Home Articles ИЛМ НУРИ ЧАШМ АСТУ ҒИЗОИ ХИРАД

ИЛМ НУРИ ЧАШМ АСТУ ҒИЗОИ ХИРАД

ИЛМ НУРИ ЧАШМ АСТУ ҒИЗОИ ХИРАД
2021-08-17
1555

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

 Чизе, ки ҳамеша дар тӯли таърих тақозои башарият ба он заррае кам нашудааст, таълиму тарбия аст ва ин эҳтиёҷот ҳанӯз ҳам идома дорад ва дар оянда низ идома хоҳад ёфт, чунки инсоният доиман барои зиндагии дуруст, даст ёфтан ба касбу ҳунар ҳамчун манбаи ризқу рӯзӣ, барои фаро гирифтани илму маърифат ҳамчун василаи расидан ба камолот ниёз ба мураббию омӯзгор дорад. Он таҷрибаву малакаеро, ки волидайн ба фарзандон, устодон ба шогирдон, калонсолон ба хурдсолон, мутахассисони соҳаҳои гуногун ба навомӯзон медиҳанд, инчунин аввалин ҳаракоту калимоте, ки аз тарафи мураббӣ ба кӯдак ёд дода мешавад, ҳамагӣ таълиму тарбия аст. Аммо таълиму тарбия дар натиҷаи раванд ва инкишофи мароҳили гуногуни худ, ба эътибори дастовардҳои ҳаёти одамӣ хеле густариш ёфтааст. Дар ташаккулу такомули ин раванд дар ҳар гӯшаву канори олам, аз ҳар қавму миллат ахтарони равшану тобоне дурахшидаанд ва аз худ нуру сафоеро ҷиҳати таълиму тарбия, такмили одобу ахлоқи инсонӣ ба оламиён  нурафшонӣ намудаанд.

            Яке аз донишмандони форсу тоҷик Фахруддини Розӣ ин мавзӯъро дар тафсири «Мафотеҳ-ул-ғайб» пайгирӣ карда, аз ҷумла гуфтааст: «Ба ҳеҷ оқил пушида нест, ки  илму дониш сифати шариф асту комил ва ҷаҳлу нодонӣ сифати қабеҳ асту ноқис. Агар ба шахси олиме хитоб карда шавад, ки “эй ҷоҳил”, ӯ сахт ғамгин шуда, дар худ як навъ озореро эҳсос менамояд, агарчи нодрустии ин хитоб барояш маълум бошад. Ва чун ба шахси ҷоҳил нидо карда шавад, ки “эй олим”, ӯ аз ин ҳол хеле хурсанду шод мегардад, агарчи медонад, ки олим нест, зеро илм ба зоти худ шариф асту маҳбуб ва ҷаҳл ба зоти худ ноқис асту мақбуҳ».

Фахруддини Розӣ барои фазилати илм далели дигари ақлиро чунин баён доштааст: «Агар ба ногоҳ ҳайвоне бо ягон инсон рӯ ба рӯ ояд, он ҳайвон ба ваҳшат афтода, ҳолаташ дигаргун мешавад, дар ҳоле ки ҷуссаи он ҳайвон аз инсон дида бузургтару бақувваттар аст. Ва ҳеҷ шубҳае нест, ки инсон афзалтару авлотар аз соири ҳайвонот аст. Ва ин афзалияту авлавият танҳо ба хотири қуввату савлати ӯ нест, балки афзалияти инсон ба хотири илм ва ақли худододӣ аст, ки ба ин неъматҳо мудрики ҳақоиқи ашё ва иттилое бар онҳо мегардад. Ҳар кӣ аз ин неъматҳо дуруст истифода кард, ӯ аз торикиҳои ҷаҳолату разолат берун шуд ва ҳақиқату ростиро дарёфт». 

         Дигар ин, ки мардум чун касеро аз худ дар илму маърифат ва тавозуъу тақво болотару авлотар дарёбад, ба ӯ эҳтироми худро изҳор намуда, суханашро мепазирад ва  дар бисёре аз амрҳо пайраву тобеи ӯ мешавад. Ва ин аз фазилату мартабаи илм хабар медиҳад. Бузургон фармудаанд: «Ҳамон гунае, ки бадан бе рӯҳ мурдаву беҷон мегардад, рӯҳи инсон бе илм мемирад ва аз байн меравад».

