Home Articles МОҲИ ХУДСОЗӢ ВА ҒАНОВАТИ АХЛОҚ

МОҲИ ХУДСОЗӢ ВА ҒАНОВАТИ АХЛОҚ

МОҲИ ХУДСОЗӢ ВА ҒАНОВАТИ АХЛОҚ
2017-06-15
819

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Моҳи мубораки Рамазон айёмест, ки инсон матонату устувории худро меозмояд ва пирӯзиашро аз болои нафс эҳсос мекунад. Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуданд: "Агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, таманно мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад". Чунки тоати он мақбул, дуои он мустаҷоб ва гуноҳи он бахшида мешавад.

Ҳар шахс рӯзаи моҳи шарифи Рамазонро ба ихлоси том ва бо сабри зебо рӯза дорад, иншоаллоҳ, гуноҳони яксолааш омурзида мешавад. Барои бе нуқсон рӯза доштани моҳи муборак саҳархӯрӣ кардан муҳим аст, зеро Расули Худо (с) саҳархӯриро тавсиф намуда, фармуданд: «Дар саҳархӯрӣ баракат аст». (Ривояти Ибни Ҳиббон). Ҳамчунон ки моҳи мубораки Рамазон нисбат ба дигар моҳҳо фазилат дорад, дар ин моҳ саҳархӯрӣ низ ҳамон қадар фазилат ва баракат дорад.

Мусулмоне, ки саҳархӯрӣ мекунад, аҷру подоши бузургеро ба даст меорад. Агар инсон дар саҳархӯрӣ Худовандро ҳамду сипос гӯяд ва шукргузорӣ кунад, ба дуо ва истиғфор машғул шавад, ба сабаби баракати ҳамин вақти саҳар гуноҳонаш омурзида ва дараҷааш баланд шуда, ибодаташ қабул мешавад.

Аз ҳамин сабаб, Паёмбари Худо (с) ба саҳархӯрӣ тарғиб карданд, зеро саҳархӯрӣ барои одами рӯзадор қувват мебахшад ва вазниниҳои рӯзаро сабук мекунад.

Моҳи шарифи Рамазон моҳи тоату ибодат ва тиловати Қуръон, моҳи муноҷоту дуо мебошад, хусусан ҳангоми ифтор дуои рӯзадор мақбул ва мустаҷоб аст, бинобар ин, самаранок истифода бурдан аз ин вақтҳои пурқимат вазифаи ҳар муъмини комил аст. Саҳл ибни Саъд ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) чунин фармуданд: «Уммати ман доим дар хайр мебошанд, модоме ки ифторро барвақт кунанд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим). Расули Худо (с) пеш аз намоз бо меваи тар ифтор менамуданд, агар меваи тарро намеёфтанд, хурмо ё як-ду қатра об менӯшиданд ва мегуфтанд: «Ташнагӣ рафт, рагу пайванд тар шуд ва аҷру подош собит гашт». (Ривояти Абӯдовуд).

Инсони рӯзадор бояд дар ҳар амал ва ҳаракаташ аз доираи одоб набарояд, хусусан аз гуфтани суханони фаҳш ва беҳуда, масхара кардани дигарон, ҷанҷол намудан ва ғайра худдорӣ намояд. Баъзеҳо бар ин ақидаанд, ки рӯза танҳо тарки хӯрдану нӯшидан ва худдорӣ аз алоқаи ҷинсӣ кардан асту бас. Дар асл рӯза ибодатест, ки инсон ба воситаи он мекӯшад то худро аз сурати инсони оддӣ берун оварда, ба мақоми фариштагон наздик шавад. Барои наздик шудан ба ин мақом рӯзадорро лозим аст, ки аз ҳар гуна беҳудагӯӣ ва амалҳои ношоиста парҳез намуда, ҳангоми рӯзадорӣ ба ахлоқи накӯ ва ибодат худро ороста созад. Дар хотир бигирад, ки ӯ шабу рӯзи ин моҳ дар ибодат аст. Бинобар ин, пеш аз ҳар гуфтору кирдоре дар бораи он бияндешад, ки оё ин рафтораш ба рафтори фариштагон наздик аст ё ба Шайтон?

Рӯзадоре, ки аз хӯрдану нӯшидан худдорӣ намуда, аз ин гуноҳон парҳез накунад, рӯзаи вай ҳеҷ гуна подоше надорад. Чунончи, ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: “Чӣ басо рӯзадороне ҳастанд, ки танҳо гуруснагию ташнагӣ мекашанд, бидуни ин ки савоб ё подоше бибаранд”.

