Home Articles КӮҲИ АДОЛАТ ВА БОДИ ХИЁНАТУ АДОВАТ

КӮҲИ АДОЛАТ ВА БОДИ ХИЁНАТУ АДОВАТ

КӮҲИ АДОЛАТ ВА БОДИ ХИЁНАТУ АДОВАТ
2017-12-09
3021

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

Ҳамду сано Худовандеро, ки моро ба беҳтарин сурат офарид ва ба мо неъматҳои фаровон ва ақлу тадбир ато намуд. Дуруду саломи бепоён бар хотами пайѓамбарон, ҳазрати Муҳаммади Мустафо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам ва бар хонадони поку ёрону пайравонаш.

Бузургеро пурсидаанд, ки аблаҳ кист? Посух гуфтааст: оне, ки дар як ҷой ду бор пешпо бихӯрад… Воқеан, фарқи оқил аз беақл, одил аз золим ва аблаҳ аз хирадманд дар ҳамин аст, ки ба ѓалату хатоҳои хеш ба чашми ибрат нигариста, аз чизҳое, ки норавост, худдорӣ мекунад, дунёро арсаи неку бад дониста, ҳамвора ба росткорону растагорон мепайвандад.

Таҷрибаи рӯзгорон, чунон ки Рӯдакии бузургвор фармудааст, беҳтарин панд ва муассиртарин омӯзгор аст:

Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд…

Мутаассифона, ин панди ҳазорсола на ба ҳама коргар аст. Дар ойини сиёсат низ мисли зиндагии рӯзмарраи ҷомеа таҷрибаҳои гузаштаву корҳои пешин ойинаи ибрат аст.

Тӯли 25 соли баъди баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар мамлакат таѓйироти куллӣ ба вуҷуд омад, тарҳи зиндагӣ дигар шуд, расму ойини давлатдорӣ ба эътибори анъанаҳои таърихӣ ва эҳтиёҷоти муосири кишварсозӣ устувор гардид. Мардум баъди фоҷиаҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилӣ, баъди сарсониҳои зиёде оқибат ба рӯзи нек расиданд. Дар ҳамин ҷумла, ки мардум аз фоҷиаҳои солҳои 1992-1997 то имрӯзи саодат расидаанд, як олам сухан, як дунё таассурот аст, ки ҳоло имкони шарҳи онҳо нест. Фақат як хулоса мусаллам аст, ки олам ба як  сурату як ҳолат ҳеҷ гоҳ намеистад, ба қавле «ҳар шом, ки ояд, зи пайи он саҳаре ҳаст»…

Ҳамин субҳи саодатро Худованд тавассути ҷавонмардоне насиби раъият мегардонад, ки дар роҳи рост ва ҳақиқат сина сипар мекунанд, ба хираду заковати мардумӣ такя намуда, манфиати ҷомеаро беҳтар аз манофеи ҷону тани хеш меҳисобанд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар айёми пурошӯби соли 1992 ҳамагӣ чил сол дошт, дар рӯзи сахти миллат зимоми давлатдорӣ ба дӯш бардошт ва азбаски ҳадаф – наҷоти давлату раъият буд, зина ба зина сулҳу суботро бо кӯмаки Парвардигор дар кишвар мустақар кард ва имрӯз тамоми ҷаҳон гувоҳ аст, ки ин ҳама хадамоти ҷонфидоёна ба хотири дубора эҳё намудани мақоми аздастрафтаи тоҷик буду ҳаст. Худованд ҳар касро тибқи нияту ормонаш ба мақсадаш мерасонад.

Аммо бо гузашти чоряк аср, баъди ин қадар ҷоннисориву сипарӣ намудани мушкилоти зиндагӣ ҳанӯз ҳам садои иѓвою дасиса ва фитнаву кизбу дурӯѓ ва «муборизаҳо барои ҳақиқат» аз беруни ҷумҳурӣ ба гӯш мерасанд. Намояндагони ҳизби манъшуда ва террористиву экстремистӣ эълоншудаи наҳзати исломӣ акнун сангарҳои хешро дар хориҷа ихтиёр намуда, бо тамоми нерӯ кӯшиш мекунанд, ки сиёҳро сафеду сафедро сиёҳ муаррифӣ намоянд.

