Home Articles Хунхориҳои ҳизби наҳзат баъди созишномаи истиқрори сулҳ

Хунхориҳои ҳизби наҳзат баъди созишномаи истиқрори сулҳ

Хунхориҳои ҳизби наҳзат баъди созишномаи истиқрори сулҳ
2018-07-26
2293

27 июли соли 1997 дар сафҳаи таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ нақш бастааст. Бо саъйю талош ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парокандаи тоҷик сари як миз гирд омада, бо ҳам сулҳ баст. Садҳо ҳазор гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд. Аз натиҷаи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ оромиву ободӣ меомад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра гуноҳони нобахшидании гурӯҳи террористии Ҳизби наҳзатро бахшиданд ва ба талаботи вазифаталабон розӣ шуданд. 30 фоиз вазифаҳои давлатӣ ба роҳбарону аъзоёни ин гурӯҳи ифротӣ супорида шуд. Ҳамаи ин гузаштҳо ба он хотир буд, ки миллати тоҷик сарҷамъ гардад, осмони тира беғубор шавад ва садои тиру туфангро хандаи беолоиши кӯдакон иваз намояд.

Мардум умед доштанд, ки ТЭТ ҲНИ аз қатлу куштор даст кашида, якҷоя бо ҳукумати кишвар Ватанро обод месозад, аммо чунин набуд! ТЭТ ҲНИ мисли каждуми зери бӯриё неш мезад ва ба қатлу куштор идома медод. Мисолҳое, ки дар зер оварда мешаванд, шаммае аз ваҳшонияти ТЭТ Ҳизби наҳзат баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ аст. Аз ҷумла: 

Он солҳо танҳо дар самти шарқии кишвар, дар ноҳияи Ленину Кофарниҳон чунин гурӯҳҳои террористӣ фаъолият менамуданд:

1.Гурӯҳи  Косимҷон Исматов, бо лақаби мулло Костия, мантақаи ҷойгиршавиаш дараи Ромит, деҳаи Яфрак;

2.Гурӯҳи Нозим Юнусов, мантақаи ҷойгиршавиаш деҳаи Сайёди Дараи Ромит;

3.Гурӯҳи Маҳмасаид Қурбонов, мантақаи ҷойгиршавиаш деҳаи Кули дараи Ромит;

4.Гурӯҳи Файзи Норакӣ, мантақаи ҷойгиршавиаш деҳаи Кӯли Дараи Ромит;

5.Гурӯҳи Намоз Қурбоналиев, мантақаи ҷойгиршавиаш колхози Карим Исмоилови ноҳияи Кофарниҳон;

6. Гурӯҳи Абдулвосеъ Латифов, мантақаи ҷойгиршавиаш деҳаи Туркободи колхози Карим Исмоилови ноҳияи Кофарниҳон;

7.Гурӯҳи Нурулло Исоев, мантақаи ҷойгиршавиаш Колхози Карим Исмоилови ноҳияи Кофарниҳон;

8. Гурӯҳи Зафар Шарифов, мантакаи ҷойгиршавиаш деҳаҳои Оби Нуқра ва Майдон;

9.Гурӯҳи Фатҳуллохони Хайриддин бо лакаби «Эшони Дароз», мантақаи ҷойгиршавиаш деҳаи Купрукбошии ноҳияи Кофарниҳон;

10.Гурӯхи Маҳмадулло Муллоев, мантақаи ҷойгиршавиаш деҳаи Мағови ноҳияи Кофарниҳон;

11.Гурӯҳи Абдулло Раҳимов, бо лақаби «Абдуллои Камонгарӣ», мантақаи ҷойгиршавиаш деҳаи Чорсада, Ҷавонӣ, Луғур, Тутхор, шаҳракҳои Файзобод ва Комсомолобод;

12.Гурӯҳи Ризвон Садиров, бо лақаби «Ҳазрат», мантақаи ҷойгиршавиаш Оби Гарм, болооби Норак, деҳаҳои Сангтӯда, Тезгарди боло,Тезгарди поён, Таги Адири ноҳияи Ленин, деҳаҳои Камонгарони тоҷик, Камонгарони ӯзбек,Чинор, Муғулон, колхози Телман, совхози Гулистон, шаҳраки Нефтияник ва кирпичнийи ноҳияи Кофарниҳон, деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб;

13.Гурӯҳҳои Раҳмон Сангинов бо лақаби «Гитлер» ва Мансур Муаккалов, мантақаи ҷойгиршавиашон деҳаи Теппаи Самарқандӣ ва ҳамаи ҳудуди ҷамоати Роҳатии ноҳияи Ленин;

