Home Articles Ҳизбе, ки хиёнат асоси фаъолияташ аст

Ҳизбе, ки хиёнат асоси фаъолияташ аст

Ҳизбе, ки хиёнат асоси фаъолияташ аст
2018-07-26
2262

19-уми июли соли равон бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар доир ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон доир гардид, ки дар он коршиносон роҷеъ ба масъалаи мазкур табодули афкор намуданд. Мавзӯе, ки бештар аз ҳама таваҷҷуҳи маро ҷалб намуд, ин суханронии коршинос Маҳдӣ Собир дар мавзӯи “Вазъи ҳарбию сиёсӣ баъди Созишномаи Истиқрори сулҳ дар шарқи Тоҷикистон” буд. Коршинос дар ибтидои суханронии худ доир ба муҳимияти ба тасвиб расидани Созишномаи сулҳ сухан гуфта, иброз намуд, ки “Ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар замоне ба имзо расид, ки миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли он дар вартаи ҳалокат ва нестӣ  қарор дошт. Дар қисми шарқии кишвар ҷангҳои шадид байни нерӯҳои  мухолифин ва ҳукуматӣ панҷ сол боз идома доштанд. Ҷанги шаҳрвандӣ хоҷагии халқи кишвар ва иқтисодиёти онро хароб ва дар баъзе ноҳияҳо структураҳои давлатиро аз байн бурда буд. Бояд ин Созишнома  ибтидои раванди фаъоли таҷдид ва азнавмуттаҳидкунии баъдиҷангӣ мегардид. Давраи азнавбарқароркунии ҳисороти ҷанг, ором кардани шиддати ҷамъиятӣ, ба вуҷуд овардани шароити эътимод ва боварӣ бо якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ ва мустаҳкам кардани сулҳу амният фаро мерасид”.

Аммо ба ҳамагон маълум аст, ки ҳарчанд ҳукумати мамлакат дар роҳи расидан ба суботи комили миллӣ талош меварзид, аммо ҳамеша ҷониби мухолиф кӯшиш мекард, то бо ҳар роҳе набошад, вазъи сиёсиро ноором намуда, татбиқи нақшаву ниятҳои муғризонаи худро идома бахшад.

Аз ҷумла, коршинос дар суханрнии худ аз кушта шудани намояндагони СММ аз ҷониби намояндагони мухолифин ёдовар гардид, ки намунаи боризи ваҳшонияти ин ҷониби даргир маҳсуб мешавад. Ёдоварии коршинос аз қумондонсолории мухолифин қобили таваҷҷуҳ аст. Ба қавли ӯ дар он давра аксари манотиқи кишварро маҳз қумандонҳо талош мекарданд, то зери назорати худ дароранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти он дастаҳои мухолифинро, ки ба роҳбарони КОМ итоат намекарданд, ба ҳисоб гирифта, барои омӯхтани вазъ дар водиҳои Қаротегину Вахиё, ноҳияҳои Ленину Кофаниҳон бо Амри махсуси худ  Комиссияи ҳукуматӣ созмон дод. Ин Комиссия минбаъд  барои муътадил гардонидани вазъ, фароҳам овардани шароити мусоид барои солимгардонии вазъи ҷиноӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии мантақа нақши хеле муҳим бозид.

Президенти кишвар ба ин Комиссия ваколатҳои зиёд дода буд.Дар назди Комиссия чунин вазифаҳои мушаххас гузошта шуда буд: Аз ҷумла муқаррар карда шуда буд, ки Комиссия барои амалӣ намудани  ваколатҳои худ, барои пурра ба эътидол овардани вазъияти  иҷтимоӣ ва сиёсӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ аз қувва истифода намояд. Комиссияи ҳукуматӣ дар маҷмуъ барои оромӣ ва муътадил гардонидани вазъи ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонид.

Ба Комиссияи ҳукуматӣ 16 нафар шомил буданд. Раисии Комиссияро генерал Ҳабиб Сангинов ба ӯҳда дошт.

Комиссияи ҳукуматӣ дар давоми фаъолияти худ аз 18 май то 10 июл соли 2000 вазъи сиёсӣ, низомӣ ва иҷтимоии ноҳияҳои зери нуфӯзи муҷоҳидон бударо дар водии Қаротегин ва Вахиё омӯхта, ба хулосае омаданд, ки аввалба фаъолияти командирон ва ҳайати шахсии қисмҳои низомии  41008, қумондонаш Мансур Муаккалов,13483 командираш Қосимҷон Исматов, 14356 қумондонаш Муҳаммадӣ Қаҳҳоров, 87470 қумондонаш Ҷунайдулло Умаров, 3974 қумондонаш Мирзохӯҷа Аҳмадов, ва фаъолияти дастаҳои то соли 2000-ум реинтегратсиянашудаи Ёрибек Иброҳим, бо лақаби Шайх, Мулло Абдулло вохӯрӣ намуда, диққати онҳоро барои  иҷро намудани талаботи Амри роҳбари давлат ҷалб намоянд.

Баъд Комиссия 34 нафарро аз дастаи Шайх ва 15 нафарро аз дастаи Мулло Абдулло ба ҳайати вазорати ҳолатҳои фавқулодда ворид карданд. 50 нафар сарбозони Ҷаҳонгирро ба марзи шимол, 16 нафар нӯкарони Мулло Абдуллоро ба ноҳияи Ванҷ фиристоданд.