Бузурге фармуда, ки «сарчашмаи ҷумлаи илмҳо се чиз аст: қалби мутафаккир, забони муаббир ва баёни мусаввир». Яъне барои олим ва инсони комил шудан одам бояд тафаккуру андеша, забони хубу гӯё ва баёни возеҳу равшан дошта бошад. Амрҳое, ки ақл ва шаҳвати инсон ба он тааллуқ мегиранд, чор гунаанд: аввал, беморӣ ва ҷумлаи нохушиҳост, ки ақл ба ночор онҳоро мепазирад, на шаҳват. Дуввум, ҷумлаи маосӣ, яъне тамоми афъоли қабеҳу нописанде, ки тамоюли шаҳват бар он равона мегардад, аммо ақл хостори он нест. Севвум илм аст, ки ҳам ақл ва  ҳам шаҳват бар он тамоюл доранд. Чорум, ҷаҳл аст, ки ҳам ақл ва ҳам шаҳват аз он мутанаффиранд, ҳамчунон ки  ақл ва  шаҳват ба ҷаннат розиянд, лекин аз дӯзах мутанаффир. Пас, фарқ миёни илм ва ҷаҳл ба мисли фарқ байни биҳишт ва дӯзах аст.

Ҳар касе илмро ихтиёр кард, мақоми худро дар ҷаннат омода сохт ва ҳар кас, ки ҷаҳлро ихтиёр кард, ҷойи худро дар ҷаҳаннам муқаррар кард. Донишмандон савобу фазилати талаби илм ва донишро бартару беҳтар аз ибодати танҳои чандинсола медонанд. Онҳо ин гуфтаҳои худро бо ҳадиси Пайғамбар (с) тақвият бахшидаанд, ки дар он омадааст: «Лаҳзае тафаккур беҳтар аз ибодати шастсола аст».

Имом Шофеъиро гуфтанд, ки “рағбати шумо дар илм чӣ гуна аст?”. Посух гуфт, ки “чун бори аввал ҳарферо (суханеро) бишнавам, тамоми аъзои ман майли шунидани онро мекунад ва аз он баҳра меёбам”. Боз аз ӯ пурсиданд, ки “ҳирси шумо ба илм чӣ навъ аст?” Ӯ гуфт: “Монанди ҳирси касе, ки дар пайи ҷамъ овардани анвоъи гуногуни мол аст”. Боз аз ӯ пурсиданд, ки “талаби шумо дар  илм чӣ гуна аст?” Ӯ дар ҷавоб гуфт: “Мисли талаби зане, ки фарзанди худро гум кардааст ва ин дар ҳолест, ки ба ғайри он фарзанд каси дигаре надорад”.

          Ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб (р) фармудаанд: «Дар вожаи илм ҳарфи айн аз улв (баландӣ) ва лом аз лутф ва мим аз мурувват мебошад. Шахси олим дорои мартабаи баланд ва лутфу мурувват мебошад. Пас бибояд кӯшид, то кас аз ин фазилат маҳрум нагардад».

Бузурге илмро ба об ташбеҳ карда, чунин фармудааст: «Обҳо чаҳор гунаанд: оби борон, оби сел, оби чоҳ, оби чашма. Илми тавҳид ба монанди чашмаест, ки таҳрикаш ҷоиз нест, зеро бо ин амал обаш тираю лойолуд мегардад. Дар илми тавҳид низ талаб ба умқи зоти Худо ҷоиз нест, чунки оқибати ин амал ба куфр меанҷомад. Илми фиқҳ ба истинбот ва ковишу  ҷустуҷӯ зиёда мегардад, ҳамчунон ки оби чоҳ ба кандан бештар мешавад. Илми зуҳд ба монанди оби борон аст, ки аз осмон софу беғубор мефарояд, аммо бо гарду ғубори ҳаво якҷо шуда тира мегардад. Ҳамчунин аст илми зуҳду тақво, ки аслан поку соф аст, лекин бо талабу тамаъ тира мегардад. Илми бидъат мардумро ба ҳалокат мерасонад, монанди оби сел, ки тамоми ашёи сари роҳаро ғарқу нобуд месозад». 

