Home Articles Имом Абӯҳанифа (р) ва мактаби фиқҳии ӯ

Имом Абӯҳанифа (р) ва мактаби фиқҳии ӯ

Имом  Абӯҳанифа (р) ва мактаби фиқҳии ӯ
2018-07-12
2546

Имом  Абӯҳанифа  Нуъмон  ибни Собит  соли  80-уми  ҳиҷрӣ  мувофиқ ба соли 699-уми мелодӣ дар шаҳри Кӯфаи Ироқ  ба дунё омадааст. Тибқи ахбори сарчашмаҳои муътамад аҷдоди Имоми Аъзам (р) аз насли форсӣ ва аз билоди Форс будаанд. Бобои Имоми Аъзам (р) Зутӣ ном дошта дар шаҳри Кобул зиндагӣ кардааст ва сипас ба шаҳри Кӯфа меояд. Падари Имоми Аъзам (р) Собит дар Кӯфа ба дунё меояд. Зиндагонии Собит ба шуғли тиҷорат мегузарад ва дар чиҳилсолагии ӯ Имоми Аъзам (р) ба дунё меояд. Муаррихи машҳур Хатиби Бағдодӣ аз забони Исмоил - набераи Имоми Аъзам (р) чунин нақл мекунад: Ман Исмоил ибни Ҳаммод ибни Нуъмон ибни Собит ибни Нуъмон ибни Марзбон аз нажоди форс ҳастам.

Тибқи ривояти муаррихон Имоми  Аъзам (р) дар овони хурдсолӣ ба чанд тан аз саҳобагони Пайғомбар (с) вохӯрӣ ва мулоқот доштааст. Аз ин рӯ, Имоми Аъзам (р) тобеӣ ба шумор меравад.  Дар оғози ҷавонӣ Имоми Аъзам (р) ба тиҷорат шуғл меварзад ва сипас бо тавсияи имоми машҳури Кӯфа Имом Шаъбӣ роҳи илмро пеш мегирад ва аз уламои замон илми фиқҳу ҳадисро аз худ мекунад.

Имоми Аъзам (р) муддати ҳаждаҳ сол дар назди имоми машҳур Ҳаммод ибни Абӯсулаймон илму дониш меомӯзад. Пас аз даргузашти Ҳаммод ба иттифоқи бузургони Кӯфа ба маснади дарс менишинад.

Шогирдони зиёде аз гӯшаи канори сарзаминҳои исломӣ ба ҳалқаи дарси Имоми Аъзам (р) ҳузур меёбанд ва аз маҳзари ӯ касби файз мекунанд. Имоми Аъзам (р) шӯрое иборат аз чил нафар шогирдони боистеъдоди худро ташкил медиҳад ва роҷеъ ба масоили гуногуни рӯзмарра ба баҳсу баррасӣ ва иҷтиҳод мепардозад. Ба ҳамин тартиб масоили мазҳабро ба вуҷуд меорад, ки ба ривояте 83 ҳазор масъаларо дар бар мегирифт.

Роҷеъ ба ахлоқ ва одоби Имоми Аъзам (р) сарчашмаҳо ҳикоятҳои гуногун ва ҷолибе нақл мекунанд, ки ба доштани ахлоқи воло ва инсондӯстонаи эшон далолат мекунад. Имоми Аъзам (р) дорои ахлоқи олӣ аз қабили тақво ва парҳезгорӣ, ҳифзи забон, заковат ва шуҷоат, нармдилӣ ва шафқат, саховат ва афву бахшиш буданд.

Аъмоли шахсии Имом Абӯҳанифа (р), роҳнамоиҳо ва васиятномае, ки барои шогирдаш Абӯюсуф (р) ва наслҳои минбаъда аз худ боқӣ гузоштааст, беҳтарин нишонаҳои як инсонпарвар будани ӯянд. Саховат ва дасти ёрӣ дароз кардани Имом Абӯҳанифа ба шогирдону дӯстон ва ҳамаи инсонҳои мӯҳтоҷ низ камназир буда, шоистаи таҳсин аст.

