Home Articles Дар ҳошияи барномаи телевизионии «Решаҳои ноаён»

Дар ҳошияи барномаи телевизионии «Решаҳои ноаён»

Дар ҳошияи барномаи телевизионии «Решаҳои ноаён»
2018-06-20
2891

«Решаҳои ноаён» барномае буд, бозгӯи таърихи гузаштаи миллати мо, ки чӣ қадар азобу шиканҷа паси сар кард. Барномае буд, шахсиятҳои хиёнаткорро дар пайравии ҳизби террористӣ назҳати исломии Тоҷикистон муаррифӣ менамуд ва ин барнома такондиҳандаи эҳсоси худшиносиву миллии ҳар як шаҳрванд хоҳад буд.

Дар баробари оне, ки коршиносони соҳа раванди нобудшавии миллату давлатро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ баён медоштанд, ин гуфтаҳоро хиёнаткори Ватан Саид-Қиёмиддини Ғозӣ тасдиқ менамуд. Зимни суханрониҳош иброз медошт, ки шоҳиди он аст, ки ҳазорон шаҳрванди кишвар ба ҳалокат расида, қисмати дигар сарсону овора дар хориҷи кишвар азияти руҳиву ҷисмонӣ мекашиданд.

Бале, баъди фавти садҳо родмардони миллат, ки бо ҳисси баланди ватандорӣ мехостанд Тоҷикистонро ободу осуда гардонанд, Саид-Қиёмиддини Ғозӣ ба худ омадааст. Баъди ғурамарг гардидани ҷавонон, ки бахтро интизор буданд ва садҳо тифлаконе, ки аз дунёи рангини афсонавиашон маҳрум шуда ба ҳалокат расиданд, садҳо модарони дигар аз фироқи ҷигарбандонашон натавонистанд барои миллати хеш дасти дуо бардоранд, баъдан Қиёмиддини Ғозӣ пушаймон шудааст.

Дар шахсияти ин хиёнаткори Ватан бори дигар огоҳ шудем, ки ҳизби террористии назҳати ислом ҳанӯз аз солҳои 90-уми асри 20 бо хоҷагони хориҷӣ ҳамгуфт шудаву нақшаи аз байн бурдани миллатро матраҳ сохтаанд. Аммо Худованди бузургу ғамхор нақшаҳои худро дорад, ки Пешвои муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сифати роҳбалади бунёдкори миллат, Сарвари оқилу доно бароямон ҳадя сохтаву миллатро аз вартаи ноумедӣ ба дунёи рангину зебо ворид сохт. Шукргузорем, ки имрӯз Ватан тинҷу ором аст.

То дер боз баъзе аз шаҳрвандон андеша мекарданд, ки чаро чунин як миллати соҳибфарҳангу равшанзамир бо ҳамдигар бархӯрд кардаву ба чӣ қадар душвориҳо рӯ ба рӯ гардиданд. Аз барномаи мазкур бараъло эҳсос шуд, ки чаро ин рӯзҳои шум насиби мо гардидааст? Ашхоси ба монанди Қиёмиддини Ғозӣ ва ҳаммаслакони ин хиёнатгар мардуми кишварро дар партави нақшаҳои ғаразнокашон саргардону овора сохтанд.

Имрӯз аз амалашон Қиёмиддини Ғозӣ изҳори пушаймонӣ намуда, нақшаҳои шуми хешро, ки хушбахтона то ба охир амалӣ нашуданд, ёдоварӣ намуд. Тибқи ҳадисҳои набавӣ бояд забону қалби инсон як бошад, аммо дар симои Қиёмиддини Ғозӣ ҳеҷ боварӣ набуд, ки ӯ шахси комил аст, чунки худ изҳори пушаймонӣ намуд, аммо хело дер шуд. Ҳанӯз бархе аз модарон чашм ба роҳи фарзандони ғуррамаргашон мебошанд. Ҳанӯз тифлаконе, ки даврони ҷавонӣ меронанд бо ёди падар пазмон шудаанд. Гулдухтароне, ки солҳои 90-ум айёми пуршуру шари ҷавониашонро хиёнаткорон ба торикистон табдил доданд, то ба имрӯз роҳи ҳамсафарони зиндагии хешро интизоранд.

Бовар надоранд, ки пайвандонашон аз ин дунё реҳлат кардаанд, чунки ҷисми муборакашонро ҳанӯз ёд надоранд, ки ба хоби абадӣ фурӯ рафта бошанд. Ҷавоби ин ҳама садои қалби мардуми ҷигарсӯзи кишварро, ки посух мегӯяд? Оё Қиёмиддини Ғозӣ, ки соҳиби 8-ҳамсару 28-фарзанд шудааст, маротибае андеша кард, ки дигарон низ зану фарзанд мехостанд? Ин баднафси лаъин бо як ҳамсар қонеъ нашуда, бар хилофи матлаби мазҳаби Имоми Аъзам ва қонуни ислом амал кардааст, чунки ақидаи шиъагароёнаро пуштибонӣ менамояд. На ин, ки пуштибонӣ, балки тарғиб мекунад. Ин зархарид кайҳо дину эмон ва ҳисси миллии хешро аз даст додаасту боз дар ин барнома садо баланд карда, сухан мегӯяд. Ба ҷои оне, ки назди Худову ҳамдиёрони хеш тавбаву надомат кунад, то як андоза боз насиҳатгар низ шудааст.