          Манофеъи илм дар ҳаёти инсон аҳаммияти махсус дошта, истеъмол аз ин вожа низ ҷиҳати ташвиқу тарғиб ба дарёфти он васеъ истифода шудааст: идрок, шуур, тасаввур, ҳифз, фаҳм, маърифат, зикр, ақл, фиқҳ, дироят, ҳикмат, яқин, зеҳн, фикр, зако, бадоҳат, раъй, каёсат, фиросат… 

         Донишмандон қалби инсонро раиси ҷумлаи аъзо хондаанд ва ин раёсатро на барои қуввату бузургии қалб, балки ба хотири илму маърифат гиромӣ донистаанд. Масалан, бузургворе мегӯяд: «Қалби инсон раиси аъзои ӯст. Раёсати қалб ба хотири қувваташ нест, зеро  устухон аз қалб дида  қавитару маҳкамтар аст. Раёсати қалб ба хотири бузургии он нест, чунки рони пой аз қалб дида бузургтар аст.  Раёсати қалб барои тезию нозукии он нест, чунки нохун аз қалб дида бориктару тезтар аст. Пас, бидон, ки раёсати қалб дар бадани инсон танҳо ба хотири илму маърифат аст».

Аз назари донишмандон таҳсили илм дорои монеаҳои зиёдест, ки яке аз онҳо ҳубби дунё мебошад. Қалби инсон маҳалли  илму маърифат аст, агар  ҷойи онро хоҳишу ҳавасҳои бемаҳал ишғол нанамояд, агар ишғол кунад, дар натиҷа пардаи торикию ғафлат биноии қалбро мепӯшонад. «Агар дунёро беандоза дӯст дорӣ, пас таҳсили илм бароят мушкил мегардад, зеро Офаридагор бароят биноии чашм ва биноии дил додааст. Ва чун як ҷузъе аз дунё пеши биноии чашмат қарор гирад, аз дидани ашё маҳрум мегардӣ. Пас чи гунаӣ дар он ҳол, ки биноии қалбатро муҳаббати тамоми дунё фаро гирад…».

Ба андешаи онҳо, баъзе корҳо дар оғоз хеле сахту сангин ва мушкилу дилгиркунанда менамоянд, вале баъдан сабаби осоиш, осонии умур ва манофеъи бузург хоҳанд шуд. Ба мисли доруи талх, ки оқибат сабаби шифо ва рафъи беморӣ мегардад ва  мушкилоти сафар, ки ба шахси тоҷир фоидаи зиёд меорад ва ё таҳаммули мушкилоти роҳи илм, ки саранҷом донишҷӯро ба саодати дунёву охират ноил мегардонад.

Илм ба мисли чашмаест ширину зулол, ҳар ки аз он нӯшид, лаззату ҳаловати онро дарёфт ва ҳеҷ чизи дигарро аз он ширинтару лазизтар наёфт. Машғулияти инсон дар талаби илм лаззату ҳаловате дорад дар ҳол ва саодате дорад дар истиқбол.

Дар ин мавзӯъ ҳикояте меорем: «Шахсе ирода кард, то хидматгори малике бошад. Чун ба хизмат ҳозир шуд малик ӯро гуфт, бирав муддате илм биомӯз, то салоҳияти хизматгориро касб намоӣ. Он шахс рафт ва муддате ба таҳсили илм пардохт. Баъд аз чанд муддат малик ӯро барои хизмат ба наздаш хонд. Аммо он шахс, ки лаззати илмро чашида ва коми худ аз он ширин карда буд, изҳори сипос ва узрхоҳӣ карда гуфт: замоне,  ки ман аҳли хизмати шумо будам, маро сазовори хизмати худ надонистӣ ва он вақт ман ба ҷуз дари шумо дари дигареро намедонистам. Ҳоло ба сабаб ва ёрии илм  дарёфтам, ки махдуми дигар ва дари дигаре низ ҳаст…».

      Ба яке аз ҳакимон фармуданд, ки “нигоҳ макун, ӯ чашмонашро пӯшид ва нигоҳ накард. Боз  гуфтанд, машунав, ӯ гӯшҳояшро маҳкаму худро ба карӣ андохт ва нашунид. Боз гуфтанд, сухан магӯй, ӯ дастонашро ба даҳонаш гузошт ва хомӯш монд. Боз барояш гуфтанд, наомӯз. Ӯ гуфт, аммо бар ин амр тоқат надорам ва ҳаргиз аз талаби илм нахоҳам монд”. Чунон ки маълум мегардад, ин шахси ҳаким ба ҳамаи дархостҳо розӣ мешавад, бо вуҷуди ҳақ доштанаш ба нигоҳ кардан ва шунидану гуфтан, аммо аз манъи илм розӣ намешавад, чунки ӯ лаззату ҳаловат ва манофеъи илмро дарёфта буд.

