Home Articles ДИНРО ОҒУШТАИ ХУН НАСОЗЕД!

ДИНРО ОҒУШТАИ ХУН НАСОЗЕД!

ДИНРО ОҒУШТАИ ХУН НАСОЗЕД!
2017-12-13
3557

Ҳамду санои беҳисоб он Худованди яктову беҳамторо, дуруди бепоён он фиристодаи барҳақи ӯ ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва олу асҳобашро.

Солҳои охир ҷомеаи башарро ҳаводиси тундгаро ва ҳазорҳо амалҳои ҳузнангези терористӣ фаро гирифтаанд, ки тибқи маълумоти сарчашмаҳои хабаррасон дастандаркорони чунин амалҳо намояндагии ба истилоҳ равияҳои динӣ ва мазҳабу ҳизбҳо (ба қавле Худошиносону Худопарастон) буда, дар ниқоби дин баҳри пиёда кардани аҳдофи ғаразонаи худ, маҳз баҳри ба даст овардани қудрати сарварӣ мебошад. Барномаҳои равияву мазҳабҳои тундгаро тавре тарҳрезӣ шудаанд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат зимоми андешоти мардум, махсусан ҷавононро ба даст мегиранд. Зеро муқаррароту таълимоти барномаҳо аз ибтидо то интиҳо бо истифода аз номи Худову Паёмбар ва таълимоти Қуръони карим таълиф шудаанд ва ин низ ҳикмат дорад. Дар ин бора донишманди ҳиндӣ Маҳадма Гандӣ ҷое ишора мекунад, ки «Ташвиқу тарғиби мардум барои даъват ба коре бо ироаи каломи ирфонӣ сад маротиб аз баёни лафзи бадеӣ таъсирноктар аст». Ин гуфтаҳо воқеияти хоса дошта, ба василаи чунин мазҳабу равияҳои тундгаро (ба қавле исломӣ) ҷони ҳазорон ҷавонони миллат қурбон шуда,  ин омил то кунун идома дорад.

Аз таҳлили коршиносон ва ҳаводису рӯйдоди ҷаҳони имрӯз бармеояд, бештари ҷавонон, ки гӯё баъди қурбон шудан дар биҳишти ҷовидон роҳ меёбанд, ба «ҷиҳод» ба мамолики дигари мусулмонӣ чун Сурияву Фаластин, ки асосан онҳо аз мо дида қазовати динии бештар доранд, роҳ пеш мегиранд. Аммо андеша намекунанд, ки чӣ гуна ҷиҳод асту бо кадом далел вориди ҷаннати ҷовидонӣ шудани онҳо воқеият дорад? Бовар дорем, ки эшон ба моҳияти ҷиҳод то кунун сарфаҳм намераванд. Дар баробари ин андӯҳи волидон ва ҳамсару фарзанди эшон бо нолаи аз сӯзи қалбҳои бадаршудаи модар ва чашидани заҳри ятимии фарзандону пароканда шудани оилаи солиму хушбахт ба миён меояд.

Ҳаводиси замони охир ва иттилои расонаҳои хабарӣ чанд вақт инҷониб сару садоҳои амалҳои терористӣ, қатлу қурбонӣ, расидан ба номуси занон ва амсоли ин барин амалҳои бадахлоқи ғайришаръиро бо арқому далоили бурҳон ва шумори ниҳоят беш ошкор намудаистодаанд, ки қаҳрамонҳои асосии нақшҳо дар аввалия ба қавле ҳомиёни дину «рӯҳониён» ба ҳисоб мераванд. Пас суоле пайдо мешавад, ки ҳомии дину соҳиби мазҳаб ва худошиносу худопараст, ки аз мукофоти амалҳои ғайришаръӣ дар қиёс ба афроди аз дину мазҳаб нисбатан дурбуда огоҳтар аст, чунин бошад, пас чӣ гила аз мардуме, ки аз аҳкоми шариат тамоман огоҳ нестанд.

         Саҳафоти нашрияҳо, барномаҳои телевизионӣ, сомонаҳои интернетиро гуфтанҳову шуниданҳо ва диданиҳо аз ҳаводиси бегонашавии милллат, даъвати ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиву тундгаро фаро гирифтаанд, ки ин ҳама даъватҳо дар ниқоби ислом ва истифода аз нуфузи он амалӣ гашта истодааст. Яъне ислом низ дар охир ҳамчун сиёсате чун бозичаи дасти иғвогарону душманони мамолики Ғарб гардидааст. Ин омил аз он сар мезанад, ки дар мо мусулмонон маърифати исломӣ то андозае коста гардидааст. Аз ин ҷост, ки ислом чун аслиҳа ва мусулмон ҳамчун объекти банишонгирифташуда қарор гирифтааст.Замоне ки ба асолати асосии ислому расму оин ва рукнҳои он сарфаҳм намеравем, пас ҳеҷ зарурати ба сиёсат омехта намудани он намемонад. Ин нукта дар моддаи ҳаштуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр ёфтааст: «…Ҳеҷ андеша, аз ҷумла андешаи динӣ наметавонад чун андешаи давлатӣ эътироф шавад…Созмонҳои динӣ аз давлат ҷудо буда (баёнгари асли ҷудоии дин аз сиёсат), ин ташкилот дар корҳои давлат наметавонад дахолат кунад».

