Home Articles Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизмро масъулияти худ донем

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизмро масъулияти худ донем

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизмро масъулияти худ донем
2020-02-17
1678

 Экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, ки инсонро дар тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд. Дар асрҳои миёна ва давраи нав шахсони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи ваҳму ҳарос, даҳшат мехостанд мақсади нопоки худро бар дӯши дигарон бор карда, одамони бегуноҳро қурбон менамуданд.

      Аз ибтидои асри 21 амалҳои террористию экстремистӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо истифода аз техникаву технологияи муосир роҳҳои нави фаъолиятҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд...

       Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқло­ли­яти давлатӣ дар ҷумҳуриамон низоъҳои дохилӣ бархоста, бархе аз манфиатҷӯён ба гурӯҳҳо тақсим шуданд. Ташкили ин гурӯҳҳо бар сари мардуми сарбаланди тоҷик даҳшати зиёд овард. Бародар хуни бародарро мерехту писар аз гиребони падар медошт. Ҳамаи ин ноадолатиҳо ба халқи мо зарари бештар оварду ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Ҳар яке аз гурӯҳҳо мехост, ба сари қудрат омада, зимоми давлатро ба даст гирад. Хуллас ин ҷанги шаҳрвандӣ як фоҷеаи бузурге барои миллати тоҷик буд.

       Бо хости Худованд ва хирадмандӣ, хайрхоҳию сиёсати сулҳҷӯёнаву инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо дарки амиқи зарурати сулҳу субот алангаи оташи ҷанги бародаркушӣ хомӯш гардид. Манфиати миллату давлат ва ватанро аз ҳама боло донист ва ин буд, ки дар муддати кӯтоҳ дар кишвари мо сулҳу субот аз нав пойдор ва Истиқлолияти давлатӣ комил гардад.

        Тибқи нишондодҳои оморӣ зиёда аз 65% аҳолии кишварро ҷавонони синнашон то 30-сола ташкил медиҳанд. Яке аз мушкилоти имрӯзаи мо ин гароиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мебошад. Буданд омилҳое, ки барои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву тундгаро мусоидат карданд. Аз фазои холии идеологӣ. надоштани маълумоти ибтидоӣ, маърифати динӣ, бесаводӣ, надоштани ихтисос, истифода бурда, фирефтаи суханҳои бардурӯғи шахсони ифротӣ гардиданд.

        Вақти он расидааст, ки мо сари он андеша намоем, ки як сохтор ё мақоми давлатӣ наметавонад, ки дар танҳоӣ алайҳи зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ мубориза баранд. Ин масъулиятро мо бояд ба хубӣ дарк намоем. Барои мо лозим аст, ки ба ҷавонон маърифтаи созандаро омӯзонем, на сӯзанда. Аҳли зиё, аҳли ҷомеа, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки даст ба дасти ҳам диҳем ва дар ҳамбастагӣ ҷавонони гумроҳро аз ин зулумот раҳо дода, то шоҳроҳи Истиқлолияту Ваҳдат раҳнамоӣ кунем. Муборизаро дар ин роҳ бо баргузории вохӯрию сӯҳбатҳо, корҳои таблиғотӣ, тарбиявӣ, фаҳмондадиҳӣ, сӯҳбатҳои инфиродӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ бештар созем.

       Ҳамаи мо вазифадорем, ки худ намунаи ибрати дигарон бошем. Нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонони кишварро баҳри ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон роҳнамоӣ созем. Пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонапарвар ва хиёнаткор бигирем. Пос доштани арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонем, то воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошанд.

         Имрўз бо итминони комил гуфта метавонем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти комили Ватан хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More