Хатиби Бағдодӣ дар "Таърихи Бағдод" гуфтааст: "Абӯҳанифа фоидаи тиҷорати солонаашро ҷамъ мекард ва аз он барои устодону муҳаддисин либосу ғизо таҳия менамуд". Суфён ибни Уяйна гуфтааст: "Абӯҳанифа шахси дасткушод ва олиҳиммат буд. Ба мардум пулу моли бисёр медод ва мебахшид. Метавонам бигӯям, ки тамоми фоидаи молашро инфоқ мекард. Дафъае ба сӯйи ман ҳадя фиристод. Аз зиёдии он дар ҳайрат афтодам. Пас аз ин кор ба шогирдонаш шикоят намудам. Яке аз шогирдонаш гуфт: "Агар ҳадяи барои Саид ибни Арубӣ фиристодаро медидед, чӣ мегуфтед?"

Имоми Аъзам шахси озодандеш буд ва ҷаҳонбинии васеъ дошт. Ӯ бо таҳаммули хосса ба ақидаҳои гуногун гӯш меандохт, далелҳои шахсони солимфикрро бо диққат меомӯхт, агар онҳо аз далелҳои вай боэътимодтар бошанд, қабул мекард. Дар баробари ин барои маърифатнокӣ ва фаҳмонида додани масъалаи душвор ба толибилмон самимона иқдом мекард.

Хизмати бузурги Имоми Аъзам он буд, ки бо таълимоти худ ҷилави таассуб ва ифротгароӣ дар ҳукмро гирифта аст. Таълимоти ӯ дар бораи асли имон ва ҳукм кардан ба куфр имрӯз низ барои ислоҳи шуури динӣ дорои аҳамият мебошад. Дар замони Имоми Аъзам баъзе равияву фирқаҳо ҳамдигарро ба куфр маҳкум мекарданд. Дар натиҷаи чунин фатвоҳо ҳазорон нафар равшанфикрону олимон ва мардуми оддӣ ҳатто ба марг маҳкум шудаанд, зеро дар даврони пурҷӯшу хурӯши зиндагии Имоми Аъзам ва минбаъд кофир эълон кардан ба марг баробар буд. Фатвоҳое, ки дар ин мавзӯъ Имом Абӯҳанифа додааст, то андозае пеши роҳи ин падидаро мегирифтанд ва баёнгари хидмати ин фақеҳи бузург дар ҳифзи мақоми инсон мебошанд. Чунончи тамоми таълимоти Қуръони карим моро ба ин натиҷа мерасонад, ки инсониятро муаззазу мукаррам дошта бошем. Бинобар ин, тамоми мазоҳиби аҳли суннат аз фиқҳу фатовои Имом Абӯҳанифа (р) истифода мебаранд ва мазҳаби ӯро аввалин мазҳаби таҳаммулпазир дар ҷаҳони башар медонанд.

         Мактаби фиқҳи ҳанафӣ ва умуман, риштаи ҳуқуқ дар ислом ба дасти бузургтарин файласуфи ҷомеаи башарӣ ва донишмандтарин фард дар аҳди тобеин Абӯҳанифа (рҳ) поягузорӣ гардидааст. Дар рехтани пояҳои ин кохи баланди илмӣ нухбагони фикри он замон – шогирдони муқарраб ва аввалини он устоди беназир, ба монанди Абӯюсуф (рҳ), Муҳаммад (рҳ), Зуфар (рҳ), Ҳасан (рҳ) ва дигарон дар канори он марди Худо ширкати бевосита ва нақши басо азиме доштанд.

