Home Articles ТАЛОҚ-МУШКИЛОТИ РӮЗ

ТАЛОҚ-МУШКИЛОТИ РӮЗ

ТАЛОҚ-МУШКИЛОТИ РӮЗ
2018-02-26
2794

Дар ҷомеае, ки мо имрӯз зиндагони дорем, яке аз мушкилотҳое, ки ба он рӯбарӯ ҳастем, талоқу вайроншавии оилаҳо мебошад ва ин раванд  наметаврнад ҳеч шахси бофарҳанг ва бономуси миллатро ором гузорад.

Албата вайроншавии оилаҳои ҷавон сабабҳои зиёде дорад. Яке аз сабабҳои асосии он хуб тайёр набудани ҷавонписарон ва ҷавондухтарон  ба ин амри муҳим мебошад.

    Дини мубини ислом барои мустаҳкам гардидани оила ҳуқуқу уҳдадориҳои зану мардро баён намудааст, аммо ҷои афсӯс аст, ки худи навхонадорон ва ҳатто баъзан падару модарони онҳо аз ин ҳуқуқу уҳдадориҳо бехабаранд.

    Албатта муомилаи падару модар ба ҳамдигар дар назди фарзандон таъсири амиқе дар инкишофи зеҳнии онҳо дорад, чунки аксари фарзандон дар муомилаи зиндагӣ писарон ба падар ва духтарон  ба модарони худ тақлид мекунанд. Бо мақсади дуруст ва ба таври матлуб ба издивоҷ омода намудани ҷавонони мо бояд аз василаҳои муҳими тарбия сарукор гирем.

   Паёмбари гиромии ислом фамуданд, ки модар мадраса (мактаб) аст. Танҳо он модаре метавонад фарзанди солеҳ, илмуҷӯву соҳибмаърифатро ба вай расонад, ки худи ӯ аз илму донишу маърифат баҳравар бошад.

Пас, модарону падаронро мебояд дар роҳи ҳаёти минбаъдаи фарзандони худ бетафовут набошанд. Онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси инсонӣ, аз ҷумла  нигаҳдошти оила ва муқаддас донистани он тарбия ва ба воя расонанд.

Давлатхуҷа Ҳусайнов , имомхатиби масҷиди ҷомеи деҳаи Хулбеки ноҳияи Восеъ

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More