Home Articles ТЕРРОРИЗМ АЗ ИСЛОМ НЕСТ!

ТЕРРОРИЗМ АЗ ИСЛОМ НЕСТ!

ТЕРРОРИЗМ АЗ ИСЛОМ НЕСТ!
2017-03-04
4916

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К-аз ин бетар сухан бар нагзарад

Раванди рӯзгор ва табодули шабу рӯз ҳамарӯза моро ба сӯи футӯҳоти қуллаҳои нав ба нави ҳаёт раҳнамун месозад. Агар мо ба атроф ба ташаккули воқеъоту ҳаводиси ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушоҳада назар афканем, пас маълумамон мешавад, ки чи тавр ин ё он ҳодисаи нобаҳангоми сиёсӣ ва ё вазъи фавқулодае ба якборагӣ таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб мекунад.

Манзури банда вазъи нобасомони сиёсии олам аст, ки чанд вақти охир сари он мунозараҳои тӯлонӣ идома дорад. Алббата ин вазифаи ман нест, ки ба вазъи сиёсии олам баҳогузорӣ кунам. Воқеъоту ҳаводиси Сурия, Ироқ, Яман ва дигар давлатҳои олам рухдода, ташаннуҷи авзоъ дар қисми Аврупо, вазъи сиёсии мамлакати ба мо дӯсту ҳамсоя Афғонистон албатта ҳар каси солимақлро нигарон мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар ин гирудор ва радду бадали афкор қариб ҳамеша аз таъбири экстремизм ва ё экстремизми динӣ ёд мекунанд. Банобар он ки дар васоити ахбори омма дар ин мавзӯъ сару садоҳо баланд гаштааст, мехостам бо такя ба манобеъи дар даст дошта ва натоиҷи ташхисот дар ин бора чизе нависам.

Аслан маънои мушаххаси калимаи экстремизм бо як сухан маънои «моҷаро»-ро ифода мекардааст ва экстремизмро ба маънои моҷароҷӯӣ низ ифода мекунанд. Агар мо сари калимаи экстремизми динӣ андеша кунем, пас равшан мегардад, ки шахсият ва гурӯҳҳои маълум мехоҳанд ба истифодаи ангезаҳои динию руҳонӣ дар ҷомеъа моҷаро бардоранд. Аз ин боис имрӯз таъбири «экстремизми динӣ» зуд-зуд вирди забони сиёсатмадорони олам гаштааст.

Банда чун ходими дин ва бо масъулияти баланд изҳор медорам, ки ба ҳеҷ ваҷҳ дар ин гиру дорҳои сиёсӣ ва нобасомониҳои рӯзгори мусулмонон дини мубини Ислом айб надорад. Худ айб дар мусулмонӣ ва калтафаҳмии баъзе афроди аҳли ислом аст. Ҳазрати Муҳаммад алайҳис-салом аз рӯзҳои аввали нубуввати худ ва пайдоиши дини Ислом уммати худро ҳамеша ба иттиҳоду якпорчагӣ, тадаббуру тафаккур ва дурандешӣ даъват мекарданд. Ҳазрат низ ҳамеша таъкид мекарданд, ки «Дар дини Ислом таассуб нест».

Ёдовар шудани ман ин фармудаҳои Ҳазрати Пайғамбар алайҳис-саломро бинобар он аст, ки рақибони дини мо барои тезу тунд кардани авзоъи сиёсии ин ё он мавзеъ ҳамеша моҷароро бо истифода аз таассуби динӣ ривоҷ медиҳанд. Яъне инҷо экстремизм ва таассуби дин ба ҳамдигар хеле ҳиллакорона истифода бурда мешавад.

Дар натиҷа дар ин байн боз як зуҳуроти нохуш рӯ мезанад, ки инро дар забони байналмилалӣ терроризм меноманд. Дар шарҳи калимаи террор шореҳон аксаран таъбири зӯровариро ба кор меоранд. Ҳол он, ки дар дини мубини Ислом истилоҳоти моҷароҷӯӣ, таассубгароӣ, зӯроварӣ ва амсоли ин комилан бегона аст.

Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дини мубини Ислом ва истифода аз он аз ҷумла фармудаанд, ки «Дини мубини Ислом ба экстримизм ва терроризм ҳеҷ гуна алоқамандие надорад».