Ба назар чунин мерасад, ки онҳо дар муборизаи иттилоотӣ бо мардуми шарифи Тоҷикистон танҳо нестанд, созмонҳои тундгаро ва иѓвоангези «Гурӯҳи 24», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ваҳҳобия», «Салафия» ва амсоли инҳо бо тамоми қуввати бадкориҳо ба сари мардум борони тӯҳмату буҳтон мерезанд. Дар ин миёна барои яке аз мафкурапардозони онҳо – Сайидюнуси Истаравшанӣ ҷойи махсус таъин шудааст. Ӯ аз номи дини мубини Ислом ва «ҳақиқатҳои исломӣ» чунон даъвоҳое пеш мегузорад, ки  касро ба ҳайрат мегузоранд. Аз ҳуқуқи инсон, шарофати инсон ва манофеи инсон он нафаре ҳаққи сухан кардан дорад, ки худаш тимсоли некӣ ва шарофат бошад, яъне накӯкирдору сирату сураташ мутобиқи ҳам бошад. Мактуби як гурӯҳ намояндагони мардуми Истаравшан ба номи сафири Эрон дар Тоҷикистон, ки чанде пеш дар ҳафтаномаи «Минбари халқ» чоп шуд, гувоҳи он аст, ки ин шахсият он нафаре набудааст, ки худро вонамуд месозад. Ӯ яке аз таҳрикгарони ҷунбиши навест, ки ҷонибдорони он мехоҳанд ҳақиқатҳои маълумро аз нав санҷиш кунанд ва гӯиё «адолат»-ро барқарор намоянд.

Афсӯс, ки дар баъзе мамолики Ѓарб ба ҷонибдорони Кабирӣ ва «Гурӯҳи 24» гӯш медиҳанд, онҳоро дар баъзе маҳфилҳо бологузар намуда, садояшонро пахш мекунанд. Аслан созмонҳои дифои ҳуқуқи инсон бояд дар худи ҷумҳурӣ вазъро ба мушоҳида бигиранд, таҳлили фарох дошта бошанд, аммо мутаассифона, ин тавр нест. Аз назари Кабирӣ ва ёронаш гӯиё дар Тоҷикистон дин хор шуда, ҳеҷ гуна озодиҳои эътиқодӣ риоя намешавад. Гӯиё ҳизби наҳзат хиёнате ба миллат накардааст…

Банда, ҳамчун Раиси Маркази исломии Тоҷикистон ин иддаоро комилан рад мекунам. Дин ҳамчун як шохаи фарҳанги миллӣ дар ҳоли тараққӣ буда, сол то сол нуфузи аслиашро ба даст меорад, ҳар нафаре, ки худро пайрави дини ислом ва мазҳабҳои он меҳисобад, комилан озод аст, ки озодиҳои эътиқодиашро пурра татбиқ намояд. Зиёда аз ин, тавассути таѓйиру иловаҳое, ки ба қонуни танзим ворид шуд, мардум аз асли дин беҳтару бештар огоҳӣ ёфт. Акнун ҳама маросимҳои сӯгу сур, ҳама ойинҳову анъанаҳо тибқи муқаррароти аслашон баргузор мешаванд ва инро як гардиши куллие дар мафкураи динии мардум бояд донист. Ҳизби наҳзат хиёнати ошкоро намуд, ки ҳамаи онро мақомоти судӣ фош кард, хеле аз намояндагони он, ки як вақтҳо бо ин созмон пайванд доштанд ва ҳамакнун пушаймон шудаанд, аз рафтори пурдаҳшати ин ҳизб, фиребу найранг ва мардумозории он, зиёда аз ин, дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ даст доштани ҳизб дар матбуот далелҳо нашр кардаанд. Ин хиёнатҳо ва фитнаҳо чун офтоб рӯшан шудаанд ва онҳоро дигар бо доман пӯшонида намешавад. Мутаассифона, чи тавре ки мебинем, ин наҳзатиҳо мехоҳанд боз як бори дигар фитнаву ошӯб барпо кунанд ва фазои ороми моро ноором созанд, то ки аз хоҷагони хориҷиашон мукофотҳо бигиранд ва ба таъбири масали мардумӣ: «Бигузор гӯр сӯзаду дег ҷӯшад», вале бехабар аз он ки мардум имрӯз бедор аст ва некро аз бад ҷудо мекунад.

