Home Articles НЕКУӢ БА ВОЛИДАЙН АЗ ҶИҲОД АФЗАЛ АСТ!

НЕКУӢ БА ВОЛИДАЙН АЗ ҶИҲОД АФЗАЛ АСТ!

НЕКУӢ БА ВОЛИДАЙН АЗ ҶИҲОД АФЗАЛ АСТ!
2018-03-06
3070

Аз Ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки аз Расули Худо (с) суол кардам: «Кадом амал ба назди Худованд афзал аст?» Гуфт: Намоз дар вақташ». Боз гуфтам: Баъд аз он?» Гуфт: «Некӯӣ ба падару модар».

Табаронӣ ривоят мекунад, ки марде назди Расули Худо (с) омаду гуфт: Ман ҷиҳод мехоҳам. Расули Худо (с) гуфтанд: Оё падару модарат ҳастанд? Он мард гуфт: Модарам ҳаст. Расули Худо (с) фармуданд: Ба модарат некӯӣ кун, вақте ки ин корро кардӣ, ту ҳаҷ, ҳам умра ва ҳам ҷиҳод кардаӣ». Дар ривояти дигар омадааст: «Лозим дор қадамашро, зеро ҷаннати ту он ҷост».

Расули Худо (с) фармуданд: Касе ба волидайнаш некӯӣ кунад, чӣ хуб аст барои ӯ ва Худованд дар умраш баракат медиҳад». Дар ривояти дигар омадааст: «Ба волидайнатон некӯӣ кунед, то ки фарзандонатон ба шумо некӣ кунанд».

Ривоят шудааст, ки Расули Худо (с) ба минбар баромада, гуфтанд: «Омин, омин, омин!». Сипас гуфтанд: Ҷабарил (а) ба назди ман омада гуфт: Эй Муҳаммад (с), шахсе яке аз волидайнашро дарёбад, вале ба онҳо некӯӣ накунад ва бимирад, дохили дӯзах хоҳад шуд, Худованд ӯро аз раҳматаш дур кунад. Пас гуфтам: «Омин!» Боз гуфт: Эй Муҳаммад (с), шахсе моҳи Рамазонро дарёбад ва бимирад, вале омурзида нашавад, дохили дӯзах хоҳад шуд, Худованд ӯро аз раҳматаш дур кунад, «омин» бигӯ. Гуфтам: «омин». Боз гуфт: Шахсе, ки дар наздаш номи ту зикр шавад, вале ба ту дуруд нафиристад ва бимирад, дохили дӯзах хоҳад шуд, Худованд ӯро аз раҳматаш дур кунад, «омин» бигӯ, гуфтам: «омин».

Аз Расули Худо (с) суол шуд: «Кист ҳақдортар ба ҳусни суҳбати ман?» Гуфтанд: Модарат. Гуфт: Боз кӣ? Гуфтанд: Модарат. Гуфт: Боз кӣ? Гуфтанд: Модарат. Гуфт: Боз кӣ? Гуфтанд: Падарат.

Муҳаддисон дар шарҳи ин ҳадис мегӯянд: «Се ҳолате, ки модарон дар ҳаёт мегузаронанд, падарон ин ҳолатҳоро эҳсос намекунанд. Якум: Дар вақти ҳомила будан ҳар рӯз фарзанд дар батни модар калон мешавад ва ба модар вазнинӣ меорад, вале падар инро эҳсос намекунад. Дуюм: Вақти ба дунё овардани фарзанд бисёр ҳолати вазнин ба модар пеш меояд, вале падар инро эҳсос намекунад. Ҳатто баъзе модарон ҷони худро аз даст медиҳанд, то ин ки кӯдак сиҳҳату солим ба дунё ояд. Сеюм: Ҳолати ширхорагӣ, ки модар барои муҳаббат ва саломатии фарзанд хоби ширин ва бистари нарми худро тарк карда, барои фарзанд бедорхобӣ мекашад ва ӯро шир медиҳад, аммо ин ҳолати вазининро падар эҳсос намекунад. Бинобар ин, Расули Худо (с) калимаи «модарат»-ро се бор ва калимаи «падарат»-ро як бор такрор карданд.

Аз Асмо бинти Абӯбакр (р) ривоят аст, ки гуфт: «Модарам ба назди ман омад ва ӯ ҳанӯз мушрик буд. Аз Расули Худо (с) дар бораи модарам фатво пурсидам, ки бо ӯ силаи раҳм кунам? Фармуданд: Оре бо ӯ силаи раҳм кун, зеро ризои Худо дар ризои волид аст ва ғазаби Худо дар ғазаби волид ё волидайн аст». Расули Худо (с) фармуданд: «Некӯӣ ба волидайн аз намозу садақаи нофила, аз рӯза ва ҳаҷҷу умраи нофила ва аз ҷиҳод дар роҳи Худо беҳтар аст».

Абдулвоҳид Ҳомидов,

мутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон

Pray time in Dushanbe

24.04.2024

More
Fajr03:59
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:21
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More