Home Articles Исрофкор набошем

Исрофкор набошем

Исрофкор набошем
2018-04-18
2774

Аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз даҳ сол сипарӣ мешавад. Дар ин давра пеши роҳи исрофкориҳои беҳуда, ки дар асоси таълимоти шариати исломӣ ҳаром аст, гирифта шуд. Зиёфатҳои бодабдабаю намоишкорона низ аз байн рафт. Ростӣ қабл аз қабули қонуни мазкур бисёр оилаҳое буданд, ки худро ба доми қарз асир карда, маросимҳои хурофотии дар аҳкоми шариат набударо иҷро мекарданд. Ба даромади оилаи худ зарар меоваранд. Дар ҷамоати деҳоти ба номи М. Вайсов барои оммафаҳмонӣ маслиҳати пирони рӯзгордида ва имомхатибони масҷидҳо самарии нек бахшид.

Дар мавъизаҳои намози ҷумъа дар мавзӯъҳои«Исроф-ҳаром», «Танзим–баракати зиндагӣ» баромадҳо намуда, зарари исрофкориҳоро чи дар рӯзгор ва чи дар шариат бори дигар бо тафсил шарҳ дода мешавад. Гузашта аз ин, вохӯриҳои пайваста бо сокинон боис гашт, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳот бисёр амалҳои хурофотӣ, ки боиси исрофкорӣ мешуд, барҳам хӯрданд.

Ташаббус, пешниҳод ва дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим гузошт. Фарзанди хирадманду фарзонаи миллат борҳо дар сухан­ро­ниҳои худ даъват менамоянд, бояд ба хурофотпарастию исрофкориҳои беҳуда нуқта гузорем. Албатта, шариати ислом ҳеҷ гоҳ садақаву хайрияро мамнуъ наменамояд. Вале маросимҳои сею ҳафт, чилу сол, азодориро ба гардани мусулмонон бор ҳам накардааст. Худованд бар бандагонаш зулмро намеписандад. Мо худ будем, ки то қонуни «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дунболи хурофот шуда, исрофкории беҳуда менамоем.

Бузургон фармудаанд:

Калиди гулшани Фирдавс дасти эҳсон аст,

Биҳишт металабӣ аз сари дирам бархез.

Яъне, агар мардуми мо барои хайру садақа дасти расо дошта бошанд, метавонанд онро ба ятимхонаҳо, хонаи маҷрӯҳон пешниҳод намоянд ва ё роҳе ё пуле бисозед, ки он садақаи ҷорияро маҳсуб аст.

Ҳама медонем, ки дар ҳар маҳалла чунин нафарон ҳастанд, аммо на ҳамаашон чунин андешаро дар сар доранд. Хушбахтона, дар деҳаи Кадучӣ ҷавонмардони хайрхоҳу хайрандеш хеле зиёданд. Бо ташаббуси онҳо камбудию норасоии оби нӯшокӣ аз байн рафт, пули нав сохта шуд. Албатта, ин ҷо зикри номи онҳоро ҷоиз намедонам, вале мардум онҳоро мешиносанду дар ҳаққашон дуои нек менамоянд. Ва ё як ташаббуси наҷибонаи сокини деҳаи Заркорон хеле амали ҷавонмардона аст. Ӯ дар зодгоҳаш барои фарзандони аҳли деҳ мактаби замонавӣ бунёд намуд. Бо ин ёдовариҳо гуфтаниам, ки даст аз исрофкориҳои беҳуда боздорем, зеро иҷрои амалҳои ҳаромкардаи Аллоҳ гуноҳ аст.

Ҳабибулло НУРОВ.

имом-хатиби масҷиди ҷомеи ҷамоати деҳоти

ба номи Мирзовалӣ Вайсови н. Восеъ

Pray time in Dushanbe

23.04.2024

More
Fajr04:01
Zuhr12:40
Asr17:21
Maghrib19:20
Isha20:51
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More