Home Articles НАҚШ ВА МАВҚЕИ МЕҲНАТУ ЗАҲМАТ АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

НАҚШ ВА МАВҚЕИ МЕҲНАТУ ЗАҲМАТ АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ

НАҚШ ВА МАВҚЕИ МЕҲНАТУ ЗАҲМАТ АЗ НАЗАРИ ИСЛОМ
2018-03-06
2714

Дар партави эълон гардидани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» банда хостам нақш ва мавқеи касбу ҳунарро аз дидгоҳи дини мубини Ислом мухтасар ҳам бошад, баён намоям. Ибодат фақат намозу рӯза ва тасбеҳу зикр нест, балки ҳар кору амале, ки дар роҳи Худо бошад, ибодат аст. Аз тарафе зиндагию саломатӣ ва тавони инсон барои ҳар ибодате ба маоши ӯ вобаста аст, ки натиҷаи касбу кор аст ва агар касе ниёзмандиҳои зиндагиро бо касби ҳалол таъмин накунад ва ғизову маскан ва либос надошта бошад, чи гуна метавонад дигар ибодатҳоро ба ҷой оварад? Илова бар ин, худи кору фаъолият арзиш дорад ва бекорӣ сабаби сустии бадан, беморӣ ва осебҳои дигар мешавад. Худованд заминро маҳалли кору талош қарор додааст, то инсонҳо бо саъю талоши худ аз неъматҳои илоҳӣ дар рӯи замин баҳраманд шаванд. Аз тарафе дар Ислом ҳар амали солеҳ ибодат аст. Худованд мефармояд:
"Ва ҳар кас кори шоистае анҷом диҳад , дар ҳоле ки мӯъмин бошад, онҳо вориди биҳишт мешаванд ва дар биҳишт рӯзии беҳисобе барои онҳо дода мешавад” (сураи Ғофир,ояи 40).

Дар дини мубини Ислом кор амри зарурӣ аст ва бекорӣ мазаммат ва накуҳиш шудааст. Паёмбари Акрам (с) фармудааст:“Ҳар касе, ки бекор гардад ва сангинии иқтисодии худро бар дӯши мардум бияндозад, малъун аст ва лаънати Худо шомили ӯст”.

Яъне, инсони бекор мумкин аст барои таъмини ниёзҳои зиндагиаш маҷбур шавад динашро бифурӯшад, то зиндагиашро пеш барад, монанди касоне, ки даст ба дуздӣ мезананд. Ҳар амали хилоферо соҳиби неъмат аз ӯ дархост кунад, анҷом медиҳад ва аз роҳи ҳақ хориҷ мешавад ва ба хотири моли дунё чашми ӯ ҳақро намебинад ва бо харҷи динаш зиндагӣ мекунад ва дар қиёмат гирифтори азоби дардноки илоҳӣ мегардад.
Кор аз дидгоҳи он ҳазрат(с) вазифаи табиии инсон буда, сабаби рушду пешрафти фарду ҷомеа ва роҳи хушбахтии инсонҳост.

Вақте шахс ба дунё меояд, ба ӯ ҷисм ва рӯҳ ато мешавад. Зиндагии моддӣ маҳдуд ва зиндагии рӯҳонӣ номаҳдуд аст. Мо бояд аз ин огоҳ бошем, якеро ба хотири дигаре раҳо накунем. Як таодули саҳеҳ миёни зиндагии моддӣ ва маънавӣ дошта, барои боло бурдани сатҳи зиндагӣ талош кунем. Агар ба таърихи гузаштаамон назар афканем, дар тӯли чандин аср дар таърихи башар тамаддуни Ислом дар соҳаҳои мухталиф дар андешаву афкор ва дониш дар ҷаҳон пешрав будааст. Он пешсафиро набояд фаромӯш кард .

Аз он ҷо ки яке аз аҳдофи олӣ дар ҷомеаи исломӣ иззат, сарбаландии мардум ва таҳаққуқи адолати иҷтимоӣ аст ва дар ин замина дар дини муқаддаси ислом, бахусус дар суханони Расули Акрам (с) дастурҳои лозим ворид шудааст, лозим аст ҷавонон ва табақаи заҳматкашу коргари ҷомеа, бо истифода аз роҳнамоиҳои он ҳазрат вориди касбу корҳои ҳаром ва хилофи шаръи муқаддаси ислом нашаванд ва шуғл, ҳунар ва корҳоеро барои таъмини ниёзҳои иқтисодию молии худ интихоб намоянд, ки ҳалолу дуруст бошад.

Бе дарду ранҷ ганҷ муяссар намешавад.

Музд он гирифт, ҷони бародар, ки кор кард.

 Маъруф Одинаев,

имомхатиби масҷиди Имом Бухории шВаҳдат

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More