Home Articles НАМОЗ ВА ТАНДУРУСТӢ

НАМОЗ ВА ТАНДУРУСТӢ

НАМОЗ ВА ТАНДУРУСТӢ
2021-08-24
1117

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду санои бепоён Худованди ягонаро, дуруду салом ва баракоти фаровон ба Паёмбари гиромӣ (с) ва хонадону ёронаш бод.

Ба гуфтаи олимони соҳаи тиб машқу варзиш дар нашъунамои ҷисми инсон нақши муҳим мебозад. Агар зоҳиран варзиш рагу пайвандро кушода, мушаку бофтаҳоро қавӣ созад, аз тарафи дигар ба фаъолияти узвҳои мухталиф, амсоли дил, гурда, ҷигар, шуш, меъда ва сутунмӯҳра низ таъсир мерасонад. Машқу тамриноти муайяне вуҷуд дорад, ки ба нерӯманд шудани ҷисми мо кӯмак менамояд. Бо вуҷуди фоидаи зиёд доштани варзиш на ҳар кас барои машқу тамрини ҳамарӯза вақту имконият меёбад. Аммо хондани намоз чунин фаъолияти ҷисмониест, ки эҳтиёҷи ба варзиш доштаи баданро таъмин мекунад ва ба сабаби соддагӣ ҳар кас метавонад дар ҳар синну сол онро анҷом диҳад.

Исбот шудааст, ки бо баланд шудани синну сол рагу пайванду буғумҳо рӯ ба заъф шудан меоранд. Фишори хун зиёду кам мешавад, таппиши дил мароми худро гум мекунад. Намози панҷгона бо ҳаракати сабуке, ки дорад, касро водор месозад, ки тозагиро риоя намуда, каме ҷисмашро ҳаракат диҳад.

Мураббиёни варзиш барои муолиҷаи бемориҳои гуногун машқҳои мухталифро пешниҳод мекунанд, ки онро «варзиши табобатӣ» мегӯянд. Масалан, барои табобати сутунмӯҳра як машқро тавсия медиҳанду барои табобати дил машқи дигарро. Олимони соҳаи тиб дар тааҷҷубанд, ки ҳанӯз 1400 сол пеш ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ягон мактаби тиббиро нахонда, системаи ҳаракату тамринеро ба умматони худ ёд додаанд, ки он ба талаботи илми тиб ҷавобгӯст. На танҳо бадан, балки рӯҳи инсон аз намоз баҳра мегирад.

Биёед ба робитаи миёни тандурустӣ ва барномаи намоз назар афканем. Бо мақсади намоз мо пеш аз ҳама вузӯ мекунем. Шустани даст, рӯй, оринҷ ва масҳи сар системаи гардиши хунро ҷунбиши эҳёкунанда мебахшад. Оромиши аз ин ҳолат пайдошуда системаи асабро таҳти нуфузи худ қарор медиҳад. Ҳамчунин фаъолияти қалб, шуш, ҷигар ва ғайра ба ҳолати оддӣ бармегардад. Чеҳраи инсон пок гашта, хастагии асабҳо дур мешавад. Чашмҳо дурахшон гашта, танбалии ҷисм ва хоболудагӣ рафъ мегардад. Инро метавонед ҳар яки шумо таҷриба кунед.

Баъди вузӯ (таҳорат) худро ором сохта, болои ҷойнамоз рӯ ба ҷониби қибла меистем ва ният мекунем. Сипас ангуштони дастонро ба нармии гӯш мерасонем. Бо иҷрои ин амал мо вуҷуди худро рост месозем, ки сабаби кашидагӣ дар бадан мешавад. Ин кашидагии қомат як фишори табиӣ дар рагу пайванди бадан тавлид мекунад. Ин амал боиси оромии асаб ва ростшавии сутунмӯҳра мегардад.

Чун ба рукӯъ хам мешавем, дастонамонро болои зонуҳо гузошта, сутунмӯҳраро рост месозем. Ин ҳолат узвҳои ҳозимаро дуруст ва солим нигоҳ медорад. Ҳолати рукӯъ инчунин фаъолияти ҷигар ва гурдаҳоро ба танзим медарорад. Чун мо барои як лаҳза рукӯъро идома медиҳем, он ҷараёни хунро беҳбуд мебахшад.

Баъд аз рукӯъ мо дубора қиём мекунем (рост мешавем) ва сипас ба саҷда меравем. Дар саҷда кафи ҳар ду дастро ба замин ниҳода, пешониро миёни ду даст ба замин мегузорем. Ба ин восита хуни бештар ба димоғ мерасад. Саҷда кардан ба камсозии вазни зиёдатӣ мусоидат менамояд. Дар саҷда равғани изофии ронҳо ҳал гашта мосот аз буғумҳо бархурдор мешаванд. Ҳангоми саҷда рӯи инсон ноаёну танаш боло меистад, ки дар ин ҳолат узвҳои дохилӣ мавқеияти худро тағйир медиҳанд. Ин тағйирёбӣ аз як тараф он узвҳоро мулоим масҳ (молиш) мекунад. Аз ҷониби дигар маҷоли истироҳатро барояшон фароҳам месозад. Тағйироти зикршуда алалхусус ба меъда, ҷигар, гурдаҳо ва рӯдаҳо таъсир мерасонад. Бузургони дин маслиҳат медиҳанд, ки ашхоси аз сӯзиши дил ва меъда шикояткунанда метавонанд ин барномаи намозро озмоиш намоянд. Дар ин ҳол саҷдаро каме дарозтар (давомдортар) намоянд. Иншоаллоҳ дар зарфи чанд рӯз шикояташон рафъ хоҳад шуд ва аз беморӣ шифо хоҳанд ёфт.

Дар поёни намоз бояд ҷониби росту чап салом диҳем. Ин амал рагҳои гарданро қавӣ месозад. Дар натиҷа бемориҳои заъфи ин рагҳо бартараф мешавад.

Бубинед намоз дар баробари ибодати бузург ва сутуни дин буданаш ба тандурустии инсон нафъи зиёд доштааст. Агар онро шитоб накарда, диққатро дар як ҷо ҷамъ намуда адо намоем, рӯҳу бадани мо баҳраи зиёд мегирад.

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More