Дин ҳама вақт дар Тоҷикистон ҳамчун як шохаи фарҳанги миллӣ асоси эътиқодоти аксарияти мардуми Тоҷикистонро ташкил медод ва медиҳад. Наҳзатиён хостанд аз ин дини мубин сӯистифода кунанд, чунки хоҷагони хориҷиашон ин гуна муносибатро ба онҳо ҳам бо маблаѓ ва ҳам раҳнамоиҳои маънавӣ меомӯзониданд. Пазируфта шудани Кабирӣ ҳамчун меҳмони воломақом дар Эрон, ҷонибдорӣ шудани ӯ аз ҷониби мансабдорони калони эронӣ, бархилофи он ки ин ҳизб дар Тоҷикистон террористӣ ва экстремистӣ эълон шуд, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳайрат овард. Аслан бигирем, аз ибтидои таъсиси ин ҳизб мардуми Тоҷикистон онро намепазируфтанд, зеро аз таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ, ки дар он кишварҳо ҳизбҳои исломӣ мавқеи фаъол доштанд, маълум буд, ки чунин сиёсисозии дин ҳеҷ гоҳ сулҳу субот ва пешрафт намеорад. Дин бояд поку озода бимонад, дин ба сони офтобест, ки аз нурҳои ҷонбахши он ҳамагон бояд истифода баранд. Мардуми мусулмонро ба гурӯҳҳои сиёсӣ тақсим намуда, бо роҳҳои макру фиреб, зулму ситам ва террору ифротгароӣ давлат таъсис дода намешавад, чунки ин омиле ҳаст, ки бисёр давлатҳои ободу тараққикардаро ба хоку хун кашидааст. Агар мо дар ҳақиқат ватани ободу озод мехоҳем, бояд аз дигарон ибрат бигирем.

Далелҳои қуръонӣ ҳама аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дин сарҷамъӣ ва иттиҳоди мардумро дар назар дорад: «Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд». (Рум; 31-31). Далели дигар: «Ва бо якдигар ба низоъ барнахезед, ки нотавон шавед ва шаъну шавкат аз шумо биравад». (Анфол; 46). Ё ин ки:  «Монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд». (Оли Имрон; 105).

Худованд бар мусалмонон иттиҳоду пайравӣ аз ҷамоат ва дурӣ ҷустан аз омилҳоеро, ки сабаби парокандагӣ мегарданд, заруру ҳатмӣ шуморидааст. Пас ба гувоҳи ин оятҳо ва дар заминаи баррасии мазмуну моҳияти ин оятҳо ҳизбҳои сиёсии динӣ, ки мардуми мусулмонро ба гурӯҳҳои сиёсӣ тақсим мекунанд, ҳаром аст, зеро яке аз муҳимтарин нишонаҳо ва натиҷаҳои он парокандагӣ хоҳад буд. Инак, барилова далелҳо аз суннати набавӣ низ исботи ин фикр мебошанд:

  Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе аз итоати ҳоким берун ояд ва аз ҷамоат ҷудо гардад, сипас бимирад, маргаш бар ҷоҳилият хоҳад буд ва ҳар касе зери парчами беҳадафона биҷангад, дар ҳоле, ки ѓазабаш ба хотири таассубгароист ё ки ба таассубгароӣ даъват ва кумак мекунад ва ба ҳамин ҳол кушта шавад, пас кушта шуданаш бо таври ҷоҳилият аст».   (Саҳеҳи Бухорӣ, ҷ. 6, с. 2612. Сунани Доримӣ, ҷ. 2, с. 314). Аз Ибни Аббос (р) ривоят аст, ки Пайѓамбар (с) фармуданд: «Ҳар касе аз амири худ чизеро бинад, ки онро намеписандад, пас бояд сабр намояд, зеро ҳар касе аз ҷамоат ба миқдори як ваҷаб канора мегирад, маргаш бар ҷоҳилият хоҳад буд». (Саҳеҳӣ Муслим, ҷ. 3, с. 1476, 1477, 1478. Саҳеҳи Ибни Ҳиббон, ҷ. 1, с. 440, 441).

Имрӯзҳо дар зери номи ислом созмону равияҳо ва ҳизбҳои зиёде дар ҷаҳон амал мекунанд. Инҳо «Ҳизбуллоҳ», «Ихвонул-муслимин», «Ҳизбу-т-таҳрир» ҳастанд. Ҳамаи равияҳо ва ҳизбҳои исломӣ дар зери ниқоби ислом ѓояҳои сиёсии худро рӯпӯш мекунанд, дар асл мақсадашон сари қудрат омадан мебошад. Чун «Толибон» дар Афѓонистон 40 сол мешавад, ки оташи ҷангро хомӯш карданӣ нестанд, ҳол он ки Афѓонистон давлати исломист. Аз рӯзе, ки дар ҷаҳони ислом ҳизбу равияҳо ба арсаи сиёсат дохил шуданд, парокандагӣ дар миёни мусулмонон ба вуҷуд омад. Ҳамаи ин ҳизбу равияҳо навпайдо буда, ба исломи асил ягон муносибате надоранд. ҲНИТ зиёда аз 40 сол арзи вуҷуд дошт. Мумкин аст, ки дар назди мухлисонаш корҳояшон «шоистаи таҳсин» бошад, аммо ҷомеаи Тоҷикистон онро ба тарзи объективӣ баҳо медиҳад. Аз рӯзи каме ба қудрат пайдо карданашон дар ҷомеаи Тоҷикистон нооромиҳо сар шуданд. Охиринаш - ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шудани ҷомеа буд ва чӣ бадбахтиҳое ба сари миллат наомад... Агар ин ҳизб воқеан «исломӣ» мешуд, халқи худашро ба гирдоби оташ намекашид. Агар ин ҳизб ниҳодан исломӣ мешуд, баъзе рӯҳониёне, ки аъзои ин ҳиз буданд, аз безор буданаш дар саҳифаи газета эълон намекарданд, мисли Мулло Абдурраҳим, яке аз муассисонаш, изҳори пушаймонӣ ва узрхоҳию бахшиш намекард… Аз ин рӯ, барои ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳизбҳои дар ниқоби исломӣ минбаъд зарурате надоранд.

