Home Articles ОДОБИ КОР ВА АМАЛ

ОДОБИ КОР ВА АМАЛ

ОДОБИ  КОР ВА АМАЛ
2021-02-28
1659

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Дар дини мубини Ислом кору фаъолият кардани ҳар як нафар ба хотири бо роҳи ҳалол таъмин кардани ризқи худ ва нафақаи оила ибодат ҳисобида шуда, ҳамин тавр диққати моро ба касби даромади ҳалол ҷалб кардааст. Аллоҳ таъоло мефармояд:

“Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ноҳақ махўред, ғайри молҳои тиҷоратӣ, ки ҳарду тараф ба он ризоият дода бошед”. (Нисо ояти 29)

Дини мо дар ин замина баъзе қонуну қоидаҳоро пешниҳод кардааст. Ба ҳақ ва меҳнат эҳтиром гузоштан, иҷро кардани уҳдадориҳо, дуруст рафтор кардан, корро ба хубӣ иҷро кардан, одил будан, самимӣ ва нияти нек доштан, ба аҳду ақд  вафо кардан ва ғайри инҳо қоидаҳое ҳастанд, ки риоя ва иҷро кардани онҳо ҳангоми кору фаъолият ҳатмӣ мебошанд.

Коргар ва корфармо бояд тибқи усул ва қоидаҳои кору фаъолият рафтор намоянд. Дини мубини Ислом корфармоеро, ки коргаронро азоб дода, ҳаққашонро намепардозад, қабул надорад ва дар баробари ин, коргаронеро, ки бо корфармо ба тавофуқ намерасанд ва корашонро хуб иҷро намекунанд, тарафдорӣ намекунад.

Шоире фармудааст:

Қадри ту аз кўшишу корат барояд бар фароз,

Шаб нахобад он ки майлаш сўи боло рафтан аст.

Орзуи қадри воло бе талошу ранҷи даст,

Сарфи умри хеш андар хаёли воҳӣ аст.

Меҳнати дасти инсон ва ҳар кори бо арақи ҷабин ва нури чашм ҳосилшуда, то замони ба даст овардани ризояти Худо дар сатҳи ибодат мебошад. Рўзе аз наздики маҳалли зисти Пайғамбар (с) як марди қавӣ ва тануманд мегузарад. Пайғамбар (с) мегўянд:

“Агар ин одам барои таъмини таоми фарзандони хурдсолаш баромада бошад, дар роҳи Худо аст. Агар барои таъмини эҳтиёҷоти падару модари пираш баромада бошад, дар роҳи Худо аст, барои ба даст овардани ризқи худаш баромада бошад, дар роҳи Худо аст”.

Дар ҷойи дигар Пайғамбар (с) мефармояд:

“Барои инсон луқмаи бо меҳнати худаш ба даст оварда аз ҳама ширинтар аст. Паёмбари Худо Довуд (а) бо дастони худаш ризқашро ба даст меовард”. (Бухорӣ).

Ҳамин тавр Пайғамбри Худо (с) боарзиш будани нони бо меҳнат ба даст овардаро баён кардаанд. Саъйу талош кардан баҳри ободонии ҷомеа ва зиндагии саодатмандона барои ҳар фарди мусулмон ҳатмӣ ва зарур аст. Чунки дунё киштзоре барои ҷаҳони охират аст ва ҳамон тавре ки маълум аст, кишоварз ҳамеша мекўшад, то киштзораш обод бошад, дар нигоҳубини он аз тамоми васоил ва имкониятҳо истифода мебарад, то ки офату зараре ба он нарасад. Ҳадафи мусулмон аз кору пайкораш дар ин дунё сер доштани бадани хеш аз рўзии ҳалол, боздоштани он аз луқмаи ҳаром, эҳсону некӣ кардан ба афроди ҷомеа ва ободии замин аст.

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More