Home Articles ИЛМ-САРЧАШМАИ ҲАМАИ ПЕШРАФТҲО

ИЛМ-САРЧАШМАИ ҲАМАИ ПЕШРАФТҲО

ИЛМ-САРЧАШМАИ ҲАМАИ ПЕШРАФТҲО
2018-03-19
3441

Пешрафту тараққиёти ҳар як ҷомеа аз маърифатнокии аҳли он вобастагии калон дорад. Миллати тоҷик аз қадим ҳамчун халқи созанда, тамаддунофар ва илмдӯст шинохта шудааст. Ин аст, ки бисёре аз олимони ҷаҳон инро эътироф кардаанд. Шахси бомаърифат касеро гӯянд, ки ӯ ҳам илму дониш ва ҳам одобу ахлоқи наку дорад.

Бесабаб нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф аҳамияти зиёде медиҳад. Сохта ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ҳар як суханрониҳои худ Пешвои миллат ба ҷавонон, таъкид месозанд, ки илм биомӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои гуногунро аз бар кунанд. Ин насиҳату андарзҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ҳам барои беҳбуди худи ҷавонон ва ҳам ба манфиати ҳама қишрҳои ҷомеа аст.

Дар замони муосир омода кардани мутахассисони соҳибкасб бе донистани забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ номумкин аст. Навигариҳои илми муосир бештар тавассути забонҳои хориҷӣ фаҳмида мешаванд. Дар натиҷаи пешрафти илм ҳамарӯза дар ҷаҳон кашфиёту ихтрооати нав ба миён меоянд. Ҳамаи ин самари илм аст.

Аз нигоҳи дини мубини ислом низ илм ва омӯзиши он ҷойгоҳу мартабаи баланд дорад. Дар оятҳои зиёди қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (с) аҳамияти омӯзиши илм ва манзалату мартабаи аҳли илму маърифат зикр гардидааст. Аввалин ояти қуръоние, ки ба Паёмбари Акрам (с) нозил гардид, ин “Иқраъ” яъне “бихон” буд. Яъне ки Худованд Паёмбарашро пеш аз ҳама ба хондану омӯхтан амр намуд.

Дар яке аз ҳадисҳои худ Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: “Омӯзиши илм барои ҳар мард ва зани мусулмон фарз аст”. Тавре аз ҳадиси мазкур бармеояд, мурод аз илм танҳо илмҳои динӣ набуда, балки илмҳо дақиқро низ дар бар мегирад. Дар мавриди обрӯю манзалати аҳли илм дар ҳадиси дигар омадааст: “Олимон меросбарони паёмбарон ҳастанд”.

Аз ин рӯ, ҳар як шахсро зарур аст, ки барои омӯхтани илму фанҳои гуногун ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ саъю талош намояд. Инсони бомаърифат соҳиби обрӯю эҳтиром буда, намунаи ибрати аҳли ҷомеа мебошад. Шахси маърифатнок ба шарофати илм барои худ ва дигарон равшаниандоз дар торикӣ аст, тавре ки дар ин бора устод Рӯдакӣ фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст 

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Шахси доною ҳунарманд дар ҳама давру замон дар ҷомеа мартабаю мақоми баланд дорад.

Ҷавонони мо имрӯз, хушбахтона, берун аз кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, ки чунин ҷавонон ифтихори миллату Ватан ва барои дигарон намунаи ибратанд.

 Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонон вақти пурқимати худро ба беҳудагардӣ ва дигар корҳои зишту ношоиста сипарӣ месозанд. Бояд донишҷӯёни мо бештар дар китобхонаҳо ва толорҳои варзишӣ вақти худро гузаронанд ва аз суҳбати ҳар хел ҷоҳилону беадабону нодонҳо ва амалҳои носазо дур шаванд. Илму маърифат ба ҳамаи афроди ҷомеа зарур аст. Ҳар як фард бояд ба илму ҳунаромӯзӣ рағбати зиёд дошта бошад. Бинобар ин, дар омӯхтани илм донишомӯз бояд ҳарис бошад. Ҷавонони моро зарур аст, ки бештар ба илму ҳунар таваҷҷуҳ намоянд, то ки дар ин роҳ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гарданд. Зеро барои расидан ба ин ҳадаф дар кишвари мо ҳамаи шароит муҳайёст.

Каримов Умарҷон,

мутахассиси пешбари Кумита

Pray time in Dushanbe

16.04.2024

More
Fajr04:14
Zuhr12:40
Asr17:14
Maghrib19:13
Isha20:44
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More