Home Articles ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ДИНИ ХУНРЕЗӢ НЕСТ!

ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ДИНИ ХУНРЕЗӢ НЕСТ!

ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ДИНИ ХУНРЕЗӢ НЕСТ!
2017-12-09
3181

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Ҳодисаҳои нохуше,ки охири вақтҳо,хоссатан дар оғози асри 21 дар ҷомеъаи башарӣ рух дода истодааст инсонро ба ҳайрат меоварад. Шахс дар тааҷҷуб мемонад,ки амали ин гуна шахсони инсонсурату ҳайвонсиратро кадом дин е ойин амр мекунад?...
Таркише, ки дар шаҳри Мисри араб шуд он ҳам бошад дохили масҷид, ҳар як инсони бохирадро бетараф намегузорад.

Мардуме,ки барои анҷоми ибодот ба суйи беҳтарин порчаи руйи замин мераванд,то ки розу ниёз бо Худои худ кунанд,тавбаву истиғфор гуянд,мушкилоту муаммои худро аз Холиқи худ талаб кунанд афсус аз дасти ин ашхоси палид ҳалок мешаванд.

Таркиш мекунанд, хуни чандин нафаре,ки барои осоиштагии мулку мамлакат дасти дуъо бардошта буд ҳадар мекунанд, боз бо ифтихор садо мебароранд, ки ин амали зиштро фалон гурӯҳ ё созмони исломӣ   ба уҳда гирифт.

Хонандагони гиромӣ,бародарону хоҳарони меҳрубон биёд каме атрофи ҳамин масъала сухан кунем,то ки мақсад ва ғарази ин таркиш чист? Мақсад аз таркиш ва ба уҳда гирифтани ин созмони ба ном исломӣ чист? Онҳо аз ин амали қабеҳу нангин чӣ мехоҳанд?
Дини мубини ислом оиди ин амали шанеъ чӣ ҳукм мекунад?

Афсусу сад афсус, ки номи поки исломи нозанинро ба созмони палиди худ рабт мекунанд,ҳоло он ки ислом аз ин гуна созмону гурӯҳ безор аст.

Худованди меҳрубон 1400 сол муқаддам барои тамоми инсоният эълон дошт:

 يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُوا رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن نَّفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالًا كَثِيرًا وَنِسَاءً ۚ وَاتَّقُوا اللَّهَ الَّذِي تَسَاءَلُونَ بِهِ وَالْأَرْحَامَ ۚ إِنَّ اللَّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا.

Эй мардумон, аз он Парвардигоратон битарсед, ки шуморо аз як кас биофарид; ва аз он (як кас) зани ӯро офарид; ва аз ин ду (кас) мардумони бисёр ва занони бешумор мунташир сохт; ва аз он Худо битарсед, ки ба (номи) Ӯ аз якдигар суол мекунед. Ва аз (қатъи) хешовандӣ (битарсед). Ба дурустӣ ки Худо бар шумо Нигаҳбон аст (сураи Нисо, ояти 1).

Ин насиҳати илоҳӣ аст барои тамоми мардуми рӯи олам,ки ҳама новобаста аз ранг,забон,миллат,дин, нажод хоҳар ва бародари якдигаранд,эҳтироми ҳамдигарӣ, азиз шуморидани якдигар шарт ва зарур мебошад.

Дар ояти дигар дар сураи Исро Парвардигори олам мефармояд:

وَلَقَدْ كَرَّمْنَا بَنِي آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَرَزَقْنَاهُم مِّنَ الطَّيِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَىٰ كَثِيرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِيلًا.

“Ҳамоно, фарзандони Одамро гиромӣ кардем ва дар биёбону дар дарё онҳоро бардоштем;(Яъне: бар ҳайвон ва киштӣ)  ва ба онҳо аз покизаҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз он чи офаридаем, ба фазл додане фазл додем”.

