Home Articles САРЧАШМАИ БАЪЗЕ ДАХОЛАТҲОИ НОҶО БА ЗИНДАГИИ ҶАВОНОН

САРЧАШМАИ БАЪЗЕ ДАХОЛАТҲОИ НОҶО БА ЗИНДАГИИ ҶАВОНОН

САРЧАШМАИ БАЪЗЕ ДАХОЛАТҲОИ НОҶО БА ЗИНДАГИИ ҶАВОНОН
2021-02-09
1809

Аслан ҳар қиссае, ки барои хонандаи азиз нақл мекунем, воқеӣ буда, дар ҳузури гурӯҳи кории ТҶ ”Пайроҳаи хушбахтӣ” ва ё дар танҳоӣ дар шоҳидии банда ба вуқӯъ омадааст ва барои ибрати дигарон ба таври махфӣ бе ошкор намудани ягон нишонаву маълумот ва бо нигоҳ доштани сирри муроҷиаткунанда ва бо таъғир додани баъзе паҳлуҳо онро ба маърази умум мегузорем, то ба ҳар як нафари соҳибақлу соҳибхирад дарсе бошад ва як таконе, то дар зиндагӣ хато наравад. Инсони комил ҳамон нафаре аст, ки аз хатогии дигарон барои худ дарси ибрат мегирад ва дар худ камбудии дигаронро ислоҳ менамояд ва ин сатрҳои инҷо овардашуда низ ба ин умед аст. Ростӣ, чӣ тавр нақл кардани баъзе қиссаҳо душвор аст ва банда ба фикр фурӯ меравад, ки он ба иззати нафси нафаре нарасида бошад, аммо мақсад, ки барои дигарон дарсе бошад, қадам устуворона мегузорем, то дар ислоҳи камбудиву нофаҳмиҳо саҳмгузор бошем. Ғӯтавар дар дунёи хаёлоти худ қадамзанон рафта истода будам, ки нафаре бо камоли эҳтиром ва бо риояи одоби муошират салом доду ду даст пеши бар аҳволпурсӣ намуда, миннадорӣ ва аз вохӯрӣ бо банда хеле шод будани худро изҳор намуд, ба ростӣ, ман намедонистам ин нафар кӣ бошад, шояд ба ягон нафар монанд карда бошад, ки пайваста миннатдорӣ намуда истодааст ва дарҳол пурсидам, ки ман шуморо нашинохтам! Хато накунам як сол зиёдтар шуд, ки ман бо масъалаи оилавии духтарам муроҷиат карда будам, байни духтарам ва хушдоманаш (модари шавҳар) ниҳоят зуд – зуд нофаҳмӣ ва низоъҳои беасос ба миён меомад ва маҷбур шудем бо роҳнамоии наздикон ба ТҶ “Пайроҳаи хушбахтӣ” муроҷиат намоем ва дар қабули шумо будем, намедонам шумо ба он кас чӣ гуфтед, ки баъди он тамоман муомилаашон бо духтарам дигар шуд, ҳоло бошад дар фазои оилаашон тинҷию оромӣ ҳукмфармо буда, ҳамдигарфаҳмӣ ба миён омадааст ва сабаби миннатдории ман ҳам дар ҳамин аст, бори дигар раҳмати калон. Суханҳои ҳамсӯҳбати худро гӯш мекардаму барои тасдиқи он бо ишора сари худро поёну боло бурда дар як лаҳзаҳои кӯтоҳе дар саҳифаҳои хаёлоти худ бо шитоб қадамзанон шурӯъ ба варақгардонии он намуда, симо ва сабаби муроҷиатро мекофтам... Бо пурсидани иҷозат зани калонсол бо нафаре дохили ҳуҷра шуданд, фикр кардам, ки албатта ин модар аст ҳамроҳи духтараш омада то аз болои домод шикоят кунанд, ки асосан барои муроҷиат духтарон ҳамроҳи модари худ меоянд, аммо инҳо чунин набуданд. Нишастан замон модар ба ҳуҷум гузашту келинди худро дар як миҷҷазадане он чунон сиёҳ намуд, ки ҳар касе агар шоҳиди ин суханҳо мебуд, бегумон фикр мекард, ки шояд аз ин келин дида дигар одами бад ҳам набошад? То ҷое ба таҳқиру пасткуниҳои модар гӯш додаму гуфтам, ки шояд келиндатон ҳам ягон сухани гуфтанӣ дорад,  ӯро ҳам шунавем, чӣ мегуфта бошад? Келинд ҳам ба мисли хушдомани худ хеле доно, на,  дурусттараш зирбида гӯем, шояд хато накунем, чунончӣ, ки мегӯянд, лойи келину қайно (хушдоман) аз якҷо гирифта шудааст ва келин рӯ ба тарафи хушдоман намуда гуфт, ки модар ҷойгаҳи хобатонро дар байни ману писаратон андохта хоб кардед-ку! Аз шунидани ин сухан модар бо ду дасти худ рӯяшро пӯшонида гуфт:”Вай мууур!