Home Articles Афсӯси чунин “ислом”-у “мусулмонӣ”

Афсӯси чунин “ислом”-у “мусулмонӣ”

Афсӯси чунин “ислом”-у “мусулмонӣ”
2018-02-17
2652

Рӯзи 27-уми январи соли равон дар маркази шаҳри Кобул боз як амали мудҳиши террористӣ анҷом шуд. Дар натиҷаи ин амали ғайриинсонӣ зиёда аз сад нафар мардуми мусалмони бегуноҳи  Афғонистон кушта ва зиёда аз 135 нафари дигар маҷрӯҳ гардид.

Амали мазкур баёнгари ақоиди аслии ҳаросафканон ва ҳомиёни аслии онҳо дар хориҷи кишвар мебошад. Ҳамарӯза дар гушаву канори ин кишвари ҷангзада аъмоли мудҳиши  террористӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ҳаросафкан анҷом мешавад, ки дар натиҷа садҳо мардуми осоишта ҷони худро аз даст медиҳанд. Мутаассифона дастандаркорони ин аъмоли мудҳиш худро мусалмон медонанд ва даъво доранд, ки ин аъмоли онҳо "ҷиҳод" дар роҳи Худост.

Аъмоли ваҳшиёнаи ҳаросафканон агар аз як тараф хуни ноҳақи мардуми мусалмони мазлуми Афғонистонро резонида, боиси хисороти ҷонию молӣ гардад, аз тарафи дигар ҳисси исломбадбиниро дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ афзоиш медиҳад. Дақиқан ҳамлаҳои хунини ин афрод зарбаҳои муҳликеро бар пайкари ислом ворид месозанд. Ин кушторҳои ваҳшиёна, ки аз номи "Ислом" анҷом мешаванд, ба дини ислом ҳеҷ иртиботе надоранд.

Пас суоле ба миён меояд, оё воқеан куштани мардуми бегуноҳ дар ислом ҷоиз аст? Ҷавоб дар ин маврид якест: Не!  Худованд дар Қурони маҷид дар ин бора мефармояд: Ва ҳар касе муъминеро қасдан ба қатл бирасонад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он ҷовидона мемонад ва Худованд бар ӯ ғазаб мекунад ва ӯро аз раҳматаш дур месозад ва азоби бузурге барои ӯ омода сохтааст. Сураи нисо ояти 95. Мутобиқи ҳукми сареҳи ин ояти муборака қасдан ба қатл расонидани як муъмин аз зумраи гуноҳони кабира ба шумор рафта, қотил муртакиби ҷинояти бузурге гардидааст, ки ҳукмаш дар ислом танҳо қисос аст. Яъне, тавре мебинем, қатли мардуми бегуноҳ натанҳо "ҷиҳод" нест, балки бузургтарин ҷурм маҳсуб меёбад.

Суоли дигар дар  ин маврид ин аст, худкушӣ, ки вақтҳои охир ба як "силоҳ"-и аслии террористон табдил шудааст, аз нигоҳи ислом чӣ ҳукме дорад? Худованд дар ояти 29 сураи Нисо мефармояд: Эй касоне, ки имон овардаед! Амволи якдигарро аз роҳҳои ботил (номашрӯъ) нахӯред, магар ин ки тиҷорате бо ризоияти шумо (анҷом гирифта) бошад. Ва худатонро макушед, зеро Худованд бар шумо меҳрубон аст.

Илова бар он чи дар боло ишора кардем, аҳодиси зиёде дар боби худкушӣ ворид гардидааст. Имом Бухорӣ дар китоби Тиб дар боби "Шурби сам (заҳр)" ҳадиси 5778 чунин мефармояд: Аз Абуҳурайра (раз) ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт: "Шахсе, ки худкушӣ кард бо оҳан пас оҳанаш (олати худкушӣ) дар дасти ӯст ва батнашро мешикофад, дар ҳоле ки дар оташи ҷаҳаннам аст, ҷовидона. Ва касе, ки заҳр нӯшид ва худашро кушт, пас таъми заҳрро мечашад дар оташи дӯзах ҷовидон  ва ҳамеша. Ва касе, ки худро аз кӯҳ (ё монанди он) андохт ва худкушӣ кард, пас дар оташи дӯзах андохта мешавад, ҷовидон ва ҳамеша.

Ҳадиси мазкур далили маҳкамест  бар ҳаром будани худкушӣ аз нигоҳи ислом ва тарконидани худ ҳамчуноне, ки ҳамарӯза шоҳиди он ҳастед.

Мо ходимони динӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ин гуна амалҳои ғайриинсонии чунин гурӯҳҳои террористиро маҳкум намуда, таъкид мекунем, ки ҳар як шаҳравнди ҷумҳурӣ вазифадор мебошад, ки дар ҳифзу аммонии Ватани хеш саҳмгузор буда, дар пешравии тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии он нақши муссир гузорад.

Абдуҷалил Нозимов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи Қалъаи Сурхи ноҳияи Рашт

Pray time in Dushanbe

16.04.2024

More
Fajr04:14
Zuhr12:40
Asr17:14
Maghrib19:13
Isha20:44
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More