Home Articles “Фариштаҳои тоҷиккуш”

“Фариштаҳои тоҷиккуш”

“Фариштаҳои тоҷиккуш”
2017-12-13
2906

Таърих мафҳуми муқаддас аст ва онро тағйир додан ва ё таҳриф кардан аз дасти инсони хокӣ намеояд. Аз ҷониби дигар инсон дар таърихи мавҷудияти худ ҳар амале, ки мекунад ба он дер ё зуд ҷавоб медиҳад. Агар амали неку хайр аст ӯ ҳам дар ин дунё ва ҳам дар олами улвӣ ғарқи раҳмату сипос мегардад ва агар амали носавобе кард ё даст ба кори зишт зад ҳам дар ин олам ва ҳам дар он дунё ба лаънат сазовор мегардад.

Чашми таърих мардум аст ва аз назари халқ ҳеҷ чиз пинҳон намемонад. Махсусан агар инсон мабодо бар муқобили халқ коре анҷом диҳад ва бо нияти бад бар зидди мардуми худаш муҳориба кунад ва барои мағлуб кардани халқ аз ҳиллаву найрангҳо истифода барад. Махсусан вой бар ҳоли касе, ки барои расидан ба аҳдофи сиёҳаш аз Каломи Шариф ва аҳодиси Паямбари ислом истифода барад. Ҳақиқат ҳеҷ гоҳ аз назар пинҳон намемонад ва рӯзе бозиҳову найрангҳои паси пардагӣ рӯи об мешавад ва ҳамаро побарҷо мемонад. Дирӯз бо амри тасодуф навореро тамошо кардам, ки 25 сол муқаддам 27. 09. 1992 сабт ёфтааст ва андешаҳои болоии ман ба он тааллуқ дорад. Аз минбари баланд рӯ ба рӯ бо мардум ба чашми халқ бешармона Сайид Абдуллоҳи Нурӣ муассиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, ки ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф шуд, ҳарфҳое аз адолату озодӣ мезанад, ки билохир ҳадафаш қатл кардани инсон аст. Ӯ мардуми тоҷикро ошкоро ба ҷангу ҳарб даъват мекунад ва бешармона халқро ба ду қисм гурӯҳе кофир ва гурӯҳе мусалмон тақсим мекунад. Аҷабо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар чӣ асос мардуме, ки ҳамфикри ӯ нестанд кофир мегӯяд. Аз ҷангҳое ёд мекунад, ки мазмуни онҳо ба мазмуни ҷанги бародаркуши тоҷикон ҳеҷ иртибот надорад. Ӯ бешармона “бачаҳои мо” гуфта ҳамфикрони худ ва “Онҳо” гуфта онҳоеро дар назар дошт, ки тарафдори андешаҳои ғаразноки ӯ набуданд ва аз Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва пайравонаш безор буданд.

Аҷабо ӯ наметарсид, ки ба мардум ҳарфи дӯрӯғ мегӯяд. Магар фариштаҳо дигар коре надоранд, ки ба фармони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гӯш мекунанд ва гӯё тирҳои хатопартофтаи тарафдорони ӯро ба ҳадаф мерасонанд, бале он фариштаҳои тоҷиккуш маҳсули хаёл ва андешаҳои ботили Сайид Абдуллоҳи Нурӣ буд, ки нияти нопоки онро ифода мекард. Ин ҳамоқат  ва хандаовар аст ва бубинед, ки замоне гурӯҳи мардум фирефтаи ин ҳарфҳо гардиданд ва кишвар ба доми бало гирифтор шуд.

Андеша мекунам, ки магар он замон чашмҳои баъзе касонро пардаи ғафлат ва дилҳоро ҳиҷоби бехабарӣ гирифта буд. Чаро гурӯҳе ба ӯ бовар карданд ва худро ба оташи ҷанг заданд. Бародар бо бародар душман шуд ба хотири ҳамон сухани фитнаангези Сайид Абдуллоҳи Нурӣ “Ӯ бачаҳои мо нест”. Инак бо гузашти солҳо мусаллам шуд, ки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва пайравонаш дар кишвари мо чун ҳаммаслаконаш дар диёрҳои дигар асоси ДИИШРО мегузоштанд ва бо гузашти солҳо он ба як қувваи бузурги аҳриманӣ табдил ёфт. Бозам шукрона мегӯям, ки дар кишвари мо пеши роҳи ин сияҳдилон гирифта шуд . Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон қатъ гардид ва мардум ба аслу ҳақиқати таърих ошно шуданд. Бале таърих гувоҳ аст ва таърих танҳо ростиро мепазирад. Баъди 25 сол бори дигар чеҳраи манфури инсоне фош шуд, ки агар Худо нокарда  ба онҳо халқ бовар мекард имрӯз на аз миллат нишон буду на аз давлати тоҷикон. Бошад, ки ба таърих бо чашми ибрат назар созем.

                                       Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

                                                 Сархатиби масҷиди ҷомеъи

                                                          марказии “Шайх Маслиҳатдин”

                                                      номзади илмҳои суханшиносӣ

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More