Home Articles ДАСТРАСӢ БА ОБИ ОШОМИДАНӢ-МАСЪАЛАИ МУБРАМ ВА РӮЗМАРРА

ДАСТРАСӢ БА ОБИ ОШОМИДАНӢ-МАСЪАЛАИ МУБРАМ ВА РӮЗМАРРА

ДАСТРАСӢ БА ОБИ ОШОМИДАНӢ-МАСЪАЛАИ МУБРАМ ВА РӮЗМАРРА
2018-03-22
2798

Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола доир ба ҳалли масъалаҳои об ва ташаббусу ибтикороти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафти муайяне ба даст омадааст, вале дар миқёси ҷаҳон ҳанӯз тақрибан аз 750 млн то 1 млрд нафар одамон дастарасӣ ба об надоранд. Тағйирёбии иқлим ва дар натиҷаи рӯй додани ҳодисаҳои табиӣ имрӯзҳо тақрибан дар ҳаҷми 60 млрд доллари амрикоӣ зарару хисорот ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон мерасонад. Хусусан, танҳо тайи панҷ соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ вобаста ба об ҳисорот ба маблағи умумии 600 млн доллари амрикоӣ расонида шудааст.

Тибқи таҳлилҳо ва арзёбии коршиносони байналмилалии соҳа соли 2030 ҳаҷми об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди хатарнок, яъне камтар 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд қайд намоем, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта ба 60 ҳазор метри мукааб баробар буд. Вобаста ба хатару таҳдидҳои дар боло зикргардида, нигоҳ доштани дастовардҳои дар даҳсолаи сипаригашта бадастоварда ва ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, ташаббуси навбатии Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» дастгирии ҷомеаи ҷаҳониро ёфт. Чунонки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ қайд карданд, Даҳсолаи пешниҳодгардида 21 декабри соли 2016 аз ҷониби СММ бо тарафдории 177 кишвар дастгирӣ ёфт ва қатъномаи дахлдор доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018–2028) қабул гардид.

Даҳсолаи мазкур дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, яъне 22 марти соли 2018 оѓоз гардида, то 22 марти соли 2028 давом хоҳад кард. Мақсади асосии қатъномаи мазкур муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардидаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри густариши ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд. Бо дарназардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани қатъномаи мазкур, як платформаи муҳим ва арзишмандро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии мақсаду вазифаҳои марбут ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳад кард. Илова ба ин, қатъномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кумакҳои техникии гуногунро муттаҳид гардонида, истифодаи самараноки захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби рушди устувор тавсия менамояд ва барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меоварад. Мавриди зикр аст, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об, хусусан, барои рушди инфрасохтори об, яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад ва интизор меравад, ки қабул гардидани Даҳсолаи нав ба ин раванд такони ҷиддӣ ва неруи тоза мебахшад. Ҷаҳони имрӯза ба мушкилоти зиёди марбут ба об мувоҷеҳ аст.

Айни замон ҳудуди 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надоранд ва интизор меравад, ки бо дарназардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гарданд. Истифодаи нодурусти об дар соҳаи кишоварзӣ, ки 70 дарсади захираҳои обро ташкил медиҳад, ба шӯршавии ва эрозия мубадал гардидани тақрибан 20 дарсади заминҳои обёришаванда оварда расонидааст, ки дастёбии бехатарии озуқавориро дар оянда зери шубҳа мегузорад, зеро айни замон наздики 60 дарсади захираҳои озуқаи ҷаҳонӣ маҳз тавассути обёрии кишоварзӣ истеҳсол карда мешаванд.

Мушкилоти дигари мубрам дар соҳаи об ин дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани ҳамкории байнидавлатӣ оид ба истифодаи обҳои фаромарзӣ мебошад. Бояд таъкид кард, ки ҳавзаҳои рӯдҳои фаромарзӣ 45 дарсади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зичу ҳамаҷониба ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва дар ин замина таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад. Мудирияти беҳтари об, истифодаи самараноки захираҳои об, густариши ҳамкорию ширкат, тақвияти амалҳои зеҳнию молиявӣ ва техникии созмонҳои марбут ба об ва афоиши маблағгузорӣ дар ин самт, ки аз ҳадафҳои муҳими Даҳсола ба шумор мераванд, барои ҳалли масъалаҳои мазкур мусоидат намуда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин манфиатҳои зиёд хоҳад дид.

Бояд қайд кард, ки Даҳсолаи навбатӣ дар доираи ҳадафи шашуми рушди устувор, яъне дастрасии умум ба об ва беҳдошт амалӣ мегардад. Ҳадафҳои Рушди Устувор - ин рӯзномаи нави ҷаҳонӣ буда, аз соли 2015 то соли 2030 давом хоҳад кард. Тибқи ҳадафи шашуми рушди устувор дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ 6 ҳадаф гузошта шудааст, ки бояд то соли 2030 ин ҳадафҳо амалӣ гарданд:

То соли 2030 таъмин намудани тамоми аҳолии ҷаҳон бо оби ошомидании тоза ва бехатар;

То соли 2030 таъмин намудани тамоми аҳолии ҷаҳон бо шароитҳои мусоиди беҳдоштӣ;

То соли 2030 баланд бардошти сифати оби ошомиданӣ;

То соли 2030 баланд бардоштани сифати истифодабарии об дар ҳамаи соҳаҳоаз ҷумла соҳаи кишоварзӣ;

То соли 2030 таъмин намудани идоракунии захираҳои обӣ дар ҳамаи сатҳҳоаз ҷумла дар асоси ҳамкории назди сарҳадӣ;

То соли 2020 таъмин намудани ҳифзу барқарорсозии системаи экологӣ вобаста ба обаз ҷумла пиряхҳодарёҳо ва кӯлҳо.

Эмомалӣ Зокиров,

имомхатиби масҷиди панҷвақтаи ба номи «Умари Одил»-и ноҳияи Фирдавсӣ

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More