Home Articles Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас аст

Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас аст

Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддас аст
2022-05-26
1353

Мафҳуми Ватан-Модар аз вожаҳои муқаддастарин ба ҳисоб рафта, ҳамеша бо эҳтироми бепоён ва меҳри хоса ба забон гирифта мешавад. Тоҷикон аз арзи ташаккул то ба имрўз соҳиби  давлат, миллат, забон ва дорои урфу одатҳои баланди инсонӣ буданд ва аҷдодони мо тавонистанд асрҳои аср ҳамаи муқаддасот ва марзу буми ин Ватани азизро ҳифозат карда ба мо мерос гузоранд.

Таълимоти дини мубини Ислом низ мусалмононро ба дўст доштани Ватан ва зодгоҳи худ ташвиқ менамояд, зеро дўст доштани Ватан аз суханони худи Паёмбари раҳмат сарчашма мегирад. Беҳтарин далел дар ин маврид ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос мебошад, ки Паёмбар (с) ҳангоми ҳиҷрат ба Мадина ба сўи Макка (ки зодгоҳашон буд) хитоб карда фармуданд:

«Эй Макка, чӣ ватани хушбуй ва дўстдоштание барои ман ҳастӣ, агар қавмам маро аз ту бадарға намекарданд, ғайр аз ту дар ҷои дигаре сукунат намекардам». (Ривояти Тирмизӣ).

Агар Расули Худо (с) ватани худро дўст намедошт, ҳаргиз чунин суханеро намегуфт ва ҳар инсони оқилу бофаҳме дар ин гуфтори Паёмбар (с) назар кунад дар он муҳаббати ватанро дар беҳтарин ва зеботарин лафзҳо дарк хоҳад кард. Аз ин лиҳоз, яке аз ҳуқуқҳои мусалмонӣ ин аст, ки мусалмон дар ҳар сарзамине, ки бошад муҳаббати ватанро дар қалби худ дошта бошад ва барои ҳимояи марзу буми он саъйу кўшиш кунад. Аз ин ҷост, ки миллати сарбаланди мо тӯли таърих барои муҳофизати марзу бумаш қаҳрамониҳо нишон дода, бар зидди аҷнабиён сарбаландона ҷангиданд ва аз худ номи нек боқӣ гузоштанд, ки имрӯз ҳар яки онҳо тимсоли ҷавонмардиву қаҳрамонӣ, шуҷоату далерӣ ва ватандӯстии миллати тоҷиканд. Дар замони соҳибистиқлолӣ низ ҷавонони ғаюри кишвар марзу буми Ватанро сарбаландона ҳифз менамоянд, зеро онҳо хуб дарк мекунанд, ки ҳимояи марзу буми Ватан, пеш аз ҳама, ин ҳимояи модари худ, падари худ, хоҳару бародари худ мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият ва фаҳми мазмуни баланди байти оламшумули ҳаким Фирдавсӣ:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

        Фарзандони шуҷоъу далери Ватан чун сипари боэътимод ҳар зарра хоки марзи кишварро муҳофизат менамоянд. Ин ҳама хизматҳои шоиста моро водор месозад, ки Ватанро аз ҳама гуна таҳдидҳои дохилию беруна эмин нигоҳ дошта, ба наслҳои оянда мерос гузошта зиндагии хубе барояшон фароҳам оварем. Аз ин лиҳоз, бояд ҷавонони ҳушёру далер ва мардуми кишвар ҳамеша бар он кўшанд, ки Ватани азизамон ҳамеша шукуфон ва тинҷию амонӣ дар сарзамини аҷдодии мо ҳукмфармо бошад. Вазифаи ҳар як шахси Ватанпарасту миллатдўст он аст, ки барои ҳифзи ҷомеаи озоду мустақил ҳамеша саъю талош варзанд ва суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар Паёми худ баён намудаанд, фаромӯш насозанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрўзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд».

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More