Home Articles РОСТӢ МӮҶИБИ РИЗОИ ХУДОСТ.

РОСТӢ МӮҶИБИ РИЗОИ ХУДОСТ.

РОСТӢ МӮҶИБИ  РИЗОИ  ХУДОСТ.
2021-02-28
1302

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

       Ҳамду сано Парвардигореро, ки паёмбаронашро бо ҳуҷҷат фиристод ва тавассути мўъҷизаҳо қувваташон  бахшид ва барояшон дастур дод, то ростгў бошанд ва дуруду саломи бепоён ба Паёмбари росгўю ростқавл Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш бод.

         Яке аз ахлоқи накӯ, ки имрӯзҳо хеле камранг шудааст, садоқат ва ростӣ ва ростгӯӣ аст. Имрӯзҳо аз сабаби он, ки ин ахлоқи ҳасана аз миёни мо доман мекашад ва қариб, ки моро тарк намудааст дар миёни ҷомеа нооромӣ ва нобоварӣ ба маротиб афзудааст. Дар натиҷаи ин нобоварӣ ва камранг шудани садоқату ростӣ шакку тардид ҷамъиятро фаро гирифтааст, ки аксарият эҳсоси оромиш ва роҳатро аз даст додаанд. Ҳар гоҳ нафарони зиёди ҷомеа дучори парешонию нороҳатӣ гарданд, ҷомеаи инсонӣ низ суботу осоишро аз даст медиҳад. Ҳамаи ин натиҷаи аз ростӣ рӯйгардон шудан ва ба дурӯғ рӯ овардани инсон аст. Агар мардум баракат ва манфиати ростиро  ҳис мекарданд ҳаргиз дурӯғро истифода намекарданд. Худованди мутаъол дар каломи поки худ, дар сураи муборакаи  “Моида” ояти     119 мефармояд: “Худо гӯяд, ­ин рӯзе аст, ки ба ростгӯён ростии онон нафъ бахшад. Онон боғҳое доранд, ки аз зери он ҷӯйборон равон аст, ки дар он ҷо барои ҳамеша ҷовидонаанд. Худованд аз онон хушнуд шуд ва (онон низ) аз Ӯ хушнуд шуданд. Ин растагории бузург аст”. Ва Паёмбари Худо  саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: Он чи, ки туро ба шакку тардид меандозад раҳо карда ва ба сӯи чизе бирав, ки туро ба шак водор намекунад, чароки садоқат мояи оромиш ва дурӯғгӯи мояи шакку тардид аст. (Имом Тирмизӣ).

      Вақте дурӯғгӯи ом мегардад инсон дар ҳолати нигаронию саргаштагӣ ба сар мебарад, зеро шак ба қалби инсон роҳ меёбад ва дар натиҷа ба инсоне саргардон ва нохушнуд табдил меёбад, ки дарунаш ба ҳеҷ гуна амале итминон пайдо намекунад ва ҳеҷ гуфтору кирдореро тасдиқ наменамояд. Ҳамин сабаб аст, ки зиндагиаш ба бадбахтии ҳамешагӣ табдил меёбад. Баръакси ин ростӣ ва ростгӯӣ инсонро мутмаин месозад ва қалбашро ором нигаҳ медорад ва зиндагиашро бо фараҳмандӣ пеш мебарад. Чунончӣ дар таҷрибаҳо собит аст, инсони ростгӯ ҳамеша сарбаланду обрӯманд аст.

      Дар шарҳи ҳоли имом Бухорӣ (раҳматуллоҳи алайҳи) омадааст, ки вақте модарашон ба сафари илмомӯзӣ равонашон менамуд, таъкиди зиёд намуд, то ҳаргиз ва ҳеҷ гоҳ дурӯғ нагӯянд. Вақте дар аснои сафар  роҳзанон ба эшон ҳамла бурданд ва корвонро ғорат намуданд яке аз онҳо аз имом, ки он замон наврас буданд пурсид, ки­чи миқдор пул дорӣ? Имом Бухорӣ ҷавоб доданд: чиҳил динор. Пурсанда гумон кард, ки шӯхи мекунад ва ба ӯ эътиное накарда гузашт. Роҳзани дигаре омада ҳамин саволро ба ӯ дод ва ҳамин ҷавобро аз эшон гирифт. Ин мард Имомро назди сардорашон бурд. Сардор низ аз ӯ пурсид, ки бо худ чи дорад ва ҳамон ҷавоби чиҳил динорро шунид. Сардори роҳзанон бо ҳайрат пурсид: Чаро рост мегӯӣ? Имом ҷавоб дод: Бо модарам аҳд бастаам, ки ростгӯ бошам метарсам, ки аҳдашро бишканам. Тарсу ваҳшат саропои сардори дуздонро фаро гирифт ва фарёдзанон гуфт: Ту метарси паймони модаратро бишкани, ҳол он, ки ман аз паймоншикани аз Худо наметарсам?!