Мана шарманда кардӣ-ку”! ...(нутқи айнан нақлкардашуда аст, ки аз забони гӯянда шунида шудааст). Фикр кардам, шояд ин ҳамсӯҳбати ман ҳамон оила ва ҳамон сӯҳбатро дар назар дорад? На! На! Онҳо нестанд, онҳо... Боз ба дарёи хаёлоти худ ғӯтавар шуда ба соҳиле расидам... Модар бо келини худ дар ҳузури гурӯҳи корианду келинд аз низову баҳс ва кашмакашҳои беасос ба дод омада ва чӣ тавр давом додани зиндагиро намедонад, якравиву нофаҳмӣ ва ҷанҷолҳои оилавӣ ӯро ба кӯчаи сарбастае оварда ва роҳи аз он баромаданро намеёбад, хулласи калом кор то ба ҷое омад, ки як қадам пас пушаймонӣ асту афсӯсу надомат. Аз бӯи суханкуниҳои ин зан маълум аст, ки шавҳар надорад,  то бад нагирӣ нек наоядро асос намуда қадаме барои ҳалли масъалаи бамиёномада гузоштаму аз модар пурсидам, ки саволе дорам, агар зид набошед онро мепурсам ба шарте, ки бароятон маъқул нашуд, ба раис шикоят намекунед, боз пурсидам, ки агар савол мавриди писанди шумо набошад, ба ягон роҳбару дари кушода шикоят намекунед ва дафъаи сеюм мепурсам, ки агар савол ба шумо маъқул нашуд, ваъда медиҳед, ки сухани задашуда ҳамин ҷо мемонаду онро фаромӯш намуда аз мо намеранҷед? Албатта дар ҳар се мартаба ҷавоби мусбӣ ва некро шунида, гуфтам, ки ба ваъдаатон вафо намоед ва ман мехоҳам аз шумо бипурсам, ки оё шумо шавҳар кардан мехоҳед? Новобаста аз синну соли шумо агар розиед, мо мекӯшем бароятон ҳамсари мувофиқеро барои издивоҷ ёфта бошем, то зиндагии худро оромона пеш бурда бошед. Модар аз шунидани ин суханон чӣ гуфтани худро намедонист, дар як ҳолати шахшуда қарор дошт ва дарҳол худро ба даст гирифта ҷавоби радро дод, гуфтам: Ин ҳама бардору занҳои шумо, хархашаву муноқишаҳои беасос ва муносибати сард як маънӣ дорад, медонед он чӣ аст? Ман шавҳар кардан мехоҳам! Ман шавҳар карданӣ ҳастам, шавҳар! Албатта аз чунин ранг гирифтани муомила модар дар ҳайрат монда, аммо, мо маҷбурем, ки бипурсем ва роҳи баромадро аз ин муаммои сарбаста ва аз инчунин муаммоҳо ёфта бошем. Ҳамсӯҳбатам хайру хуш намуда роҳи худро пеш гирифт ва ман қадамзанон боз ба кӯчаҳои хаёлоти худ дохил шудам... Ҳар боре ки муноқишаи оилавӣ ва нофаҳмиву низоъҳои беасос байни келину хушдоман сар занад, аввалин саволе, ки дар фикри ман меояд, оё ин зан шавҳар дорад? Дар аввалҳо ба ин фикри ман гурӯҳи корӣ зид буданд, вале бо гузашти вақт ҳақ будани ин фикр исботи худро ёфтааст. Борҳо шудааст, ки аз баъзе занҳои калонсол бо ҳазлу шӯхӣ бошад, ҷиддиву нимҷиддӣ бошад, албатта ҳангоми даст додани имконияти хуби саволкунӣ пурсида шудааст, ки мабодо дили шавҳар карданӣ надоред ва кам нестанд он занҳое, ки ҷавоби мутлақи радро дода бошанд ва агар ба ҷавоби додаи онҳо назар кунем, дар зери он розигӣ нуҳуфтааст, чунончи ҷавоби баъзеҳоро ҳамчун далел метавон пешкаш намуд, ки мегӯянд дар назди домоду келинҳо, қудову анда ин чӣ хел мешавад? Ва фикр мекунам ҳамин ҷавоб барои хулосабарорӣ кифоя аст ва инҷо рӯ меорем ба Қуръон ва суханони Пайғамбари гиромиқадр(дуруду салом ба рӯҳи покашон), ки он беҳтарин тарозу аст дар баркашидани тамоми амалҳо то хато наравем ва саодатмандиву сарбаландии дорайнро дарёфта бошем, Худованди меҳрубон  мефармояд:”Ва шуморо ҷуфт – ҷуфт офаридем”, сураи Набаъ, ояти 8;          