Беҳтарин мавҷуди ин олам ва афзалтарину мукаррамтарини махлуқоти руи замин инсон мебошад. Ҳамаи ин иршодоти Илоҳӣ моро водор мекунад,ки мо қадри худро шиносем, нисбати ҳамдигар меҳрубон бошем, барои якдигар нафърасон бошем.

Дар ин зимн Пайғамбари Худо дар ҳадиси гуҳарвори худ мефармоянд:

خير الناس من ينفع الناس,شر الناس من يضر الناس

“Беҳтарини Шумо манфиатрасони Шумо ҳастед, бадтарини Шумо зиёну зараррасони Шумо ҳастед”.

Ҳазрати рисолатпаноҳ (с) нагуфтанд, ки беҳтарини Шумо намозхони Шумо ё рӯзадору ҳоҷии Шумо, балки нафърасони Шумо ба ҷомеъа беҳтарини Шумо аст.

Зеро ҳадафи дини мубини ислом ободии ҷомеъа аст, манфиъати ҷомеъа дар дини ислом аз манфиъати шахси авло мебошад.
Дар гуфтори Расули Худо (с) маълум аст,ки Ҳазрат калимаи носро ифода каарданд, нос маънои умумро ифода мекунад,чи мусулмон бошад ва чи ғайри мусулмон.

Аз таълимоти дини мубини ислом возеҳу равшан маълум аст,ки инсон бояд новобаста ба дину диёнаташ ба кулли мардуми олам нафъи худро бирасонад. 

Бадтарини мардум касе бошад, хоҳ мусулмон аст,хоҳ шомили дигар адён аст Ҳазрати Пайғамбар аломати ӯро муайян карданд, ки ӯ ба ҷомеа зарар мерасонад.

Имрӯз ки дар атрофу акнофи олам,бахусус дар давлатҳои мусулмоннишин таркиш ва ҳодисаҳои нангини ҳалокатбор пайи ҳам рух медиҳад оё тибқи соҳиби шариат, баҳодиҳандаи уммат Ҳазрати Муҳаммад (с) инсони беҳтарин ё мусулмони воқеӣ гуфта мешавад??? Ҳаргиз не, зеро ин тоифа бадтарини халқи Худо ҳастанд.

Мақсади нопоки ин гурӯҳи ба ном исломӣ бадном кардани дини мубини ислом аст, ғарази инҳо сиёҳ кардани чеҳраи нуронии оини поки Муҳаммадӣ аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони милали муттаҳид пуштибонӣ аз дини мубини ислом карда таъкид намуданд,ки экстримизм ва тероризмро ба ислом рабт накунед! Ислом дини пок аст, дини раҳмату сулҳу салоҳ аст.

Ҳақ бар ҷониби Сарвари мамлакат аст,ки дини ислом аз қатлу куштору террор безор аст. Баракс, ислом мардумро суйи илму дониш,сулҳу субот,тинҷию ороми,пешравию тараққиёт даъват мекунад.

Худованд дар Қуръони маҷид ҳукми ашхосе,ки қасдан касеро қатл мекунад эълон кардааст, ки қотил абадулобод ҷаҳаннамӣ аст.

Магар ин таркишҳо қасдан нест? Балки саҳван аст? Албатта қасдан аз руи нақшагузориву барномарезии ин гурӯҳҳо анҷом дода мешавад.

Ҷавонон бояд ақли салими худро ба кор андохта атрофи ин масоил андеша ронанд,набояд майнаи поки худро аз заҳри палиди ин созмону гурӯҳҳои ба ном исломӣ заҳролуд кунанд.

Дар охир аз Худованди банданавозу чорасоз истидъо мекунам,ки ҷавонони моро аз доми ин гурӯҳҳои ба ном исломӣ,аз ҳизбу ҳаракатҳои динии  хатарноки вабои аср дар паноҳи амнаш нигаҳ дорад,ҳубби ватан,эхтироми инсониро дар қулуби кулли мардуми шарафманди Ҷумҳурии азизамон бедор созад.

Абдуҷамол Ҳомидов,

сархатиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More