         Сазовортарини мардум дар риояи ҳуқуқ инҳоянд: олим, султон, бародарон. Чун касе таҳқир бар олим кард, динашро барбод дод ва чун касе иҳонат бар султон кард, дунёашро аз даст дод ва чун  касе бо бародарон хорӣ ва бе эътиноӣ кард, мурувваташро аз даст дод. Дарвоқеъ, фазилати илму маърифат то ҷое болост, ки онро мисли дигар ашё ба осонӣ ба даст овардан мумкин нест. Агар чунин мебуд, сармоядорони олам онро ба воситаи молу ашё ба даст меоварданд. Ва ё билфарз, агар илм аз фазилату мартаба тиҳӣ ва арзишаш ба андозае мебуд, ки онро дар ҷойе фурӯхта мешуд, пас барои аксарият ба даст овардани илм муяссар мегашт. Аммо чунин нест ва ин ҳам нишон аз фазилату мартаба ва мақоми баланди илм аст.

Илму маърифат инсонро то ҷойе мерасонад, ки шахси беэътибор ва аз назар дурафтода чун соҳиби илм мегардад, суханаш қобили эътибор ва қадру қимат мешавад,  ҳатто дар назди султон бонуфуз ва  мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Ин танҳо аз  баракат ва хизмати  илм аст.

Дар ривояте Алӣ ибни Абитолиб ба Кумайл ибни Зиёд андарзе додааст, ки чунин аст: «Илм беҳтар аст аз мол, агар мол дорӣ, бояд онро ҳифозат кунӣ, аммо илм туро муҳофизат менамояд. Мол ба харҷ кардан кам мешавад, аммо илм ба харҷ зиёду комилтар мегардад». Яъне, манфиати илм дар ҳаёту зиндагии инсон ба андозаест, ки дороёну сарватмандон низ ба он эҳтиёҷ пайдо мекунанд.

          Аз Пайғамбар (с) чунин ривоят шудааст: «Мардест, ки Офаридагор ӯро ҳам соҳиби илм ва ҳам соҳиби мол гардонидааст ва ӯ бо меъёру нишондоди илм дар молаш амал мекунад. Ва мардест, ки соҳиби илм, аммо аз мол маҳрум гаштааст, ӯ мегӯяд: эй кош, ман бо вуҷуди илм доштанам соҳиби мол низ мебудам ва онро дуруст истифода мебурдам. Ин ду мард дар подошу савоб бо ҳам баробаранд. Мардест, ки Офаридагор ба ӯ мол додааст, аммо ӯ аз илм маҳрум мондааст ва молашро аз рӯйи беилмӣ дуруст харҷ накардааст. Ва мардест, ки ҳам аз илм ва ҳам аз мол маҳрум мондааст, ӯ мегӯяд: агар ман илм ва мол медоштам ба мисли шахси қаблӣ амал менамудам. Пас ин ҳарду дар ҷазову гуноҳ баробаранд».  

          Умар ибни Хаттоб (р) фармудаанд: «Марди гунаҳгоре, ки гуноҳҳояш ба мисли кӯҳ зиёданд, чун аз манзили худ хориҷ мешавад ва илм меомӯзаду аз гуноҳҳои худ тавба менамояд, замоне ки ба манзилаш бармегардад, ӯ аз ҳамаи гуноҳонаш пок гаштааст. Пас аз маҷлиси уламо дур мабошед, зеро дар рӯйи замин маҷлиси уламо хеле гиромию боарзиш аст».

        Абдулло ибни Аббос ба писараш фармуд: «Эй фарзанд, боадаб бош, чунки одоб далели мурувват, аниси ваҳшат (танҳоӣ), рафиқи ғурбат, қарини ҳозир, садри маҷлис, васила дар вақти интиҳои васоил, дороӣ дар вақти адам (нестӣ), болобарандаи шахси хасис (паст), камоли шараф ва бузургӣ барои малик (подшоҳ) аст».

        Аз замони офариниши олам инсон пайваста дар ҷараёни таълиму тарбият қарор доштааст ва то ҳол ин раванд идома дорад. Дар ҳамаи китобҳои осмонӣ ташвиқу тарғиби илм ва фазилату  шарофати он баён ёфтааст. Дар Таврот Офаридагор ба Мӯсо (а) хитоб намудааст, ки “бузург дор ҳикматро, зеро ман ҳикматро дар қалби ҳеҷ бандае намегузорам, магар ки ӯро меомурзам. Биомӯз илмро, сипас ба он амал намо, баъдан онро ба дигарон биомӯз, то ин ки дар дунёву охират соҳиби каромат бошӣ».