“Ва аз ҳар чиз ҷуфте офаридем, то шумо пандпазир шавед”, сураи Зориёт, ояти 49. Худованди меҳрубон ҳама чизро ҷуфт – ҷуфт офарида:Нарина ва модина, талх ва ширин, осмон ва замин, шаб ва рӯз, нур ва зулумот, нек ва бад ва монанди инҳо, яъне:Коинот, ҳастӣ ва тамоми мавҷудотро ин гуна ба низоми завҷият (ҷуфт – ҷуфт) офарид то бандагон панд бигиранд.

“Ва аз нишонаҳои Худо он аст, ки барои шумо аз ҷинси худатон занон офарид, то бо онҳо ором гиред ва дар миёни шумо дӯстию меҳрубонӣ пайдо кард. Ба дурустӣ, дар ин кор барои гурӯҳе, ки андеша мекунанд, нишонаҳое ҳаст”. Сураи Рум, ояти 21.

“Онон барои шумо либосе ҳастанд ва шумо ҳам барои онон либосе ҳастед”, сураи Бақара, ҷузъе аз ояти 187. Метавон гуфт, ки ҳар як зан ва мард ҳамсарашро ҳамчун либос пӯшонида ва ӯро аз бадкорӣ боз медорад ва албатта ниёзи ҳар кадоми онҳо ба дигарӣ аст ва дар ин асос ҷуръате намуда метавон гуфт, ки вақте ҳар фард новобаста аз синну сол соҳиби ҳамсар аст, шояд ба зиндагии дигарон дахолат накунад, шояд?

“Ва ҳамсар диҳед(ба никоҳ диҳед) марди беҳамсар ва зани бешавҳарро...”, сураи Нур, ҷузъе аз ояти 32. Дар шарҳи оят меоранд, ки новобаста аз он, ки бикр (духтар) аст ва ё бева (зани шавҳардида) ҳамсар диҳед, бояд донист, ки никоҳ суннате аз суннатҳои муаккадаи Пайғамбари гиромиқадр аст, чунончӣ Пайғамбари гиромиқадр мефармоянд:”Никоҳ аз суннати ман аст, пас касе, ки аз суннати ман эъроз (рӯйгардон ва дурӣ ҷустан) кард, аз ман нест”. (Ибни Моҷа). Албатта шарт он аст, ки издивоҷкунанда қудрат бар никоҳ дошта бошад ва аз ӯҳдаи масъулиятҳои никоҳ барояд.

Абуҳурайра (Худо аз эшон розӣ бод) ба ин маънӣ мефармоянд, ки агар аз умрам як рӯз боқӣ монда бошад, ман албатта издивоҷро пешаи худ қарор медиҳам ва Худоро чун мулоқот мекунам, дар ҳоле, ки ман зандор ҳастам, зеро аз Пайғамбари гиромиқадр шунидаам, ки мефармоянд:Бадтарини шумо муҷаррад (танҳо) – и шумо аст. (Табаронӣ).

Нурулло Ҳидоятов

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More