Home Articles Гумроҳ

Гумроҳ

Гумроҳ
2019-11-16
2225

Дунёе, ки мо дар он зиндагӣ мекунем, муайянкунандаи дараҷаи дунёи охират аст ва мувофиқи амалҳои дар ин дунё кардаи банда, агар он амалҳо нек бошад, барояш аҷру подошу савоб ва агар бад бошад, азоби дардноку пушаймонӣ аст, аммо боз гуноҳҳое ҳаст, ки бандаро ҷовидон дар дӯзах азоб карда мешавад ва он амали хеле разилонаву дилхарош, қатли инсони бегуноҳ аст. Имрӯзҳо ҳар як фарди ҷомеа аз тариқи ВАО, шабакаи интернетӣ ва дигар воситаҳо бохабар аст, ки як гурӮҳи мусаллаҳ номардонаву ноҷавонмардона ҳуҷум ба дидбонгоҳи сарҳадӣ намуданд, ки дар натиҷа хуни ноҳақ рехта шуд. Ба сари ҳар як фарди солиму солеҳ фикре меояд, ки ин нафарон пеш аз он, ки ба ин амали зиддиинсонию зиддиисломӣ даст зананд, фикр накарданд, ки ин амали онҳо бадтарин амал аст дар назди Худованди ҷаббору қаҳҳор ва нафраткардатарин амал аст, назди инсоният ва дар кадом асос ва бо кадом ақл ин амали нангинро ба ҷо оварданд ва ягона посух ба ин савол: Ин нафаронро чашми қалб кӯр гардида ва аз роҳи ҳақиқат берун рафта ва онон ГУМРОҲанд. Он нафароне, ки дар роҳи ҳимояи Ватан ҷон ба Ҳақ таслим намуданд, дар назди Худованди меҳрубон азизтарин бандагонанд, ки ҳашри онҳо фардо рӯзи қиёмат бо Пайғамбарон (а) – анд ва онон ҷовидон дар дилу дидагони тамоми мардуми кишваранду ҳамеша дар ҳаққи онҳо дуои нек карда мешавад. Аммо он гумроҳонро чӣ интизор аст? Худованди қодир дар каломи поки худ мефармояд: “ Ва ҳар кӣ мӯъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад ва Худо ба ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст”, сураи Нисо, ояти 93.

Пас ин далел барои дигар гумроҳон таконе бошад, ки аз оқибати амалҳои худ андеша кунанд, ки фардо дигар тавба қабул нест ва пушаймонӣ суд надорад...

Нурулло Ҳидоятов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Тезгузари шаҳри Конибодом

Pray time in Dushanbe

24.04.2024

More
Fajr03:59
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:21
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More