Home Articles Халқу ватан аз хиёнаткорон безор аст

Халқу ватан аз хиёнаткорон безор аст

Халқу ватан аз хиёнаткорон безор аст
2019-11-16
2526

Дар рӯзҳое, ки мардуми саодатманди тоҷик бо хушнудӣ Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда истода будем, иддае аз нотавонбинону бадхоҳони миллат, ки гирифтори хурофоту тассуб гардида буданд, бо ҳамлаи ноҷавонмардона ба мазрбонони кишвар ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом доданд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷиеистон шаби 06-уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд.

         Дар рафти ин ҳамлаи ноҷавонмардона Диловар Толибов, муовини сардори дидбонгоҳи "Султонобод" ва як қатор сарбозони шуҷои Ватан қаҳрамонона ҳалок гардиданд, ки ба волидону наздикон ва пайвандони онҳо аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил хоҳонем.

Тавре аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, ҳамлаварони хиёнаткор аксаран зодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, солҳои охир ба доми гуруҳҳои ифротӣ афтида, айни замон ба Ватан – Модари худ хиёнатро раво дида истодаанд.

Аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм, фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад”. Дар робита ба ин муҳтарам Ҷаноби Олӣ борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Аз нигоҳи дини мубини ислом низ ҳифзи Ватан ва таҳкими сулҳу суботу оромӣ барои ҳар як мӯъмину мусалмон қарз буда, Худованди бузург ба тақвияти гуфтаҳои боло дар Қуръони Карим, сураи Оли Имрон мефармояд: “Эй муъминон сабр кунед ва дар сабр устувор қадам гузоред, (яъне муҳозифат ва тартибот)-ро мустаҳкам кунед ва дар сулҳу ваҳдати мардум аз Худованд битарсед, шояд шуморо Худованд бубахшад”.

Дар ҳадиси Пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) омадааст: “Ҳуббул-ватани минал-имон”. Яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист. Дар ин маврид  дар ривояте зикр гардидааст, ки: “Дар рӯйи замин овозҳои зиёде мебошанд, вале фариштагон се овозро ба осмон мебаранд”.

  1. Овози қалами нафаре, ки дар роҳи хайр ва ҳидояти ҷомеа ба роҳи рост менависанд;
  2. Овози чархресии занон ва ривоҷи ҳунарҳое, ки барои мардум нафърасон мебошанд;
  3. Овози қадамзании ҳомиёни Ватан, ки, барои ҳимояи марзу буми кишвар гузошта мешавад.

Аз нигоҳи дигар дини муқаддаси ислом бандаҳои худоро амр ба хифзу ҳиомояи Ватанашон намуда, оид ба савоб ва аҷру мукофотҳои ин амали нек, чандин башоратҳои дилгармкунанда додаст. Аз он ҷумла Худованди бузург мефармояд: «Эй муъминон, сабр кунед, қадами худро устувор нигаҳ доред ва марзу буми зодгоҳатонро ҳифзу ҳимоя намоед, аз азобҳо ва ғазаби Худованд битарсед, то ки аз растагорону наҷотёфтагон шавед» (сураи Оли Имрон ояти 200).

Расули акрам (с) дар чандин аҳодиси худ чунин башоратҳо додаанд: «Як шабонарӯз ҳифзу ҳимояи марзу буми Ватан дар роҳи ризогии Худо, беҳтар аст аз якрӯза рӯзаи нафл ва якшаба қиём кардан…» (аз Салмони Форсӣ бо ривояти имом Муслим).

«Ду чашме аст, ки ҳаргиз дар рӯзи қиёмат оташи дӯзахро намебинанд:

1. Чашме, ки аз тарси азобу ғазаби Худо гиря мекунад.

2. Чашме, ки барои ҳифзу ҳимояи марзу буми зодгоҳи худ дар роҳи ризогии Худо, шабро бе пӯшида шудан рӯз мекунад. (аз ибни Аббос бо ривоятҳои имом Тирмизӣ, Насоӣ ва Дорамӣ).

«Як рӯз ба хотири ризогии Худованд, марзу буми Ватанро ҳифзу ҳимоя намудан, аз дунё ва ҳарчӣ дар дохили он аст, беҳтар мебошад» (аз Саҳл ибни Саъд бо ривояти имом Бухорӣ).

Ин аъмоли разилонаву зишти хоинони миллати тоҷик, ки ҳадафашон бадномкунии дини мубини ислом ва бо ихтилофҳо сабаби парешонию фурӯпошии якдилӣ ва аз байн рафтани арзишҳои исломи ноб шуда истодааст аз ҷониби тамоми ҷомеа мавриди маҳкумият қарор гирифта истодааст. Чуноне огаҳӣ дорем, ҳамлаҳои марзиро ҷангиёни давлати бо ном исломии Ироқу Шом ба уҳда гирифтаанд. Аъмоли зишти ин тангназарон, ки ба қатлу куштори бахусус мусалмонон боис гардида истодааст, аз нигоҳи дини мубини ислом нораво мебошад, зеол ин тангназарони гумроҳ фаромӯш намудаанд, ки Пайғамбари Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар гоҳ ду мусулмон бар зидди якдигар шамшер баркашанд, пас кушанда ва кушташуда ҳарду дар дӯзаханд».

Бо дарки муҳимияти сулҳу субот, оромиву субот дар Тоҷикистони маҳбуб, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии сокинони кишвар зери роҳбариву роҳнамоии Пешвои муаззами миллат мо ходимони дин ин кирдори ғайриинсононаи хоинону бадхоҳони миллати тоҷикро, ки бо ҳар роҳу восита мехоҳанд оромиву суботи моро халалдор созанд маҳкум менамоем.

Муҳаммадюсуф Қозиев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи

ба номи Имоми Аъзами шаҳри Бӯстон

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More