         Имом Абӯҳанифа (рҳ) ва нухбагони андешаи он рӯзгор – шогирдонаш ба сурати бузургтарин академияи илмӣ- таҳқиқотӣ ва шоистатарин маҷлиси қонунгузорӣ амал карда, бинои мазҳаби худро бар асоси шӯро ва ба таври дастаҷамъӣ гузоштаанд. Дар он маҷмаи илмӣ пас аз муддатҳо баррасиву таҳқиқ дар масоили матраҳгардида ва ба хулосае расидани нуқтаи назари тамоми онҳо, ба котиботи маҷлис дастур мешуд, то онро сабт намоянд. Яке аз котибҳо худи имом Абӯюсуф (рҳ) буд. Сипас он масоил дар китобе бо номи «Усул» сабт мегардид.

         Бояд қайд кард, ки дар маркази илмӣ ва ё маҷмаи қонунгузорие, ки имом Абӯҳанифа (рҳ) аз шогирдони худ дар риштаҳо ва тахассусҳои гуногуни илмӣ ба вуҷуд оварда буд, дар тӯли бисту ду соли фаъолият бештар аз ҳаштоду ду ҳазор (82 000) ва ба қавле бештар аз панҷсад ҳазор (500 000) масъала мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, дар маҷмӯае бо номи «Ал-асл» китобат гардидаанд.

         Тақрибан бештар аз нисфи ин маҷмӯаро қонунҳо ва масоиле ташкил медоданд, ки дар замони ҳаёти Абӯҳанифа (рҳ) ҳанӯз ба вуқӯъ напайваста буданд ва ин маҷмӯаи азимро дар илми аҳкомшиносӣ ба фиқҳи тақдирӣ ва ё қонунҳои эҳтиётӣ ном мебаранд. Яке аз равишҳои кори имом Абӯҳанифа (рҳ) ва маҷмаи қонунгузорие, ки ӯ таъсис дода буд, ин буд, ки масоил ва ҳаводисеро, ки ҳанӯз ба вуқӯъ напайваста буданд, ба таври назариявӣ мавзӯъбандӣ, коркард ва баррасӣ менамуданд ва тамоми онҳоро низ дар ҳамон маҷмӯа китобат мекарданд. Онҳо, ҳамин тавр, аз замони худ асрҳо ва ҳазораҳо пешӣ гирифтанд ва роҳи берун омадан аз мушкилот ва тарзи ҳалли масоили зиёдеро пеш аз вуқӯъ пешбинӣ ва муайян намуданд.

Китоб, суннат, иҷмоъ, қавли саҳоба ва қиёсу истеҳсону урф асоси иҷтиҳодоти мазҳаби ҳанафиро ташкил медиҳанд. Имом Абӯҳанифа (рҳ) дар асоси ин далелҳо тамоми масоилро аз матни шариат истихроҷ (берун ва коркард) намуда, фиқҳро дар чорчӯбаи бобҳо ва фаслҳо дастабандӣ ва тадвин намуд.

         Имом Абӯҳанифа (рҳ) мероси илмии Абдуллоҳ ибни Масъуд (р)-ро бинобар ин ба роҳ андохт, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) он саҳобие аст, ки аз овони хурдӣ дар тарбияти Пайғамбар (с) буданд. Чунончи Абӯмӯсои Ашъарӣ мегӯяд, ки ман ва бародарам вақте аз Ямин омадем, як моҳ дар суҳбати Пайғамбари Худо (с) ҳузур меёфтем. Гумон мекардем, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) аз хондони нубувват аст. Баъдан ба мо маълум шуд, ки ӯ аз шогирдони Пайғамбари Худо (с) мебошад. Маҳорату ҳофизае, ки Ибни Масъуд (р) дар Қуръон доштанд, пӯшида нест. Чунончи дар ривояти Бухорӣ омадааст: Вақте Пайғамбар (с) асҳобро амр ба таълими Қуръон карданд, аввалан номи Ибни Масъудро гирифтанд, ки аз ӯ Қуръонро биёмӯзанд. Инчунин дар соли 20-уми ҳиҷрӣ ҳангоме ки Ҳазрати Умар (р) ӯро ба Кӯфа фиристод, гуфт: «Агарчи худ ба Ибни Масъуд (р) ниёз дорам, вале мардуми Кӯфаро бар худам тарҷеҳ медиҳам». Баъд аз вафоти Расули Худо (с) марде аз асҳоби Расул пурсид: Ман ба кӣ иқтидо кунам, то ки дар рафтору кирдор бо Расули Худо (с) монанд бошам? Дар ҷавоб Абӯҳузайфа гуфт: Ту метавонӣ ба Абдуллоҳ ибни Масъуд иқтидо кунӣ, чунки ӯ дар рафтору кирдору ахлоқу ҳаё ба Расули Худо (с) монанд аст. Инчунин ӯ аз ҷумлаи фуқаҳои саҳоба маҳсуб мешавад. Бинобар ин, тамоми фатвоҳо ва фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ такя ба ривоят ва гуфтору кирдори Абдуллоҳ ибни Масъуд мебошад.   