 Ба андешаи мо, Кабирӣ ва пайравони ӯ дар хориҷа ва дигар созмонҳои бадкирдор акнун роҳи фитнаву иѓвогариро пеша кардаанд. Дар Қуръони карим ва суннати набавӣ далелҳои фаровон мавҷуд аст, ки инсонҳоро аз фитна ҳушдор дода, канорагирӣ аз онро амр кардаанд. Пайѓамбари гиромии ислом (с) оид ба оқибати ногувори фитна чунин фармудааст: «Фитна хоб аст, Худо лаънат кунад касеро, ки онро бедор месозад». Агар мехоҳем аз раҳмати Худованд маҳрум нашавем, бояд пеши роҳи фитнаву тафриқаро бигирем ва барои ҳифзи суботу амнияти ҷомеаи хеш саҳмгузор бошем. Зеро сулҳу осоиш сабаб мешавад, ки Худованд раҳмату баракати худро бар мардум нозил мекунад. Шариати ислом барои пешгирии фитна дар мавридҳои гуногун аҳкоми худро содир намудааст, зеро ки он сабаби хонавайронӣ, қатлу куштор ва парешонҳолии мардум ва боиси фасоду табоҳӣ дар рӯи замин мегардад. Таърихи начандон дури ҷомеаи мо гувоҳи он аст, ки фитнаҳое, ки бар асари сӯиистифода аз дини мубини Ислом ангехта мешаванд, аз ҳама зиёд хатарот ва дар паёмад фатарот доранд. Вақтҳои охир аз пеши худ ва бидуни итоат ба ҷомеаи уламо додани фатво аҳён-аҳён ба чашм мерасад ва оқибатҳои онро худи мардум мебинад. Ҳодисаи худсарона пешдароии яке аз рӯҳониёни кишвар дар як ҷанозаи ҷамоати собиқ Оли Совети ноҳияи Рӯдакӣ, барангехтани нифоқ тавассути манъ гардонидани таҷлили Наврӯз дар васоити ахбори омма, ё худ ҳодисаи начандон дури ташкили Ошӯро дар масҷиди Муҳаммадияи шаҳри Ваҳдат ва чанде дигар аз зумраи фитнаҳое буданд, ки гурӯҳ-гурӯҳ мардумро ба ихтилоф андохта буданд. Ихтилоф ангехтан бо мақсади дарёфти обрӯву манзалат аз бадтарин фитнаҳост, ки ҳадафи аслии он суст гардонидани таҳкурсиии бақои давлату миллат аст. Беҳуда Сайидои Насафӣ нафармудааст:

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад…

Як хислати муҳими фитнакорон ҳамин аст, ки аз тинҷиву оромӣ ва суботи ҷомеа ҳарос доранд, зеро дар ҳоли субот маърифат меафзояд ва ҷойи ноогоҳиро худшиносии фардиву иҷтимоӣ мегирад. Инро фитнакорон бузургтарин хатар медонанд, бар ин асос, ки дигар эътимод ба ҳарзагӯён намемонад ва бозорашон аз гармӣ мемонад. Аз назари таҳлилгарон, ҳама хатарҳои бузург дар ибтидо аз ташаббусу ибтикороти фитнаомези чанде аз сиёсатмадорон маншаъ гирифта будааст. Пас, сабақи аввалия ин аст, ки алангаи фитнаро дар ҳоли хурд буданаш бояд барҳам зад, зеро баъдан ба оташи азиме табдил хоҳад ёфт. Ин аст беҳтарин роҳи наҷоти ҷомеа аз фитнаву фитнангезон.

Саидмукаррам Абдуқодирзода

Раиси Шӯрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More