         Дар ниқоби ислом ва истифода аз нуфузи ин дини поку беолоиш, ки дар қиёс бо дигар динҳо афзалтарин дин ҳисобида шудааст, ҷараёнҳои тундрав ва душманони миллату аҷнабиён мехоҳанд фитна миёни мусулмон биандозанд ва ба ин васила мусулмонро ҳамчун қотил ва ҷалоду бераҳм тасвир кунанд. Ба таври дигар гӯем, ислом ҳамчун василае барои расидан ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ истифода мешавад.

         Ошкор аст, ки ин ҳама бедодгариву иғвоангезӣ аз мамолики ғарб шомили кишвари мо гардида, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ хони номуборак пеши ҷавонони миллат густурд ва аз намаки бо ислом омехтаи худ дар афкори ҷавонон муҳри бегонапарастиро гузошт. Ин ҳама воситаи иғвоангезӣ миёни давлату миллат аст, аммо дар асл ислом айбе надорад. Дар ин бора Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ барҷо фармудааст:

 

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

                                         

Сиёсикунии дин ё ба сиёсат мубадал намудани дин ҳам муқобили қонуни аввалии Конститутсияи кишвар ва ҳам як воситаи шуру иғво миёни давлату миллат чун силоҳе мавриди корбурд қарор дорад ва исботи ин раванд дигар матлаберо тақозо намекунад, зеро ҳаводиси моҷароҷӯёнаи дунёи башар бозгӯи ин гуфтаҳост.

Дар афкори рушанфикрон ҳамеша андешае давр мезанад, ки чаро гурӯҳҳои тундрав ва душманони миллат ҳамеша бо каломи ирфонӣ мардумро таблиғ мекунанд, зеро каломи ирфонӣ ва истифода аз нуфузи дини Ислом ва аҳодиси Расули Акрам (с) ташвиқи эшон нишонрас мешавад. Ин нуктаро низ дар фавқ бо гуфтаҳои донишманди ҳиндӣ Маҳадма Ганди собит намудем.

Аммо дар асл, агар кас ба таърихи дини мубини Ислом ва корномаҳои Паёмбари Акраму асҳоби ӯ назар афканад, эътироф мекунад, ки пайравони воқеии ин дини илоҳӣ саропо силаи раҳм буда, ба ҳеҷ махлуқе дар асоси фармудаҳои Худованди Раҳмон расонидани зарару зиёнро раво намедорад ва имрӯз низ ин шиор барои мусалмони воқеӣ яке аз муҳимтарин дастуруламали зиндагӣ қарор дорад. Чунончӣ Ҳофизи Каломи Раббонӣ дар каломи муқаддасаш Қуръони карим дар ин маврид фармудааст: “Худо заррае ҳам (ба касе) зулм намекунад. Агар некие бошад, онро ду баробар мекунад ва аз ҷониби худ (ба шахси некукор) музде бузург медиҳад.” (Сураи “Нисо”, ояти 40).

Набояд фаромӯш кард, ки Худованд қатли инсонро қатъиян маҳкум карда, дар каломаш мефарояд: “…Ҳар кӣ мӯъминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абадӣ хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад!». Аммо мутаассифона, қатлу куштор аз ҷониби чунин афрод рӯз аз рӯз меафзояд. Афзудани раванди қатлу куштор аз дониш ва маърифати динӣ надоштани чунин афрод шаҳодат медиҳад, зеро агар эшон медонистанд, ки Худованд қатлу куштор ва зулму ситамро дар каломаш Қуръони карим маҳкум намудаву, барои қотил ҷазои созгоре муайян намудааст, яқинан гуфта метавонем, ки даст ба чунин амалҳо намезаданд ва аз ҳама муҳим шомили гурӯҳҳои ифротгаро намегардиданд. Ҷавонон бояд донанд, ки Худованд барои ҳар як амали бандааш посухи муносиб медиҳад. “(Мо) Рӯзи қиёмат тарозуҳои адлро омода мекунем ва ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Агар амале ба сангинии як хардал ҳам бошад, ба ҳисобаш меоварем (ва сазову ҷазои онро медиҳем), ки мо ҳисоб карданро басандаем!” (Сураи “Анбиё”, ояти 47).