         Имом Абӯҳанифа (рҳ) барои ҳарчи маҳкамтар ниҳодани пояҳои мактаби худ ду қоидаи асосӣ ва куллиеро бино ниҳодааст, ки ҳам барои мазҳаби ҳанафӣ ва ҳам барои фиқҳи исломӣ ба таври умум ҳамчун асос пазируфта шудаанд. Аз ӯ ривоят шудааст:  «Вақте ҳадисе ба таври саҳеҳ собит гардид, он (яъне ҳамон ҳадис) мазҳаби ман мебошад, онро бипазиред ва таъйид намоед». Воқеан ҳам, татбиқи ин қоида шоҳраги ҳаёт ва пешрафтҳои доимии мазҳаб дар асрҳои тиллоии он ба шумор мерафт.

2) Аз имом Абӯҳанифа (рҳ) ва ёрони ӯ ривоят шудааст: «Барои ҳеҷ касе фатво додан ба қавли мо ҳалол ва дуруст намебошад, то надонад, ки мо онро аз кадом сарчашма ва бо кадом далел гуфтаем».

         Вақте дар миёни мардум шоеъ гардид, ки гӯё имом Абӯҳанифа (рҳ) ва ёронаш қиёсро бар ҳадис тарҷеҳ медиҳанд ва мазҳаби фиқҳии онҳо, яъне усули коркард ва таснифи масоил дар мактаби онҳо бештар бар раъй ва афкори шахсии худи онҳо такя дорад, дар ҷавоб Имом Абӯҳанифа (р) он ду қоидаро барои онҳо бозгӯ намуд. Пас аз шунидани ин ду қоида хомӯш гаштанд.

            Қобили тазаккур аст, ки яке аз омилҳои нуфуз ва густариши мазҳаби ҳанафӣ дар асрҳои минбаъда ба маснади дарс ва қазоват интихоб шудани шогирдони Имоми Аъзам (р) дар шаҳрҳои гуногуни қаламрави ҳукумати Аббосиён буд. Тибқи ахбору сарчашмаҳо ҳудуди ҳафтсад то ҳаштсад тан аз шогирдони Имоми Аъзам (р) дар атрофи мамолики исломӣ пароканда шуданд ва ба мақоми тадрису фатво расидаанд. Ҳудуди панҷоҳ тан аз онҳо дар ҳукумати Аббосиён дар мақоми қазо нишастанд. Дар замони ҳукмронии сулолаҳои Аббосиён, Салҷуқиён ва Усмониён мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун мазҳаби расмӣ дар қаламрави мамолики исломӣ амал мекард ва миллионҳо нафар аз мардум аз ин мазҳаб пайравӣ мекарданд. Чунончи шогирди барҷастаи эшон Имом Абӯюсуф (р) дар замони ҳукмронии се халифа маснади қазоватро ба уҳда дошт. Шогирди дигари эшон низ Имом Муҳаммад (р) дар хидмати Ҳорунуррашид қарор дошт. Яке аз шогирдони Имом Муҳаммад (р) Имом Абӯҳафси Кабири Бухороӣ буд, ки пас аз анҷоми таҳсил ба Бухоро бозгашт ва таълимоти мазҳаби ҳанафиро дар қаламрави ин давлат густариш доданд. Пас аз ӯ писараш Имом Абӯҳафси Сағирӣ низ дар замони давлатдории Сомониён аз чеҳраҳои намоёни мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад. Чунончи то имрӯз аксари фатвоҳои ҳанбалию шофеию моликӣ тибқи мазҳаби мо дода мешавад, хусусан мардуми Миср тибқи усули мазҳаби ҳанафӣ фатво медиҳанд. Чунки он илму дониш ва малакаву таҳаммулпазирие, ки Худованд ба ӯ дода буд, бар ҳеҷ муҷтаҳиде пӯшида нест. Бинобар ин мазҳаби ҳанафӣ дар аксари нуқоти олами Ислом густариш пайдо кардааст.