Бо маслиҳати аъзоёни комиссия 30 нафар нӯкарони дастаи Шаҳоб ва 80 нафар нӯкарони мулло Қосимҷон, ки аз ноҳияи Кофарниҳон ба назди Мулло Абдулло омада буданд, ба мавқеи баталиони вазорати мудофиа бар гардонида шуданд.

Инчунин як дастаи нӯкарони Шайх, Мулло Абдулло, Саидҷалол, Фирӯз ҷамъоҷамъ 50 нафар силоҳҳояшонро ба ШКД-и ноҳияи Тоҷикобод супорида, ба кори мулкӣ гузаштанд. Ёрибек Иброҳим  роҳбари хоҷагии  «Ҳаёти Нав» таъин карда шуд.

Органҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияҳои дар Амр зикргардида аз бефаъолиятӣ рӯ ба фаъолият оварданд. Кормандони  прократураҳо, судҳо, ШКД-ҳо, соҳаи бехатарӣ, ки аз соли 1996 ҷойҳои кори худро тарк карда буданд, ва дар Душанбе зиндагонӣ мекарданд, аз нав ба ҷойҳои кориашон фиристода шуданд.

-Комиссияи ҳукуматӣ бо мақсади  тоза намудани Дараи Ҳакими ва умуман ҳудуди ноҳияи Дарбанд аз боқимондаҳои  силоҳдорони дастаи Мулло Абдулло гузаронидани амалиёти халъи силоҳро иҷозат дод.

-Ба ВКД супориш дода шуд, ки сафи кормандони мақомотро дар ноҳияҳои водии Қаротегин аз ҳисоби кормандони пуртаҷриба пурра намоянд.

-Барои аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани намояндагони ҲИУ чораҳои қатъи дида шавад.

Комиссияи ҳукумати ду маротиба генерал Ғайратшо Аҳмадов ва Абдураҳмон Маҳмадовро ба дараи Ҳакимӣ ба назди Мулло Абдулло фиристода бошанд ҳам ӯ пешниҳоди сулҳро напазируфт. Дастаи ӯ ба ягон сохтори ҳукумат итоъат кардан намехост. Онҳо муддати тӯлонӣ  ҷиноятҳои зидди давлатӣ, итоат накардан ба ҳукумат, гаравгонгирӣ, лату куби кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ғорат кардани пулу моли мардум ва таҳқири мусофирони  вилояти Бадахшону ноҳияҳои водии Қаротегин, куштори шаҳрвандони хориҷию худамон даст доштанд. Мулло Абдулло  борҳо изҳор карда буд, ки силоҳҳояшро ба касе намесупорад ва ҷиҳодро идома медиҳад. Барои ба ӯ ёрӣ расондан дастаҳо аз Кофарниҳон ба ёрии ӯ омада буданд. Қумондонони собиқи ОТО Ғайратшо Аҳмадов ва Саламшо Муҳаббатов борҳо ба назди Мулло Абдулло омаданд, ки ӯро аз ин роҳи хато баргардонанд, аммо ӯ пешниҳодоти онҳоро напазируфт.

Командири баталиони 3974 Мирзохӯча Аҳмадов ва муовини ӯ Алӣ Давлатов, Сайриддин Акбаров бефаъолиятӣ нишон дода, барои аз иҳота баромада рафтани  нӯкарони Мулло Абдулло кӯмак карданд ё онҳоро дар хонаҳои худ пинҳон карданд. Дар натиҷаи амалиёт бародар ва фарзанди ягонаи  ӯ Оятулло кушта шуд. Эшони Фатҳуллохон аз тарқи Дараи Ромит ба Дараи Ҳакимӣ омада ӯро ба мавзеи Купурукбошии ноҳияи Кофарниҳон овард.

Мулло Абдулло тирамоҳи соли 2001 ҳудуди Тоҷикистонро тарк карда ба Афғонистон рафта ба ҲИУ ҳамроҳ мегардад. Бо намояндагони НАТО ва Амрико то соли 2008 меҷангад. Моҳи марти соли 2008 аз нав ба ноҳияи Тавилдара омада, мехоҳанд дар қисми шарқии кишвар фронт кушода ҷиҳодро идома диҳад. Соли 2009 ҷабҳаи ташкилдодаи ӯ дар Тавилдара саркӯб мегардад. Ӯ ба ноҳияи Ғарм омада, дар хонаи Мирзохоҷа Аҳмадов пинҳон мешавад. Соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Ғарм ҷабҳаи нави ҷиҳодӣ созмон медиҳад. Ба  сарбозони вазорати мудофиа дар ҳудуди деҳаи Шулэ ҳуҷум мекунад. Охири соли 2010 Алӣ Давлатов ва моҳи апрели соли 2011 худи мулло Абдулло аз тарафи нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҳудуди ноҳияи Рашт кушта мешавад. Бо ҳамин миллати тоҷик аз шарри ӯ халос мешаванд.

Ҳамаи ин саргузаштҳо бозгӯи вазъи сиёсиву иҷтимоии даврони ибтидои соҳибистиқлолии Ватан аст, ки мутаассифона бо хидматҳои хирсонаи иддае аз манфиатҷӯён чун доғи сиёҳе дар таърихи давлатдории тоҷикон боқӣ мемонад. Аммо муҳим ин аст, ки мо аз чунин иштибоҳоти таърихӣ сабақ бардоред ва ҳаргиз нагузорем, ки нохалафе қадамҷои падарону бобоёнамонро ноором созад.

Бурҳониддин Аминов,

корманди Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

24.04.2024

More
Fajr03:59
Zuhr12:40
Asr17:22
Maghrib19:21
Isha20:52
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More