Home Articles ЯК ВАТАНИ МАҲБУБ ВА ЯК МАЗҲАБИ ХУБ ДОРЕМ...

ЯК ВАТАНИ МАҲБУБ ВА ЯК МАЗҲАБИ ХУБ ДОРЕМ...

ЯК ВАТАНИ МАҲБУБ ВА ЯК МАЗҲАБИ ХУБ ДОРЕМ...
2018-01-11
3110

Дар ҳақиқат ҷои шукургузорист, ки мо имрӯз дар Ватани зебову тинҷу ором ва дар фазои ваҳдату якдигарфаҳмӣ умр ба сар бурда истодаем, ки ин неъмати бебаҳоро ҳар як шарванди Тоҷикистон хуб дарк мекунад.

Аз ҷониби дигар, боиси таассуф аст, ки баъзе нохалафон, бевиҷдонҳо нисбат ба ин давлату миллат  носипосӣ карда, ба қадри неъмати осоиштагиву оромӣ ва хонаи обод  намерасанд ва  ба ватани маҳбубу муқаддаси худ аз дохилу хориҷ сангҳои  маломат мезананд.

Дар ҳақиқат дидем, ки роҳаброну пайравони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ аз замони фаъолияташ аз номи исломи пок баромад намуда, худро ҳамчун ҳомии ислом ва ҳимоягари дин нишон медоданд ва бо ин раҳу воситаҳо мардумро ба худ ҷалб мекарданд. Аммо қисмате аз мардуми шарафманди тоҷик аз ин дасисабозии онҳо бехабар буданд. Ба ҳамагон маълум аст, ки  гурӯҳи террористии  ҲНИТ аз солҳои аввали фаъолияташ ҳаракати моҷароҷуй дошта, онҳо ҳамеша фитнаву ошуб ва ихтилофҳоро дар байни мардум мусулмон ба миён меоварданд. Ба гуфтани суханони дурӯғу фитнаангез ва шиори он ки:  "ҳар касе, ки дар Ҳизби наҳзат нест, мусулмон нест", мардумро бо моҷароҳои сиёсӣ гирифтор менамуданд.

Як чизро бояд дарк кард, ки  ҳодисаҳои рухдода дар давлатҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон  ба ҳама маълум аст. Ҷавононе, ки дар ҷангҳои давлатҳои мазкур иштирок доранд, тавассути ҳизбҳои тундраве  ба мисли ташкилоти ифротию ирҳобии ҲНИТ ҷалб шудаанд. Онҳо ҷавноне ҳастанд, ки маърифати илмию динӣ надоштанд, эҳтироми падару модар ва ҳисси ватандӯстиву миллии худро аз даст дода, ба доми фиреб афтода буданд.

Пешвои миллат дар Паёми худ бори дигар ба мо ҳушдор доданд, ки  террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад. Бояд донист, ки бо ин ҳама зери ниқоби ислом намояндагони гурӯҳи террористии ҲНИТ ҳадафҳои  худро  пеш бурдан мехостанд, вале тирашон ба ҳадаф  нарасид...

Қайд намудан зарур аст, ки  имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва афсарону сарбозон барои ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдодӣ аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, намегузорад, ки нохалафон ва бемазҳабон ва ё ягон гурӯҳи тундрав ба амнияти  кишвар халал  ворид кунад.  Зеро мо як Ватани маҳбуб бо номи ТОҶИКИСТОН ва як мазҳаби хубу таҳаммулгарое бо номи ҲАНАФИЯ дорем. Пешвои муаззами миллат низ хеле бамаврид таъкид намуда буданд, ки "Амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад”.

Муҳибулло Ҷураев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи “Чашмаи моҳиён”-и ш.Ҳисор

бознашр аз сомонаи Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More