Имом Абӯҳанифа (рҳ) ҳаракати илмиеро ба роҳ андохта буд, ки парвардагони мактабаш бо дилҳои равшан ва андешаҳои фарогир дар уқёнуси илмҳои шариат шино мекарданд. Истеъдодҳои худододӣ дар онҳо ба рушд расида, нерӯи таҳлилу арзёбиашон дар тамоми масоил ба камол расида буд. Имом (рҳ) тариқаи истихроҷ ва берун кашидани нуҳуфтаҳои илмиро барои ҳар донишмандаш аз аъмоқи рӯҳаш ба онҳо омӯхта буд. Онҳо бо вуҷуди чунин пойгоҳи илмӣ бо устоди худ, бо риояи одобу эҳтиром дар бисёре аз масоили асливу фаръӣ ба мунозира ва гуфтугузори илмӣ мепардохтанд.

Аз Абӯюсуф (рҳ) рӯзе пурсида шуд: «Чаро дар ин мавзӯъ бинобар назари Абӯҳанифа (рҳ) ҳукм намудӣ, дар ҳоле ки қаблан дар ҳамин масъала бо ӯ мухолиф будӣ? Гуфт: Мо бо ӯ ба ин хотир мухолифат мекардем, то асрори илмӣ ва нуҳуфтаҳои замирашро берун оварем».

         Боре пас аз хулосаи маҷлис ва муайян гардидани нуқтаи назари тамоми аҳли нишаст дар масъалае диданд, ки яке аз шогирдон ба номи Офияти Авдӣ ҳузур надорад, имом Абӯҳанифа (рҳ) фармуд: «Мавзӯъро набандед, то назари Офиятро низ дар он бишнавем».

         Имом Абӯҳанифа (рҳ) ҳангоми таълими парвардагони боргоҳаш равишҳоеро ба кор мебурд, ки дар сохтани шахсияти инсонӣ, шукуфоии истеъдодҳои илмӣ ва нубуғи фикрии онҳо натиҷаҳои хуберо ба бор овард. Вай гоҳе пас аз матраҳ намудани масъалае яке аз эҳтимолоти мавзӯъро бо бурҳону далел баён мекард.

         Сипас назари онҳоро дар он мавзӯъ мехост. Вақте медид, ки онҳо хомӯш нишастаанд ва ҳеҷ гуна илова ва нақзе дар он надоранд, эҳтимоли дуюми масъаларо бо санадҳои дигаре баён медошт. Сипас фикри онҳоро дар он мепурсид. Чун онҳо чизе намегуфтанд, эҳтимоли дигари онро матраҳ ва бо санаду далел иброз медошт. Он гоҳ пас аз гирифтани назари онҳо дар он мавзӯъ яке аз он эҳтимолотро бар дигараш тарҷеҳ медод.

Имом Абӯҳанифа (рҳ) зиёда аз ҳафтсаду сӣ шогирди варзида ва дар сатҳи болои илмӣ ба камол расонидааст. Аз он миён чаҳор нафари онҳо шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфта, ду нафари онҳо – Абӯюсуф (рҳ) ва Муҳаммад (рҳ) ба мартабае аз илму маърифат расида буданд, ки ба унвони «Имомайн» ва «Соҳибайн» шинохта мешуданд.