        Сипас фармон дод то ҳар чи аз қофила гирифтаанд бозпас гардонанд ва ба Имом рӯ оварда фармуд: Ба дасти ту ба даргоҳи Парвардигор тавба кардам.

        Чун дигар роҳзанон ин амалкарди сардори худро диданд гуфтанд: Ту сардори мо барои роҳзанӣ будӣ, имрӯз сарвари мо дар тавба ҳастӣ. Ва ҳамагӣ ба баракати ростгӯии Имом Бухорӣ тавба карданд.

Оре ростгӯӣ роҳи наҷот аст. Агар банда содиқ ва ростгӯ аст самараи онро ҳам дар дунё ҳам дар охират хоҳад дид. Ва баръакси ин дурӯғ ва дурӯғгӯӣ як одати бад ва хислати разила аст, ки гӯяндаашро беобрӯ, беқадру манзалат, шармсор ва радди маърака менамояд. Шахси дурӯғгӯро касе бовар намекунад ва ҳеҷ соҳибақле бар ӯ эътимод наменамояд. Ҳатто ҳайвонот низ аз дурӯғ мутанаффир ва безоранд. Шахсе гӯяд: Боре дар саҳро нишаста будам ва ба махлуқоти Худо менигаристам ва аз санъати Худо дар ҳайрат будам. Мӯрчаеро дидам, ки дар ҷӯстуҷӯ ва такопӯ атрофам чарх мезад. Донистам, ки рӯзии худро меҷӯяд пас аз хеле ҷӯстӯҷу бо пои малахе бархӯрд. Онро ба кашидан оғоз кард ва хело талош намуд, вале он пои малах хело бузург  буд, ки мӯрча аз он якчанд маротиба хурдтар буд. Онро гузошт ва ба сӯе рафт. Муддате гузашт ва он мӯрча бо гурӯҳе аз мӯрчагон баргашт. Чун дидам, ки онҳо бисёрӣ омадаанд, донистам, ки ҳамроҳонашро барои бурдани пои малах овардааст. Барои он ки каме саргарм шавам он пои малахро гирифтаму пинҳон кардам. Мӯрчаҳо бисёр ҷустуҷӯ карданд ва ниҳоят ноумед шуда баргаштанд. Чанд лаҳза пас дидам, ки он мӯрчаи аввалӣ баргашт. Ман ҳам пои малахро дар наздаш гузоштам ва ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба кашидан оғоз кард ва то нотавон шудан кӯшиш намуд чун дид, ки имкони бурдани онро надорад, боз ба ҳамон самти аввали рафт ва чанде пас бо ҷамъи мӯрчагон, ки ба гумони ман ҳамон маҷмӯаи пешина буданд баргашт. Маро ханда омад ва бори дигар пои малахро пинҳон кардам. Мӯрчагон бо ғайрати тамом пасу пеш ва кунҷу канорро ҷустӯҷӯ карданд ва чизе наёфтанд, пас ҳамагӣ ба он мӯрчаи роҳнамо ҳамла намуданд ва ӯро пора­пора намуданд. Ман аз ин рӯйдод сахт мутаассир шудам, зеро он мӯрчаи бечора ба сабаби як шӯхии беҷои ман кушта шуд ва мӯрчагон ӯро ба ин сабаб куштанд, ки гумон карданд, ки ба онҳо дурӯғ мегӯяд!

Натанҳо мӯрчаҳо балки ҳайвоноти дигар низ дурӯғро гуноҳи бузург медонанд ва соҳибашро ба қатл мерасонанд.

        Ва бузургон чи накӯ фармудаанд:

Забони покро ҳайф аст бисёр

Ки бо лафзи дурӯғ олуда созӣ

        Забон як неъмати бебаҳоест барои ҳар як сухангӯянда, ки қадри онро шояд касоне донанд, ки аз сухан гуфтан маҳруманд. Барои ҳеҷ соҳибақл арзанда нест, ки ин неъмати Худододиро ба дурӯғ, тӯҳмат, ғайбат ва беҳуда истифода кунад, то боиси озори халқи Худоо гардад.

Забон омад аз барои шукру сипос

Ба ғайбат нагардонадаш ҳақшинос

   

   Сардори Раёсати фатвои маркази исломӣ    Хомушов Ҷамолиддин

Pray time in Dushanbe

18.04.2024

More
Fajr04:10
Zuhr12:40
Asr17:17
Maghrib19:15
Isha20:46
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More