Home Articles Тақияи шиапарастон бо номи наҳзат ва ислом

Тақияи шиапарастон бо номи наҳзат ва ислом

Тақияи шиапарастон бо номи наҳзат ва ислом
2018-07-26
2605

Мувофиқи баъзе ахбори шабакаҳои интернетӣ, чанде пеш роҳбари Ҳизби хиёнаткори Наҳзат Муҳиддин Кабирӣ, ки дар кофтуков мебошад,  дар шаҳри Дортмунди Германия пайдо шуд ва як ҳамоиши муғризона ташкил карда хостааст, ки эътилофи  наве созмон диҳаду фатвои «Тақия»-ро, ки  аҳли ташайюъ нисбат ба мазҳаби аҳли суннат вал-ҷамоат бо пинҳон кардани ҳақиқат ба кор мебаранд, истифода кунад.

Муҳиддин Кабирӣ вақте ки пардапӯшии  ташайюъи худро пинҳонкорона ба кор мебараду  пешниҳод мекунад, ки дар номи ин эътилоф калимаҳои «Ислом» «Наҳзат»-ро истифода набояд бурд.

Ба фикри банда  иштироккунандагони  ин ҳамоиш мебинанд, ки дар таги коса нимкосае ҳаст, пешниҳоди ин хоинро қабул намекунанд ва аз пайвастан ба ин эътилоф худдорӣ мекунанд. 

Оид ба ин мавзӯъ мулоҳизаҳои коршинос Қамар Нурулҳақовро дар матбуот хонда ба хулоса омадам, ки шахсе ба миллат ва Ватани   худ хиёнат кардааст, дурӯғ мегӯяд, «тақия» мекунад, аз дину  мазҳаби худ рӯй мегардонад, барои мансаб шуда ба садҳо ҳилаву найранг даст мезанад, ҳеҷ вақт аз роҳи бад намегардад.

Наҳзатиёни шиагардида бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ имрӯз ба ҳама роҳ мераванд, онҳо аввал роҳи ваҳҳобияро пеш гирифтанд, вақте хоҷагонашон аз ҳилаву найранги хоинон бохабар шуданду маблағ надоданд, рӯй ба «Ҳизби Ихвонул – муслимин»  оварданд, аммо дар ҳамаи ҳолат «тақия»-ро ба кор мебурданд, шиа будани худро пинҳон медоштанд. Имрӯз бошад, мехоҳанд, ки номи ислом ва наҳзатро истифода набаранд, аммо бо номи дигар «тақия» кунанду ҳамон хиёнати худро давом диханд.

Имрӯз ин хиёнаткорон  бояд донанд, ки мардуми Тоҷикистон  мардуми солҳои навадуми асри гузашта нестанд, ин хиёнаткоронро бо кадом номе набошад , мешиносанд, ҳеҷ гоҳ афкори муғризонаи онҳоро қабул надоранд ва аз чунин ватанфӯрушон, мазҳабфӯрушон безор ҳастанд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

Ҷонишини Раиси Шурои уламо

Pray time in Dushanbe

28.03.2024

More
Fajr04:44
Zuhr12:40
Asr16:55
Maghrib18:54
Isha20:24
Speeches by the President
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

More