Дар Забур ҳам омада, ки «эй Довуд, бигӯ ба пешвоёну роҳибони бани Исроил, ки сухан бигӯянд бо аҳли тақво, агар муяссар нашуд, пас бо олимон ва агар муяссар нашуд, пас бо оқилон. Албатта тақво, илм ва ақл дорои мартабаи баланданд ва ҳар касе дорои яке аз инҳост, ӯро ҳалок нахоҳам кард». Фахриддини Розӣ хитоби мазкурро чунин шарҳ додаст: «Дар ин нидо зикри тақво муқаддам бар илм шудааст, чунки бе илм тақво ҳосил намегардад, ҳамчуноне ки хашят (тарс) бе илм ҳосил намегардад. Ва илм бар ақл тақдим шудааст, чунки барои олим будан оқил будан ҳатмист, зеро оқиле ҳаст, ки илм надорад. Пас, ақл мисли дона (тухм) ва илм мисли дарахт ва тақво ба монанди мева аст».

Дар Инҷил омадааст: «Вой бар он, ки шунид илмро ва талаби он накард. Чӣ гуна аст ҳоли ӯ, чун бо ҷоҳилон ба дӯзах равон гардад. Талаби илм намоед ва  биомӯзед онро, зеро илм агарчи ёрӣ надиҳад ҳам, ҳаргиз бадбахт намесозад касеро, агарчи баланд набарад, ҳаргиз ба пастӣ намебарад касеро, агарчи ғанӣ нагардонад, ҳаргиз фақир намесозад касеро ва агар фоида надиҳад, ҳаргиз зарар надодааст касеро. Ва нагӯед хавф дорем донистану амал накарданро ва бигӯед умед дорем амал карданро, пас амал мекунем». Муқотил ибни Сулаймон гуфтааст: «Дарёфтам  дар Инҷил, ин ки Офаридагор  ба Исо писари Марям фармудааст: Эй Исо бузург дор уламоро ва бишнос қадри эшонро, чунки ман онҳоро ба ҷуз анбиё ва мурсалин бар ҳамаи халқ бартарӣ додаам ба мисли бартарии офтоб бар ситорагон».

        Дар ояти 31-уми сураи «Бақара»-и Қуръони карим фазилати илм чунин шарҳ ёфтааст: «Худованд дар офариниши Одам (а) камоли ҳикматашро ба илм изҳор дошта фармудааст: «Ва омӯхт ба Одам ҳамаи номҳоро…», агар чизи дигаре аз илм бошарофаттар мебуд, пас камоли ҳикматашро ба он  изҳор медошт на ба илм…».

         Дар тафсири ояти 7-и сураи «Оли Имрон» фармудааст: «Масолеҳи халқ ду гуна аст: ҷисмонӣ ва руҳонӣ. Аммо ҷисмонӣ, пас, ашрафи он рост гардонидани хилқат ва баробар сохтани мизоҷ бар беҳтарин сурат ва комилтарин шакл аст. Аммо руҳонӣ, пас, ашрафи он илм аст, ки рӯҳ ҳамроҳи он мисли оинаи ҷилодоре мегардад, ки сурати тамоми мавҷудот дар он инъикос меёбад”.

Чунон ки маълум аст, нахустин сураи Қуръони карим «Алақ» буда, аввалин ояти он бо лафзи «бихон» оғоз гардидааст. Ва ин амр ва супориши Худованд далолат бар аҳаммияти махсуси хондану омӯхтан мекунад, зеро ҳар чи муҳиму зарур аст, сараввал ҳамон зикр мегардад. Пас, агар ғайр аз илм чизи дигаре бошарофаттару арзишмандтар мебуд, бегумон он зикр мешуд. Дар ояти 79-и сураи «Анбиё» низ Худованд камоли ҳоли Довуд ва Сулаймонро аввалан ба илму маърифат баён кардааст ва фармудааст: «Ва ҳар якеро додем, ҳукме ва донише». Дар ояти 28-и сураи «Фотир» омада: «Ҷуз ин нест, ки метарсанд аз Худо аз миёни бандагонаш донишмандон».