Ин эътироф ва эҳтироми Пешвои миллат ба исломи асил масъулияти мо ходимони динро дар роҳи ташаккули дин ба гиромидошти муқаддасоти давлатӣ баландтар мегардонад.

Дар ҷумҳурӣ аз моҳи майи соли 1997 сохтори динӣ дар шакли нав - «Маркази исломӣ» ва органи он раёсати Шӯрои уламои дин фаъолияти худро дар доираи қавонини шариати поки Муҳаммадӣ ва қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» хуб ба роҳ монда аст. Тӯли ин муддати ин тазкира бесабаб нест. Ман дар тақвияти ишораи ба мавриди Пешвои миллат гуфтанӣ ҳастам, ки исломдорӣ ва мусулмоние, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷорист, асосан аз экстремизм ва таассубу террор холӣ аст. Албатта ин аз фазли Худост. Ва аз он аст, ки мо мусулмонон, агар бо таъбир ва истилоҳи динӣ гуфтанӣ бошем, пешвоёни одилу оқиле ба сар дорем.

Имрӯз аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва расонаҳои хабарӣ иттилоъ мегирем, ки вазъи динӣ дар олам ва мамолики ба мо ҳамҷавори Осиёи Марказӣ дар кадом меъёр ва поя аст. Дар фаолияти масоҷид, ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ вазъият дар ҷумҳурии мо ба чанд маротиб беҳу боло аст. Ин албатта аз сиёсати одилона ва оқилонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гувоҳ аст.

Мо ходимони дин шукри давру замон мекунем ва бо боварии том гуфта метавонем, ки дар Тоҷикистон ҳамаи ходимони динии расмӣ муқобили экстремизм, терроризм ва таасссуби динианд.

Имрӯз хушбахтона дар Тоҷикистон хавфи зуҳуроти нопадиди экстремизми динӣ вуҷуд надорад. Агарчи давлату ҳукумат, органҳои ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, додситонӣ, намояндагии кумита оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ бо раёсати Шӯрои уламо ин масъаларо аз мадди назар дур накардааст. Вазъият дар ин самт асосан аз аввалҳои соли 2000-ум номӯътадил гардид. Аъзоён ва тарафдорони ҳизби ғайриқонунӣ ва пинҳонкори «Таҳрир» дар як муддати кӯтоҳ асосан дар шаҳрҳои Чкалов, Ғафуров, ноҳияи Нов, ба номи Ҷ. Расулов, Зафаробод ва шаҳри Хуҷанд адабиёти динӣ ва варақаҳои ахборотӣ паҳн карда доираи васеъи ҷавону наврасонро ба гирдоби тарғиботи якҷонибаи радикалӣ кашидан хостанд. Ғояҳои ин ҳизб дар шуури ҷавонон таассуби динӣ ва баъдан зӯровариро ба ҷунбиш меорад. Дар бораи мавқеъ, мақсаду ҳадафаҳои ин ҳизб ва оқибатҳои ногувору хушунатбори ин ҳизб ходимони дин дар мақолаи худ аз он ҷумла «З-ин хилофат бӯи ихтилоф ояд» (рӯзномаҳои «Тирози ҷаҳон» ва «Ҳақиқати Ленинобод») хеле бо тафсил баромад карда буданд, ки ба такрори он ҳоҷат нест.

Таърих гувоҳ аст, ки ҳама гуна ҷангу қатлу куштор ва нооромию сарсониҳо дар рӯи олам аз фитнаҳои хурд сар мезананд.

Худои таъоло дар ояти 102-юми сураи «Бақара» фармудааст: «Ал-фитнату ашадду минал-қатл». Яъне, Худованд мефармояд, ки гуноҳи фитна андохтан байни мардум аз қатлу куштор азимтар аст. Агар бо қатлу куштор ҷони чанд кас равад, бо як фитна ҷони ҳазорон нафар аз даст меравад. Мо ходимони дин ҳамеша дуъо мекунем, ки халқу мамлакатҳои ҷаҳон аз ҷумла миллати тоҷик ва халқи Тоҷикистон бо сардории Пешвои миллат дар амну амонӣ бошад. Омин ё раббал оламин!

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More