Парвардагони мактаби он ҳазрат (рҳ), ба хусус ду шахсияти муътабари онҳо – Имомайн, ба мақоме расида буданд, ки бисёре аз донишмандони он рӯзгор онҳоро пешвоёни мустақил, имомони асосгузор ва саромади замон, ба монанди имом Шофеъӣ (рҳ), имом Аҳмад (рҳ) ва дигарон медонистанд.

         Имом Абӯҳанифа (рҳ) дар қалбу андеша ва замири шогирдон рӯҳ ва нафҳае дамид ва аз онҳо мардоне сохт, ки пас аз андак муддат зимоми ҷомеаи худро дар даст гирифтанд. Имом (рҳ) вақте Абӯюсуф, Муҳаммад, Зуфар, Ҳасан ва дигаронро ба оғӯши мактаби худ кашид, ба ҳақ, илҳомшуда ва аз нуҳуфтаҳои шахсияти онҳо огоҳ буд. Вай онҳоро падарвор ва ҳамчун маҳбубтарин фарзандонаш тарбия ва парвариш намуд. Исом (рҳ) мегӯяд: «Он ҳаққе, ки Абӯҳанифа (рҳ) бар ёрони худ дорад, ҳеҷ касе бар дигаре надорад. Ӯ пашшаеро намегузошт бар онҳо бинишинад» .

         Абӯюсуф (рҳ) низ борҳо ба мақоми баланди Имом (рҳ) дар дилҳояшон ишора намудааст. Вай мегӯяд: «Ман қабл аз падару модарам барои ӯ дуо мекунам, дар ҳоле ки ӯро шунидам, ки мегуфт: Ман барои (устодам) Ҳаммод (рҳ) ҳамроҳи падару модарам дуо мекунам». Боз мегӯяд: «Худованд Абӯҳанифаро дар сояи раҳматаш қарор диҳад ва ӯро подоши хайр диҳад. Зеро ӯ таъми дунёву охират ҳар дуро ба ман чашонид».

          Халифа Ҳорунна Рашид боре бо ишора ба пешгӯии Имом Абӯҳанифа (рҳ) фармуд: «Қасам ба ҷонам, ки илми дину дунё ҳар дуро баланд мебардорад». Сипас бар имом Абӯҳанифа (рҳ) раҳмат фиристода гуфт: «Ӯ бо чашми ақлаш чизеро медид, ки ба чашми сар дида намешавад».

         Вақте Абӯюсуф (рҳ) вафот кард, халифа Ҳорунаррашид бар вай намоз гузорид ва ӯро дар гӯристони қурайшиҳо, дар ҷое, ки фарзандаш Амин ва ҳамсараш Зубайда дафн гардидаанд, ба хок супорид. Ростӣ Абӯюсуф (рҳ) роҳи нуфуз ва ҷовидонагиро барои мактаби устодаш – мазҳаби ҳанафӣ – кушод ва имом Муҳаммад (рҳ) онро ҷовидона сохт.

         Имом Муҳаммад (рҳ) аз соли 158 то 169-уми ҳиҷрӣ бо супорише аз ҷониби халифа Маҳдӣ сокини Мадина гардид. Вай дар ин муддат аз имом Молик ибни Анас (рҳ) – имоми дори ҳиҷрат (95-179ҳ.) илми ҳадисро омӯхт ва «Муваттаъ»-ро аз ӯ ривоят намуд, ки он беҳтарин ва муътабартарин ривоятҳои «Муваттаъ»-и имом Молик (рҳ) ба шумор меравад.

          Худованд Имом Абӯҳанифа ва шогирдони мактаби фиқҳии ӯро биомӯрзад ва мову шуморо давомдиҳандаи ин мактаби бузурги фиқҳӣ бигардонад.

Сармутахассиси Раёсати фатво

      Сангалиев Маҳмуд

Pray time in Dushanbe

19.04.2024

More
Fajr04:09
Zuhr12:40
Asr17:18
Maghrib19:16
Isha20:47
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More