Home Articles ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РУКНИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РУКНИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РУКНИ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛАТ
2020-11-20
1744

Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон.

Ибтидо ҳамду сано ба Худованди бузургу тавоно ва салавоти беандоза ба Расули Ӯ – ҳазрати Муҳаммади Мустафо, ки чунин рӯзгори хушу осуда ва як зиндагии орому саодатмандонаро барои мову Шумо дар рӯи Замин офарид. Ва баъд аз ин, шукри ин Ватан, ин хоку обу марзу бум, ки мову Шумо дар он ба сар мебарем ва нафаси осуда мекашем. Шукри неъматҳои истиқлоли Тоҷикистон, ки як кишвари дар ҳоли пешрафт қарор дорад ва шукри Пешвои миллат, ки барои рӯзгори ободи Тоҷикистон ва амну осоиштагии он шабонарӯз заҳмат ва масъулият дорад. Худоро шукр мегӯем, ки моро дар кишваре халқ кард, ки пур аз нозу неъматҳои моддию маънавӣ буда, табиати зебо ва мардуми некхоҳу сулҳпарпар дорад.

        Мо ҳамасола рӯзи 24-уми ноябрро ҳамчун рӯзи - Парчами миллии Тоҷикистонро ҷашн мегирем. Парчам як матоест, ки бо рангҳои сафеду сурху сабз ва тоҷ дар миёна ороста шудааст ва мо ҳамарӯза онро дар биноҳои маъмуриву идорӣ, дар ҳама сохторҳои давлатӣ мебинем. Ин парчам ҳамарӯза парафшон аст ва мудом алвонҷ мезанад. Ин мушоҳидаи умумии парчам аст, ки мо ҳамеша онро мадди назар дорем.

          Парчами ҳозираи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст ва мову Шумо хуб медонем, ки эҳёи дубораи миллати арҷманди тоҷик маҳз аз замони истиқлол шурӯъ шуд. Истиқлолият зиндагии моро шукӯҳу таровати тоза бахшид ва арзишҳои миллии моро низ дигар кард. Паёмбари акрам саллалоҳу алайҳи ва саллам мефармояд, ки “дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Ҳар касе ки соҳиби имони комилу садоқати холис бошад, Ватани худро дӯст медораду барои ободӣ ва хуррамии он саъю талош мекунад.

         Яке аз рукнҳои муҳими истиқлоли мо – қабули             Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки соли 1994 амалӣ гардид. Тибқи ҳамин Конститутсия, ки муҳимтарин санади танзими рӯзгори мо ба ҳисоб меравад, се унсури асосии муқаддасоти миллӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ муайян шуданд. Инҳо аломатҳои асосии истиқлол ва рамзҳои ҳастии миллат ба шумор мераванд. Дар байни ин се унсур – Парчами миллӣ аз нигоҳи таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллат аҳамияти хоса дорад.     

         Эҳтироми хоса ба Парчами давлатӣ дар замони истиқлолияти комили Тоҷикистон имкон дод, ки дар баробари дигар рӯзҳои таърихӣ рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта шавад. Парчами давлатӣ имрӯз боарзиштарин муқаддасоте мебошад, ки боло аз ҳама дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ дар баландии 165 метр қад афрохтааст. Дар ҳақиқат боло бардоштани Парчами давлатӣ ва намудор шудани он аз ҳамаи гӯшаи пойтахти давлати тоҷикон ба боло рафтани ҳисси миллӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат менамояд.

         Воқеан парчам дар ҳаёти ҳар як давлату миллат мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд. Дар он рангҳои сурх, сабз ва сафед ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед, ояндаи ҳаёт, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситораҳо ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ, инъикоси худро ёфтаанд. Парчам моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва мубориза баҳри зиндагии арзанда ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва роҳнамоӣ менамояд.

        Вақте варзишгарони тоҷик дар ин ё он мусобиқаҳои байналмиллалӣ ғалаба ба даст меоранд ва Парчами миллии Ҷумҳуриамон барафрохта  мешавад,  қалби ҳар як шахси ватандӯстро ҳисси фараҳу шодӣ фаро мегирад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ба арҷгузории мардуми тоҷик нисбати ин муқаддасоти миллӣ нигоҳ карда, намояндагони дигар халқияту миллатҳои муқими ҷумҳурӣ бо боло бардоштани Парчами Тоҷикистон ҳамраъйии худро ба халқу давлати Тоҷикистон нишон медиҳанд. Дар сохтмонҳои навбунёд, сафоратхонаю идораҳои консулгарӣ, лоиҳаҳои инвеститсионии ташкилотҳои байналмилалӣ парчами давлатҳои бо Тоҷикистон ҳамкоридошта дида мешавад, ки ба натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба зинат мебахшад. Дар ғарибӣ ва ҳолатҳои берун аз ватан будан ҳангоми рӯ ба рӯ омадан ба Парчами давлатии Тоҷикистон кас гӯё бо ҳамватани худ, гӯё бо як тоҷики асил вомехӯрад. Лаҳзае истода, эҳтироми онро баҷо меорад ва ёди ватани азизу маҳбуб мекунад.

      Эҳтироми волои Парчам аз замонҳои қадим дар сарчашмаҳои таърихӣ дида мешавад. Аз ҷумла доимо боло ва рост будани Парчам, дар дасти шахси муътабару ғаюр будани Парчам, дар сафи пеш қарор доштан ва ситоишу тараннум намудани он аз эҳтироми хоса доштан ба Парчам гувоҳӣ медиҳад. Дигар андешаи муҳим ин аст, ки қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои асосии худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

       Ҳар як халқу миллати соҳибдавлат дорои рамзҳои давлатдорӣ мебошад. Ин аломатҳо ифодагари хусусиятҳои хоси давлатдории ҳамон халқ буда, барои наслҳо мояи ихтихор ва эҳтироми абадӣ мегардад. Яке аз ин рамзҳои давлатдорӣ Парчами миллӣ аст, ки дорои маъно ва тарзу тартиби хоси истифодабарӣ мебошад. Дар давлатдории муосири Тоҷикистон дар паҳлӯи Парчами миллӣ инчунин дирафши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дошта, дар он тасвири «Дирафши ковиён» инъикос ёфтааст, ки он ифодагари рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ аст.

        Ҳамин тавр, донистани қадри муқаддасоти миллӣ, аз қабили Парчами миллии Тоҷикистон маънои донистани қадри Ватан ва арзишҳои онро дорад. Буду набуди ватан, эътибору шаъну шарафи онро маҳз ҳамин рамзҳо ифода мекунанд.  Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар доимо пойбарҷо бошад ва бояд ҷаҳду талош кунад, ки ба қадри неъматҳои ин ватан бирасад ва барои ободии он заҳмати худро дареғ надорад.

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More