14.Гурӯҳи Саймухтор, мантақаи ҷойгиршавиаш ҳудуди деҳаи Қирғизони ноҳияи Ленин;

15.Гурӯҳи кӯри Абдураззоқ, мантақаи ҷойгиршавиаш ҳудуди шаҳри Норак;

Чунин гурӯҳҳо дар ноҳияҳои Тавилдараю Ғарм ва Тоҷикободу Ҷиргатол беш аз садто буданд. Онҳо ба касе итоат намекарданд ва қумондони ҳар як  гурӯҳ даъвои пешвоӣ ва амирию вазириро дошт. Як қумондон бе иҷозат ба мантақаи дигар қумондон рафта наметавонист. Агар вориди минтақаи дигар қумондон шавад, кор ба парон- парон ва куштори ҳамдигар анҷом меёфт.

Қумондони кулли ноҳияи Дарбанд Абдулло Раҳимов буд. Ҳамаи  қумондонони ноҳия ба ӯ байъат карда, амру супоришҳои ӯро иҷро мекарданд. Танҳо қумондони ҷабҳаи Лабиҷар Зубайдулло Саъдуллоев ба ӯ итоат намекард. З. Саъдуллоев ба ситоди Мирзо Зиёев бо лақаби «Мирзо Ҷага», ки дар  мантақаи Ҳавзи кабуд ҷойгир буд, рафта байъат кард ва амру супоришҳои ӯро иҷро мекард. Ин амали Зубайдулло қаҳру ғазаби  Абдулло Раҳимов ва дигар қумондонони саҳроии ҷабҳаи Дарбандро ба бор оварда буд. Онҳо мехостанд бо тадбире Зубайдуллоро бадном карда, ӯро ҷисман нест кунанд. Аммо чӣ гуна?

Нозирони Созмони Миллали Муттаҳид  ба Тоҷикистон баъди оғоз гардидани ҷанги шаҳрвандӣ омада буданд. Дар ин солҳо Тоҷикистон навакак ба истиқлолият расида буд. Аксар мамлакатҳои ҷаҳон, аз он ҷумла аввалин шуда давлатҳои абарқудрат Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, тоҷиконро ҳамчун миллати куҳанбунёду бофарҳанг шинохтанд ва эътироф карданд. Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои СММ мебошад. Аз ин рӯ, СММ барои аз бӯҳрони ҳарбию сиёсӣ баровардани Тоҷикистон нозирони худро ба ин ҷо фиристода буд. Онҳо барои ба сулҳу салоҳ расидани  ду тарафи даргир хизмати беғаразона мекарданд. Чаҳор нафар аз нозирони СММ дар ноҳияи Дарбанд фаъолият доштанд.

Рӯзе Мулло Абдулло Мирзомуддин ном қумондони саҳроияшро ба наздаш даъват карда маслиҳат мекунанд, ки агар дар мантақаи зери нуфӯзи қумондон Зубайдулло Саъдуллоев кормандони СММ-ро ба қатл расонанд ва ин кушторро ба гардани ӯ бор кунанд, ба ин восита ба як тир ду нишон мезанем: аввал Зубайдуллоро  барои содир кардани ин «ҷиноят» ба қатл мерасонанд ва дувум мантақаи ӯро аз худ мекунанд.

Дигар паҳлӯи асосии  ин куштор он аст, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вақтҳои охир аз минбари ин созмон тез-тез баромад карда, масъалаҳои хеле ҷиддии ба манфиати халқи тоҷик ва кулли мардуми мантақа ва дунёро пешниҳод карда истодааст. Ин масъалаҳоро роҳбарони тамоми дунё тарафдорӣ карда истодаанд. Ин иқдом обрӯ ва эътибори ӯро баланд менамояд. Бо ин роҳ онҳо мехостанд пеши роҳи ин иқдомро  бигранд.

Боз паҳлӯи дигари ин куштор он мегардид, ки хоҷаҳои хориҷиашон  баъди ин амал онҳоро бо маблағ таъмин мекарданд.

Рӯзи 20 июли соли 1998 соати 11-00 вақте ки автомашинаи кормандони СММ аз самти  Ҳавзи Кабуд ба самти ноҳияи Дарбанд ҳаракат мекарданд, дар мавзеи Фарови ҳудуди деҳаи Ёнур роҳи онҳоро се нафар террористи ҳизби наҳзати исломӣ-Мирзомуддин Валиев, Ёқубҷон Дарвешов ва Сайраҳмон Довудов гирифтанд.

