Home Articles ШУКРОНА БА МО ВОҶИБ ГАРДИДААСТ

ШУКРОНА БА МО ВОҶИБ ГАРДИДААСТ

ШУКРОНА БА МО ВОҶИБ ГАРДИДААСТ
2018-03-07
2781

Ватани ободу ором неъмате аз ҷониби Худованд аст, зеро Ватан қароргоҳи нафсҳои одамӣ мебошад. Дар Ватан қалбҳо ором гирифта, кас худро дар канори Ватан мутмаин ва хушбахт эҳсос мекунанд.

Масъулияти аҳли илм дар вобаста ба ором нигоҳ доштан ва обод сохтани он хеле бузург аст. Ин аст муҳиммоти анбиё ва рисолати асфиё.

Имрӯз амнияти Ватан ва обод сохтани он на танҳо вазифаи Президент, ҳукумату органҳои маъмурӣ аст, балки ин вазифаи муҳим, вазифаи ҳар як фарди ин Ватан мебошад.

Амну осоиш аз бузургтарин ва воломақомтарин неъматҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Худованд дар Қуръони карим аз забони ҳазрати Иброҳими Халил чунин дуое оварда (сураи Бақара, ояти 126) – неъмати амнро аз неъмати таъом ва аз ғизо, яъне аз неъмати иқтисод, ҳатто аз сиҳатӣ боло гузошта чунин дуо кардааст:   – “Парвардигоро пеш аз ҳама амнияти ин шаҳрро (яъне Маккаро) барқарор кун, сипас ба иқтисоди он баракот бидеҳ”- гӯён дуо намудааст.

Амнияти кишвар яке аз неъматҳои бузургтарин ба шумор рафта, он роҳи озодию осудагӣ ва роҳҳои тараққиёту пешравии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Донишмандон чунин исбот менамоянд, ки амният аз сиҳатӣ ё саломатӣ дида болотар меистад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати оқилонаву хирдмандонаи худ халқи Тоҷикистонро муттаҳид гардонида, сулҳу суботро дар Ватан барқарор намуд, барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ноил шудан ба се стратегияи давлатӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба давлати транзитӣ кӯшишу ғайрати зиёд намуда истодаанд.

Имрӯз мебояд ба қадри ин неъматҳо расид ва шукрона кард, ки Аллоҳ таъоло барои мо тоҷикон ва тоҷикистониён чунин як Пешвои оқилу доноро додааст.

“Ба қавме, ки некӣ писандат Худой,

Диҳад Хусраве одилу некрой.

Чу хоҳад, ки вайрон шавад оламе,

Кунад мулк дар панҷаи золиме (С.Шерозӣ).

Воқеан бояд мо имрӯз дарк намоем, ки набояд бо дастони худ душмани худ ва душмани ин Ватанро тарбият кунем. Зеро баъзан шоҳиди он мегардем, ки иддае аз ҷавонони мо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро шомил шуда, боиси шармсории падару модарон ва наздикон мегарданд. Гузашта аз ин, чунин ашхос хатари воқеие барои давлату миллати худ хоҳанд буд. Чунин ҷавонони ноогоҳ бо сабаби ихтилофи ҳар гуна масъалаҳо падару модар, хешу табор ва ҳамдиёрони худро “кофир” шуморида, зидди азизони худ “ҷиҳод” эълон мекунанд. Оё ин ҷиҳод аст? Оё ин хиёнат ба Ватан, хиёнат  ба шири сафеди модар нест, оё аз ин гуноҳи бузургтаре мавҷуд ҳаст?

Сабаби ин ҳамаро метавон дар ақидаи ботиле дид, ки дар мафкураи онҳо дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла аз тариқи интернет ва устодони беустоди онҳо, ки як роҳи бемазҳабиро пайравӣ менамоянд.

Албатта ин ҳама хостаҳои баъзе мамолики хориҷӣ ва хоҷагони хориҷӣ буда, онҳо на барои ислом, балки барои манофеи мамолик ва шахсияти худ кӯшиш доранду бас.

Дар ҳеҷ диёр ва дар ҳеҷ макон барои мо тоҷикон ва тоҷикистониён аз ин сарзамини зебову хуррам, ки Тоҷикистон ном дорад, аз ин халқи мукаррам, ки тоҷик ва тоҷикистонӣ ном дорад, аз ин Пешвои муаззам ва ғамхор, ки Эмомалӣ Раҳмон  ном дорад, беҳтару хубтар  ёфтан амри муҳол аст. Пас, моро мебояд зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муттаҳид бошем,  даст ба даст гирему Ватани азиз, Тоҷикистонро боз ҳам ободтару  зеботар гардонем, то ки насли навраси мо аз мо мероси гаронбаҳои моддӣ ва маънавӣ баранд.

Инсон дар ҳоле хушбахт дар ҳаёташ пурмазмун мешавад, ки оромӣ дар нафсаш ва молаш ва аҳлаш дошта бошад. Барои ноил гардидан ба ин неъматҳо бояд фаровонии се чиз пайдо бошад: Амният, саломатӣ, ѓизоҳои моддӣ (иқтисод).

Агар инсон дар ҳаёташ соҳиби ин се неъмат бошад, ӯ хушбахт ва саодатманд мебошад. Дар ҳадисе Расули Худо (с) фармудаанд: «Модоме ки бадан саломат,  вуҷудат дар амону рӯзият ҳар рӯз бирасад, гӯё ки ту соҳиби ҳама неъматҳои беҳтарини дунё бошӣ. Дигар барои тамаъи зиёдатӣ сабаби зарари дигарон машав».

Агар ба харитаи ҷаҳони имрӯза нигарем, дармеёбем, ки давлатҳо ба се қисм тақсим шудаанд.

1. Давлатҳое, ки дар амну амонӣ ҳастанд. Мардумонашон ором ва мутмаин зиндагӣ доранд. Ин гуна давлатҳо дар тақаддум ва пешрафти ҳамешагӣ ҳастанд.

2. Давлатҳое, на ҳамеша дар оромию сулҳу субот қарор доранд. Зиндагии мардумонашон байни фақру ғино қарор дорад.

3. Давлатҳое, ки сулҳу субот надоранд. Онҳо ҳамеша дар ҷангу ҷидолҳои бардавом аз ҳарбе наосуда ба ҳарби дигаре мубтало мешаванд. Ин гуна давлатҳо дар тааххури доимӣ қарор доранд. Мардумонаш ҳамеша  дар ҷаҳлу бесаводӣ ва фақру оворагардӣ гирифторанд.

Мо тоҷикистониён бояд шукронаи Аллоҳ таъоло кунем, ки бо иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мо дар қатори давлатҳое ҳастем, ки дар амну амонист. Ватани азизу маҳбуби мо  Тоҷикистон бо Пешвои оқилу донояш рӯз ба рӯз ба пирӯзиҳои энергетикию иқтисодӣ ва ободию пешравиҳо ноил мегардад. Аз ин лиҳоз, шукри ин ҳама неъматҳо барои мо воҷиб мебошад. Шукри беинтиҳо.

Муҳаммадамин Ғаффоров,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии

ба номи Хоҷа Муҳаммади Башорои шаҳри Панҷакент

Pray time in Dushanbe

20.04.2024

More
Fajr04:07
Zuhr12:40
Asr17:19
Maghrib19:17
Isha20:48
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More