одамон ба озоди виҷдонро қонуни махсус ба танзим медарорад, ки муҳтавои он ба арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон ва ҳама санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсон пурра мувофиқат мекунанд. Ин қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ном дошта, муносибатҳои оид ба ҳуқуқи инсон ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, муносибатҳои байни давлат ва иттиҳодияҳои динӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иттиҳодияҳои диниро танзим менамояд. Мувофиқи ин қонун, дар ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба  дин, аз ҷумла  ҳуқуқи ба танҳоӣ ва ё ҳамроҳи дигарон пайравӣ кардан ба ҳар гуна дин ё пайравӣ накардан ба ягон дин, ба таври озод интихоб,  паҳн намудан ва дигар кардани ҳама гуна  эътиқоди динӣ  ва эътиқодҳои дигар, инчунин мутобиқи онҳо амал кардан кафолат дода мешавад.

Ин қонун ба хотири таҳкими осудагиву субот ва аз байн бурдани мудохила ба корҳои динӣ муқаррароте дорад, ки мақсад аз онҳо пешгирии сар задани ҳар гуна ихтилофот дар пояи дину диндорӣ мебошад, аз ҷумла тибқи қонунҳои Тоҷикистон барангехтани ҳар гуна кинаву адоват ва низоъҳои динӣ, таҳқири ҳиссиёти динӣ ва атеистии шаҳрвандон манъ мебошад. Иттиҳодияҳои динӣ тибқи ҳамин қонун бо пешниҳоди санадҳои хеш ва бақайдгирӣ озодона ба фаъолияти таблиѓотӣ машѓул шуда метавонанд. Айбдор кардани шахс бо сабаби диндорӣ ё бединӣ ва ё тарки дин манъ аст. ҷалб кардани ноболиѓон ба фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, ба ноболиѓон додани таълими динӣ бе иҷозати хаттии падару модар ё шахсони онҳоро ивазкунанда манъ аст. Азбаски иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд, пас онҳо дар интихобот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ иштирок наменамояд, инчунин дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои сиёсӣ иштирок накарда, ба онҳо кумаки моддӣ ва дигар кумакҳо намерасонанд.

ҳамин тариқ, дар ҷумҳурӣ комилан масоиле нест, ки мояи ихтилофоти ақидатӣ ва падид овардани зуҳуроти номатлубе, аз қабили терроризму ифротгароӣ бошад.

 Саидмукаррам Абдуқодирзода

 Раиси Шӯрои уламо

وقت الصلاة في طاجيكستان

23.04.2024

أكثر
الفجر04:01
الظهر12:40
العصر17:21
المغرب19:20
العشاء20:51
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно до

أكثر