Мирзомуддин атрофро аз назар гузаронида, тез ба назди мошин омад.  Дар автомошина ронанда Ричард Шевчеки полшагӣ, тарҷумони тоҷик  Ҷӯраҷон Маҳрамов,  Адолфа Шерпегул Уруевичи олмонӣ,  Ютака Акино нависанда ва профессори ҷопонӣ менишастанд. Онҳоро аз мошин берун кашиданд. Аввал Ҷӯраҷон  Маҳрамовро парронданд. Ютако Акино  ҳолати Ҷӯраҷонро дида худашро ба болои ӯ ҳаво дод. Ютако Акино мехост  бо ҷисми худ ӯро хифз намояд. Ёқубҷон бошад, боқимондаи тирҳои автоматро ба бадани ӯ холӣ кард. Ричардро Мирзомуддин ва Адолфро Сайраҳмон парронд.  Мирзомуддин ба Ёқубҷону Сайраҳмон супориш медиҳад, ки ҳамаи чизҳои қиматбаҳои ин чаҳор корманди СММ-ро ғорат кунанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки кормандони СММ ҳангоми иҷрои вазифа дар ин мантақа  ҳамавақт тартибу низоми пешакӣ барояшон муайяншударо риоя мекарданд. Онҳо бояд баъди ду  соат як маротиба ба қароргоҳи марказиашон оид ба фаъолияташон ва мавқеи ҷойгиршавиашон хабар медоданд. Бояд ҳангоми аз як мантақа ба мантақаи дигар сафар кардан нафари бегонаро ба  мошинашон нашинонанд. Ба касе оид ба фаъолияташон  хабар надиҳанд.

Рӯзи 20-июл, нимаи дуюми рӯз гурӯҳ ба қароргоҳи марказиашон  хабар надод ва ба алоқа набаромад. Ин ташвишу изтироби роҳбарони СММ-ро ба бор овард. Онҳо ҳарчанд кӯшиш карданд, бо онҳо алоқа барқарор карда натавонистанд. Зарурати ҷустуҷӯи онҳо ба миён омад, аммо бенатиҷа анҷом меёбад. Баъдтар муайян мегардад, ки чаҳор нафар  кормандони СММ-ро паррондаанд.  Дар ин бора хабар ба роҳбарияти СММ расонида мешавад. Ин воқеаи мудҳиш барои аҳолии Тоҷикистон бованакарданӣ буд.

Давлатҳое, ки шаҳрвандонашон дар натиҷаи террор ба халокат расида буданд, ба сиёсати давлати Тоҷикистон изҳори нобоварӣ мекарданд. Онҳо талаб мекарданд, ки террористон дастгир карда шаванд ва мақсаду маром, ангезаи ин террор ошкор карда шавад.

Баъзе  кишварҳое, ки барои аз буҳрони иқтисодӣ баровардани Тоҷикистон аҳду паймон карда буданд, ки 500 миллион доллари америкоӣ медиҳанд, баъди рух додани ин воқеаи мудҳиш  аз аҳду памонашон даст кашиданд. Як қатор давлатҳо муносибати худро ба мо қатъ карда, намояндагонашонро аз Тоҷикистон бароварданд.

Ҳолати баамаломада роҳбари давлатро сахт ба ташвиш оварда буд.  Президент Эмомалӣ Раҳмон  талош мекарданд, ки ҳарчи зудтар  органҳои ҳифзи ҳуқуқ террористонро боздошт карда, ҷиноятро кушоянд ва ба ҷаҳониён аз натиҷаи он гузориш диҳанд.

Маълум шуд, ки ин ҷинояти сангину вазнинро бо маслихати пешакӣ ва бо мақсади ба давлат расонидани зарари ҷиддии иқтисодӣ, маънавӣ гурӯҳи ҷиноятпеша бо сардории Мулло Абдулло содир кардаанд. Фикри айбдорӣ барои чораҷӯӣ ба суд фиристода шуд. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро баррасӣ намуд. М. Валиев, Ё Дарвешов,ва С. Довудовро барои содир кардани ин ҷиноят гунаҳкор дониста, нисбаташон ҷазои қатлро татбиқ намуд.