Қиёмиддини Ғозӣ дар барнома вобаста ба эҳтирому қадршиносии ятимон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки ҳазорҳо фарзандон аз дасти чунин хиёнаткорон ятим гаштаву баъдан хору зор шуданд. Вой бар ҳоли чунин нафароне, ки ба ҷойи меҳрубонӣ чӣ амалҳои даҳшатбореро анҷом додаанд. Дар шариат мегӯянд, ки то зарурат набошад, талаб кардан қобили қабул нест. Аммо Қиёмиддини Ғозӣ худ иқрор гардид, ки 10-миллион долларро аз хориҷиён ба хотири наҷоти муҳоҷирон ҷамъоварӣ намудааст. Саволе ба миён меояд: вақте, ки маблағ талаб мекард, чӣ дархост менамуд?

Асли воқеаро пинҳон дошта, бо мақсади амалӣ гаштани ғаразҳои нопокашон маблағро барои хариди силоҳ истифода бурданд. Пас ин лаҳзаҳо бигузор чунин нафаронро виҷдонашон азият диҳад. Барои муҳоҷирон 10-миллион доллар ҷамъоварӣ кардану кӯмаке нарасониданд, гуноҳи азиме ҳаст. Кӯмаку дастгирии саривақтиро аз меҳнати ҳалоли миллати хеш фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонид. Пешвои миллати мо бо дурандешиву зиракии хеш ояндаи дурахшони миллатро ба хубӣ тасаввур карда, дарк намуд, ки ҳеҷ муҳоҷире дар хориҷи кишвар хоса хоки Афғонистон дар баробари вуҷуд доштани шароити хуби зиндагӣ низ осуда нест, чунки фазилату кашиши зодгоҳ, меҳру муҳаббати Ватан қувваи бузургест.

Тоҷикистон дар ҳоле рушд мекунад, ки тамоми шаҳрвандонро дар оғӯши саршор аз меҳраш ҷой бидиҳад. Бо дарки ин мазмун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, бо мухолифин борҳо музокирот намуданд, то даме, ки созишномаи Истиқрори сулҳ ва Ризоияти миллӣ имзо нагардид, пайваста сафари худро идома медоданд.

Ва шиори Пешвои миллат ҳамин буд, ки: «То охирин муҳоҷир ба Ватан барнагардад, худро ором ҳис намекунад». Ҳамин ниятҳои неки Сарвари давлатмон ӯро имрӯз на ин, ки дар кишвар, балки дар арсаи ҷаҳонӣ ба некӣ шинохта кард. Мардуми кишвар имрӯз бо хушҳоливу осудагӣ дар оғӯши Ватан зиндагӣ намуда, аз чунин як Роҳбари хирадмандашон сипосгузоранд. Чӣ хеле, ки мегӯянд, қувваи некӣ ғалаба намуд. Вой бар ҳоли хиёнаткорони Ватан, ки ба мисли Қиёмиддини Ғозӣ изҳори пушаймонӣ менамоянду шарм надошта, мардумро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунанд. Бехабар аз он, ки сухани онҳо дар ҷомеа ҳеҷ қурбе надорад. Имрӯз рушафикрони ҷомеаи мо хело зиёданд, ки дар рӯ ба рӯи чунин нафарони кӯтоҳандеш истодагарӣ мекунанд.

Интизорӣ меравад, ки дар даҳсолаҳои начандон дур Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун як давлати пешрафта мақоми хешро боло бардошта, баробари расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми соҳаҳо рушд менамояд. Ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро наметавонанд мақсадҳои ғаразноки хешро вориди Ватан созанд, чунки мардуми кишвар бо анҷом додани корҳои ободонию созандагиашон, сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона пуштибонӣ мекунанд. Медонанд, ки сиёсати имрӯзаи роҳбарияти олии кишвар созанда буда, аз ояндаи дурахшони миллат башорат медиҳад.

Ҳеҷ қувваи ғаразноке аз ин пас наметавонад сиёсати имрӯзаи Сарвари давлатмонро рахна намуда, оромии кишварро халалдор созад. Мо мардуми шарифи Тоҷикистон мутмаъинем, ки имрӯзу ояндаи дурахшон насиби мост.

 

Усмоналӣ Нуров –Муовини раиси Шӯрои уламои Маркази Исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамзамон сархатиби шаҳри Бохтар. 19.06.2018

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More