Home Articles Аз ҳақиқат дурмондагон...

Аз ҳақиқат дурмондагон...

Аз ҳақиқат дурмондагон...
2019-11-16
2160

Ислом дини адлу эътидол, сулҳу субот ва дини муҳаббату дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмию таҳаммулпазирӣ, меҳрубонию парҳезгорӣ, хушгуфторию хушрафторӣ, бародарию баробарӣ ва муомилаи нек бо хешу табору ҳамсоягон ва албатта метавон гуфт, ки тамоми хислатҳои неки инсонӣ дар исломи азиз ҷамъ гардидааст ва инчунин ҳамеша дини ислом пайравонашро аз бадахлоқӣ, бадзабонӣ, бадбинӣ, буғзу адоват, фиребу найрангбозӣ ва он амалҳое, ки инсонро хору беқадр мегардонад ва ҳатто аз доштани нияти бад ва кардани гумони бад нисбати ҳамдигар барҳазар медорад. Аммо сад афсӯс, ки дар олами ҳастӣ боз гурӯҳу равиявҳо ва ташкилотҳое ҳам ҳастанд, ки даст ба қатли ноҳақ мезананд, чуночӣ шаби 6 –уми ноябри соли 2019 гурӯҳи мусаллаҳи ниқобдор бо истифода аз силоҳ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ҳуҷум карданд ва дар натиҷа хуни ноҳақ рехта шуд. Чӣ амали баду нангине ба ҷо оварда шуд ва асос дар он аст, ки ин ташкилотҳои ба ном исломӣ боз даъвои мусалмонӣ мекунанд ва чун амали онҳоро дар тарозуи инсониву исломӣ баркашем ҳақиқати онҳо барои умум маълум мегардад. Худованди карим мефармояд:“Ва бандагони Худо касонеанд, ки бо Худо маъбуди дигарро намепарастанд ва ҳеҷ нафасеро, ки Худо ҳаром кардааст, намекушанд – магар ба ҳақ; ва зино намекунанд; ва ҳар ки ин корро бикунад ба уқубати душвор бармехӯрад”. Сураи Фурқон, ояти 68. Пас аз ин далел метавон онҳоро мусалмон гуфт? Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) куштани мусалмони бегуноҳро ба куфр таъбир намудаанд, чунончӣ:” Худованд ҳамаи гуноҳонро мағфират мекунад магар касеро, ки дар ҳолати мушрикӣ мурда бошад ё як нафар мусалмони бегуноҳро дониста бикушад. (Абудовуд). Инчунин:”Куштани мусалмон куфр ва дашном доданаш фисқ аст”. (Бухорӣ, Муслим).

Пас ин нафарон ва аз ҳама дурусттару саҳеҳтараш ин ташкилотҳои ба ном исломӣ аз ҳақиқати инсонию исломӣ дурмондагонанд!.

А. Аброров, Н. Ҳидоятов

ходимони дин

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More