Фазилати илм дар ояти 114-и сураи «Тоҳо» низ бараъло ба назар мерасад: «Ва бигӯ Парвардгоро, биафзой бар дониши ман». Дар ин оят ба гаронмоягӣ ва мартабаи баланди илм ишорат шудааст, чунки Офаридагор пайғамбари худро ба издиёди (зиёдати) илм амр кардааст на ба ғайри он. Қатода фармудааст: “Агар иктифо мекард нафаре аз талаби илм, албатта, Мӯсо (а) чунин мекард, аммо ӯ чунин накард ва гуфт: «Оё пайравият накунам бар он, ки биомӯзӣ маро аз он чи омӯхта шудӣ...». Яъне Мӯсо (а) бо вуҷуди он, ки пайғамбари мурсал буд, аз он бандаи Худо (Хизр), ки илми ладунӣ (истеъдоди худододӣ) дошт, дархости омӯзиш кард.

        Хулосаи калом ин аст, ки Пайғамбар (с) дар ривоятҳои мухталиф доир ба илм, фазилату баракат ва шарофати илм сухан карда, илмро мероси худ номидааст. Олимон ва донишҷӯёнро дар радифи ашхосе, ки дуояшон мустаҷоб аст, ном бурдааст. Дар баъзе маворид иҳонати олимро иҳонат ба илм арзёбӣ кардааст. Дар ҷойи дигар бошад олимеро, ки интишордиҳандаи илм аст, саховатмандтарини мардум хондааст ва шахсеро, ки гомҳои худро дар роҳи илм гузоштааст, осонии роҳи ӯро ба сӯйи биҳишт баён доштааст.

Уламоро аз зумраи шафоаткунандагон шумурда, онҳоро аз ҷумлаи адокунандагони ҳоҷати мардум эълом намудааст. Талаби илмро ибодат ва музокараи илмро тасбеҳ ва таълими илмро садақа гуфтааст. Илм сабаби ҳидоят ва боло рафтани баъзе ақвом мегардад. Илм ҳаёти қалб аст аз нобиноӣ, нури чашм аст аз торикӣ, қуввати бадан аст аз сустӣ ва василаест ба мартабаи баланд аз пастӣ. Инчунин аз Расули акрам (с) ривоят аст, ки фармудаанд: «Ё олим бош, ё донишомўз, ё шунавандаи илм, ё дўстдори илм, вале ҷуз инҳо мабош, ки ҳалок хоҳӣ шуд”.

Бедили бузург илмро “кафили тадбир” гуфта, ҳама зуҳуротеро, ки дар он илм набошад, ҷаҳола номидааст:

 

Кас надид он чӣ ақл нанмояд,

Бастааст он, ки ақл накшояд.

То нагирӣ зи илм хома ба даст,

Сурати ҳеҷ чиз натвон баст.

Ғайри илм он чӣ кардаанд рақам,

Нест ҷуз ҷаҳлу ҷаҳл ҷумла адам.

Илм ҳар ҷо кафили тадбир аст,

Ғолибият далели таъсир аст.

Муаллими ахлоқи башарият Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ илмро сабаби бақои номи инсон номида, онро дар маҷмӯъ давлати маънӣ медонад:

Ҳар чӣ дорӣ, бидеҳу давлати маънӣ биситон,

То чу ин неъмати зоҳир биравад, он монад.

Амир Хусрави Деҳлавӣ хеле зебову муассир ва дар ниҳояти фурӯтаниву хоксорӣ хешро хидматгузори марди доно медонад ва бо лаҳне шадид онҳоеро мазаммат мекунад, ки бидуни илм мансаберо хосторанд:

Шарафи одамӣ чу аз илм аст,

Ҳар кӣ доност, бандаи ўям,

В-он ки бе илм мансабе ҷўяд,

Мансаби ўст мабразе гўям...

Аз нигоҳи ҳикмати ҳам шарқиву ҳам ғарбӣ ҳам, гарчи ҳама корҳои инсон бо ақл оғозу анҷом меёбад, аммо ғизои ақлу хирад ҳамеша илму дониш будааст. Ин мақому манзалати илму дониш аз давраи пайдоиши башарият чунин воло буд ва имрӯзҳо волотар шудааст. Чун замони мо давраи кашфи ҳама василаҳоест, ки зиндагии башариятро беҳтар мекунанд ва ин василаву воситаҳоро ба ҷуз соҳиби илм каси дигаре ихтироъ карда наметавонад.

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More