Оёти баёншуда барои фарди солимақл ниҳояти даст кашидан аз ҳамаи амалҳост, зеро амали чун вазни донаи хардал (хардал донаи ниҳоят кӯчаки тезмазза аст) дар назди Худованд посух дошта бошад, пас вой бар ҳоли “ҷавонони терорист”, ки даст бар ҷони ҳазорон мардуми бегуноҳ ва тифлону бародарони мусулмони худ мезананд. Ин амалҳо на «ҷиҳод», балки ситам аст. “…Худо ситамкоронро дӯст надорад!” (Сураи “Оли Имрон”, ояти 57).

Оятҳои баёншуда ва садҳо оёти дигар гувоҳи онанд, ки Худованд зулму ситамро намепазирад ва мусалмони воқеӣ набояд қотил бошад. Тероризм моли мусулмон нест ва мусулмон ҳеҷ гоҳ терорист буда наметавонад.

Бо ин ҳама ба ҷавонон хитоб намуда, мегӯем, ки ин роҳ роҳи раҳоӣ аз дӯзах ва расидан ба биҳишти ҷовидоне, ки душманони миллат дар гуши Шумо мехонанд нест, балки маҳв сохтани Шумост. Дар ин бора Худованд амр мефармояд, ки: “Мо барои ситамкорон оташеро, ки лаҳиби (шӯълаи) он ҳамаро дар бар мегирад, омода кардаем ва чун ба истиғоса (додхоҳӣ) об хоҳанд, аз обе чун миси гудохта, ки аз ҳарораташ чеҳраҳо кабоб мешавад, бихӯронандашон, чӣ оби баде ва чӣ оромгоҳе бад! Рӯзе, ки золим дастони худро ба дандон газад ва гӯяд: «Эй кош, роҳеро, ки Расул дар пеш гирифта буд, дар пеш гирифта будам. Вой бар ман, кош фалонро дӯст намегирифтам  бо он ки Қуръон барои ман нозил шуда буд, маро аз пайравиаш бозмедошт...” (Сураи “Фурқон” оятҳои 26, 27).

Қуръони карим ва аҳодиси саҳеҳи паёмбари ислом Муҳаммад (с) арзишмандтарин санад дар ҷаҳони Ислом эътироф гардидаанд, ки тамомии орифону шоирон ва бузургони гузаштаи мо дар пайравӣ аз ду санад ҷаҳони исломро муаррифӣ намуда, назари хос доштани ин оини муқаддасро ба инсон дар осорашон баён намудаанд. Душманони миллат бузургиву шаҳомати ин динро, ки дар ҷаҳон нуфузи олиро соҳиб аст (дини мубини Ислом дар қиёс ба дигар динҳо дар ҷаҳон тарафдорони бештар дорад), намепазиранд ва кӯшиш доранд, то бо роҳандозии дассисаҳои сиёсӣ нуфузи онро дар ҷомеаи башар поин баранд. Бо ин мақсад онҳо мусулмонро чун обект (нишон) ва Исломро чун силоҳ ба майдони муҳориба кашонданд.

Аммо набояд аз хотир дур сохт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди арҷгузорӣ ба арзишҳои исломӣ ва эҳтиром гузоштан ба каломи Худованду ҳадисҳои набавӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд, монанди: мақоми давлатӣ гирифтани идҳои асосии исломӣ, созмон додани институтҳои фарҳанги исломӣ, тарҷумаи китоби муқаддаси дини ислом Қуръони карим ба забони тоҷикӣ (бо алифбои кириллӣ), аз ҳама асос таҷлили 1310 солагии пешвои мазҳаби Ҳанафия Имоми Аъзам (5 октябри соли 2009) ва амсоли инҳо.

Ҳамин тариқ, дар ниқоби дини мубини Ислом фаъолият намудани ифротгароён хатари азимеро ба бор оварда истодааст, ки ҷомеаи солими инсониро дар таҳлука андохтааст. Бартараф  намудани ин вабои сиёсӣ кори ҳар як фарди солим ва ҷомеаи солим мебошад. Замоне фаро расидааст, ки бо далелҳои муътамад чеҳра аз рӯи ин ниқобпӯшон барафканем, симои асосии онҳоро ба мардум нишон диҳем ва барои раҳнамунсозии онҳо дар роҳи рост роҳбаладони воқеӣ бошем.

Худойдод Сафаров,

 имомхатиби масҷиди ҷомеъи

ба номи Ҳилоли Аҳмари ш. Кӯлоб

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More