Ҳар як рӯзадор бояд кӯшиш намояд, ки дар ин моҳи муборак худро аз ҳаром нигоҳ дорад, гӯшаш чизи нодурусту ботилро нашунавад, забонаш ҳарфи нодуруст нагӯяд, ба маҳфилҳои пургуноҳ наравад. Имрӯз агар ҳар як мусулмонро пурсем, ки маънии рӯза чист, ӯ мегӯяд, ки “рӯза - худдорӣ аз хӯрдану ошомидан ва алоқаи ҷинсӣ аст”. Ин се чиз барои инсон дар мавридаш ҳалол ва равоянд. Хӯрдан ҳалол, нӯшидан ҳалол ва алоқаи ҷинсии бо роҳи никоҳ ҳама равост. Рӯзадор дар моҳи Рамазон аз субҳи содиқ то намози шом аз ин чизҳои ҳалол ва раво худдорӣ мекунад. Хеле айб аст, ки инсон аз чизҳои ҳалол худдорӣ карда тавонаду аз ҳаром худдорӣ накарда, дурӯғ гӯяд, ғайбат намояд, ба ҳаром нигоҳ кунад... Ин чӣ хел рӯза аст, ки рӯзадор ба хотири гузаронидани вақт ба тамошои филмҳои шаҳватангезу даҳшатафкан машғул шавад? Ҳалолро тарк намудану ҳаромро тарк накардан чӣ маънӣ дорад?

Боре Расули акрам (с) шуниданд, ки ду зани рӯзадор нишаста мардумро ғайбат мекунанд. Он гоҳ Расули Худо (с) чунин фармуданд: “Ин ду зан нисбати он чизе, ки Худованд бар онҳо ҳалол кардааст, рӯза ҳастанд ва ба чизҳое, ки Худо бар онҳо ҳаром намудааст, ифтор кардаанд”. (Яъне хӯрдану нӯшиданро, ки ҳалол аст, бар худ манъ кардаанд, вале ғайбату суханчиниро, ки ҳаром аст, барои худ озоду мубоҳ кардаанд).

Рӯзадоре, ки умеди подош дошта, ба интизори раҳмати Худованд бошад, мебоист тӯли рӯз чун обиде рафтор кунад, ки машғули ибодат аст, зеро тамоми рӯз ӯ дар пешгоҳи Худованд мебошад. Бинобар ин, шоиста аст, ки аз ҳар азияту озоре дурӣ ҷӯяд, кори нек кунад, сухани хуш гӯяд, тиловати Қуръон шунавад. Ҳеҷ гоҳ дар дил васвасаю кина, рашкварзӣ ва бадгумониро роҳ надиҳад. Инсон бояд дар кораш ҳам ризои Худоро биҷӯяд ва итминон дошта бошад, ки Аллоҳ Таъоло аз ҳар қадами ниҳодааш огоҳ аст.  Абӯҳурайра (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) чунин фармудан: «Рӯза сипар аст, бояд аз суханони фаҳш худдорӣ намояд, агар мабодо ягон кас ҷанҷол кунад ё дашном диҳад, ду бор бигӯяд: «Ман рӯзадор ҳастам», қасам ба зоте, ки ҷони ман дар ихтиёри ӯст, бӯйи даҳони рӯзадор назди Худованд аз бӯйи мушк ҳам беҳтар аст». (ривояти Бухорӣ).

Барои рӯзадор лозим аст, ки махсусан дар даҳаи охири Рамазон бештару беҳтар дар ибодат ва анҷоми корҳои накӯ ҷидду ҷаҳд намояд ва бо садақаву бахшишу ниёиш ба даргоҳи Худованд шаби Қадрро ҷустуҷӯ кунад.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки рӯза танҳо аз гуруснагиву ташнагӣ кашидан иборат нест. Балки дар рӯза ният, фикр, гуфтор ва кирдори кас пок бошад. Агар бандаи мусулмон шартҳои рӯзаро дуруст риоя кунад, он рӯзаи гирифтааш шафоатхоҳи ӯ гашта, сипаре аз оташи дӯзах мегардад. Чунончи дар як ҳадиси Расули акрам (с) таъкид шудааст: ӯза ва Қуръон рӯзи қиёмат ба шафоати соҳиби худ бармехезанд. Рӯза мегӯяд: "Парвардигоро! Ман рӯзҳо аз хӯрдану нӯшидани ӯ монеъ мешудам". Қуръон мегӯяд: "Ман шабҳо монеъи хоби ӯ мегаштам" (ҳарду мегӯянд). Пас шафоати моро дар бораи ӯ бипазир".

Худованд ба баракати моҳи мубораки Рамазон ибодатҳои моро ба даргоҳаш пазируфта, ахлоқи некӯ ва ҳамидаро насиби мо гардонад.

Худоё, чунон кун поёни кор,

Ки ту хушнуд гардӣ, мо растагор.

Pray time in Dushanbe

19.12.2017

More
Fajr05:55
Zuhr13:00
Asr15:10
Maghrib17:11
Isha18:41
Speeches by the President
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

More