Нӯкарони Аловиддин Давлатов, Сарфароз Бобоев, Муҳаббат Файозов ва Шараф Қувватов  ду нафар геологҳои ҷопониро дастгир карда, ба асорат гирифтанд. Гуфтушунид оид ба озод кардани онҳо беш аз як моҳ идома кард. Онҳо барои озодии шаҳрвандони япония маблағи калон талаб мекарданд. Баъди гирифтани маблағи калон онҳо геологҳои япониро озод карданд.  Бо гирифтани ин маблағ байни гурӯҳҳо  барои ба даст овардани маблағ мубориза оғоз гардида, дар натиҷа Сайхӯҷа ном шаҳрванди Тоҷикистонро барои аз худ кардани ин маблағ дар маҳаллаи  Южнийи шаҳри Душанбе  дар хонааш куштанд. Роҳбари корхонаи истихроҷи ангиштро соли 2009 дар Назарайлоқ ба қатл расонданд. Ҳоло ҳам «разбор»-и байни ин гурӯҳҳо  барои пул идома дорад.

Раиси ноҳияи Рашт Сергей Давлатовро барои ба тарафи ҳукумат гузаштан ва беғаразона хидмат кардан дар ҳудуди ноҳияи Дарбанд парронданд. Аҳолиро, ки аз шоҳрои Ҷиргатол-Душабе мегузаштанд, дар  мавзеи Чанор ва Қумоқ мавриди лату кӯб ва озор қарор дода, чизу чораи онҳоро ғорат мекарданд.

Комиссияи ҳукуматӣ ду маротиба генерал Ғайратшо Аҳмадов ва Абдураҳмон Маҳмадовро ба дараи Ҳакимӣ ба назди Мулло Абдулло фиристода бошанд ҳам, ӯ пешниҳоди сулҳро напазируфт. Дастаи ӯ ба ягон сохтори ҳукумат итоат кардан намехост. Онҳо муддати тӯлонӣ  дар содир кардани ҷиноятҳои зиддидавлатӣ, итоат накардан ба ҳукумат, гаравгонгирӣ, ғорат кардани пулу моли мардум ва таҳқири мусофирони  вилояти Бадахшону ноҳияҳои водии Қаротегин, куштори шаҳрвандони хориҷию худамон даст доштанд. Мулло Абдулло  борҳо изҳор карда буд, ки силоҳҳояшро ба касе намесупорад ва “ҷиҳод”-ро идома медиҳад. Барои ба ӯ ёрӣ расондан дастаҳо аз Кофарниҳон ба ёрии ӯ омада буданд.

Мулло Абдулло тирамоҳи соли 2001 ҳудуди Тоҷикистонро тарк карда ба Афғонистон рафта ба ҲИУ ҳамроҳ мегардад. Бо намояндагони НАТО ва Амрико то соли 2008 меҷангад. Моҳи марти соли 2008 аз нав ба ноҳияи Тавилдара омада, мехоҳанд дар қисми шарқии кишвар фронт кушода “ҷиҳод”-ро идома диҳад. Соли 2009 ҷабҳаи ташкилдодаи ӯ дар Тавилдара саркӯб мегардад. Ӯ ба ноҳияи Ғарм омада, дар хонаи Мирзохоҷа Аҳмадов пинҳон мешавад. Соли 2010 дар дараи Камароби ноҳияи Ғарм ҷабҳаи нави ҷиҳодӣ созмон медиҳад. Ба  сарбозони вазорати мудофиа дар ҳудуди деҳаи Шулэ ҳуҷум мекунад. Охири соли 2010 Алӣ Давлатов ва моҳи апрели соли 2011 худи Мулло Абдулло аз тарафи неруҳои ҳукуматӣ дар ҳудуди ноҳияи Рашт кушта мешавад. Бо ҳамин миллати тоҷик аз шарри ӯ халос мешавад.

Чи тавре ки дар боло қайд гардид, ҲНИ баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ заррае ҳам барои тинҷиву оромии кишвар кӯшиш накардааст, балки тамоми аъмолаш, нияту тинаташ хунхорист.

Баъд аз мутолиаи мисолҳои овардашуда, хонандаи закӣ бори дигар итминон ҳосил мекунад, ки ташкилоти террористии Ҳизби наҳзат душмани ошори миллати тоҷик буда, ҳоло ҳам аз хориҷа мехоҳад Ватани моро дар арсаи байналмилалӣ бадном кунад. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан огоҳ аст, ки сабабгори бадбахтиҳои тоҷикон маҳз Ҳизби ифротии наҳзат буда, хатари ин террористони хунхор ба тамоми олам таҳдид мекунад.

Абдураҳмон Мавлонов,

сардори раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин

Pray time in Dushanbe

29.03.2024

More
Fajr04:43
Zuhr12:40
Asr16:56
Maghrib18:55
Isha20:25
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More